БОЗДОШТИ ДУ НАФАРИ ДИГАР ДАР ИРТИБОТ БО ИНФИҶОРИ ХУҶАНД
Мақомоти амниятӣ ва интизомӣ дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд то кунун панҷоҳ узви Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро дар иртибот бо ҳамлаи худкушона дар Хуҷанд боздошт кардаанд. Ин хабарро женерол Шариф Назаров, раиси бахши вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд, имрӯз, 17 январ дар як нишасти хабарӣ, дар шаҳри Хуҷанд баён дошт.
Вай гуфт, ки панҷоҳ узви Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар робита бо ҳамлаи худкушонаи 3 сентябри соли гузашта, ки дар сохтмони идораи пулиси мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вилояти Суғд анҷом гирифт, боздошт шудаанд. Женерол Назаров мегӯяд, ки дар соли гузашта дар робита бо ҳамлаи интиҳорӣ 48 тан боздошт шуда буданд ва дар соли нав ду нафари дигаре аз афроди ҳамдаст бо ин гурӯҳ боздошт шуд.
Вай гуфт, ки синни ин афрод аз 18 то 30 сола буда, 37 нафари онҳо сокинони шаҳри Истаравшан, 2 нафар сокини шаҳри Хуҷанд, 4 тани онҳо сокинони шаҳри Исфара, як нафарӣ аз шаҳрҳои Конибодом ва Душанбе ва се тан аз ноҳияи Спитамен мебошанд. Женерол Назаров афзуд: "Тафтишоти муқаддамотии парвандаи онҳо собит сохтааст, ки бархе аз ин нафарҳои боздоштшуда собиқаи панҷ, шашсолаи фаъолият дар ҶИӮ-ро доранд."
Вай афзуд, ки "панҷ узви ҶИӮ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Русия боздошт ва ба вилояти Суғд истирдод шудаанд ва се тани дигар дар он кишвар дастгир шуда, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия ба сар мебаранд."
Пулиси Суғд, дар соли гузашта, дар вилояти Суғд 17 нафарро ба гумони узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт кардаанд. Ба иттилоъи пулис, ду нафари онҳо сокини вилояти Самарқанди Ӯзбакистон буда, дар муддати 5 соли ахир дар ҳудуди вилояти Суғд ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебурданд.
Зимнан, соле қабл дар рӯзи 3 сентябр дар сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд, худраве ҳомили маводди мунфаҷира вориди ҳавлии бино гашта, мунфаҷир гашт, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва 28 нафар захмӣ гаштанд.
Алишер Охунов, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4177-2011-01-17-16-55-10.html