16:48:13 08-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ “ШИНОСНОМА” ДАР ДУШАНБЕ

Ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе амалиёти “шиноснома”- ро оғоз карданд. Ҳадафи ин амалиёт ошкор сохтани афроде унвон шудааст, ки бидуни сабти расмӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ин амалиёт 15-уми январ оғоза шуда ва то як моҳ идома меёбад.

 

DushanbeҲамчунин истифодаи қонунӣ аз манозили маскунӣ дар Душанбе ҳадафи дигари ин амалиёт унвон шудааст. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдори Душанбе дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, дар тасмими шаҳрдорӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки ин амалиёт ба манзури “таъмини амният ва тартибот” дар пойтахти Тоҷикистон анҷом мешавад. Ҳамакнун маъмурони пулис, ниҳодҳои амниятӣ ва молиёт сокинони манозили маскуниро дар мавриди мутобиқат бо маҳали аслии зист ва сабти номи расмӣ бозпурсӣ мекунанд.

 

Оқои Саидов афзуд, ки барои анҷоми ин амалиёт ситоди вижае таъсис шудааст ва раҳбарии онро Насрулло Хайруллоев, муъовини аввали шаҳрдори Душанбе бар ӯҳда дорад. Шавкат Саидов таъкид кард, ки дар мусаввабаи шаҳрдорӣ омадааст, ки ин амалиёт танҳо дар чаҳорчӯби қавонини Тоҷикистон бояд баргузор шавад.

 

Ин дар ҳолест, ки қавонини Тоҷикистон мафҳуми “прописка”-и замони шӯравии пешинро лағв карда ва иҷоза медиҳад, ки шахс бо сабти расмӣ дар маҳалле метавонад дар ҷойи дигар иқомат кунад. Вале Шавкат Саидов мегӯяд, ки ҳамзамон қавонини Тоҷикистон зарурати сабти муваққатро пешбинӣ кардааст ва сокинони манотиқи дигари кишвар, ки феълан дар пойтахт ба сар мебаранд, муваззафанд дар нишҳодҳои пулис сабти ном шаванд.

 

Гузашта аз ин, ба гуфтаи оқои Саидов, ҳоло дар Душанбе теъдоди зиёди атбои хориҷӣ ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Вай афзуд, ки “аз ҷумла, қавонини Тоҷикистон иқомати паноҳандагон дар пойтахти кишварро мамнуъ кардааст, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди чунин афрод дар Душанбе зиёд аст.”

 

Сухангӯйи шаҳрдори Душанбе таъкид кард, ки дар сурати ошкор шудани афроде, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба сар мебаранд, алайҳи онҳо танҳо тибқи муқаррароти қавонин тадобире рӯйи даст гирифта мешавад. Зимнан, тибқи омори расмӣ ҳоло дар Душанбе беш аз 730 ҳазор нафар сокинон ба сар мебаранд. Вале Шавкат Саидов мегӯяд, ки коршиносон теъдоди воқеъии ҷамъияти Душанберо бештар аз як милюн нафар арзёбӣ мекунанд.

 

Ба ин далел, оқои Саидов мегӯяд, ки теъдоди “бештари” ҷамъияти Душанбе дар таъмини сокинон бо хадамоти шаҳрӣ, аз ҷумла бо оби ошомиданӣ, гармӣ, барқ , хадамоти пизишкӣ, мадорис ва нақлияи мусофирбар душвориҳоро эҷод кардааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон саршумории аҳолӣ баргузор шуда буд, ки тибқи он бояд куллия омори зарурӣ дар бораи сокинони Душанбе низ таҳия шавад.

 

Вале Шавкат Саидов мегӯяд, ки натоиҷи саршумории ҷамъият ба ин зудӣ таҳия намешавад, вале шаҳрдорӣ ба омори дақиқ дар бораи вазъи сокинон дар Душанбе ниёз дорад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон ва ҳодисаи фирори зиндониён аз боздоштгоҳи амниятӣ, ба ангезаҳои сиёсии баргузории амалиёти “шиноснома” ишора мекунанд. Вале Шавкат Саидов ин иддаъоро рад кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4165-2011-01-15-15-59-29.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854