20:49:16 08-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ ЯКЕ АЗ ЗАХМИЁНИ ТАРКИШИ МАСКАВ

domodedovo-4Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шаби гузашта як шаҳрванди кишвар, ки дар таркиши Маскав осеб дида буд, аз дунё даргузашт. Ин севвумин тоҷики қурбонии таркиши "Домодедово" аст, ки ҷасадаш рӯзҳои наздик ба Душанбе оварда хоҳад шуд. Мурод Бӯрибоев, масъули дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон Салим Силманов аст, ки дар таркиши Маскав сахт осеб дида буд. Вай афзуд, Салим Силманов 41 сол дошта, зодаи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон аст.

 

Ин масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳоло сафорат аснод барои интиқоли шаҳрванди худ ба Душанберо омода мекунад. Ҷаноби Бӯрибоев ба суоли мо дар бораи кай интиқол ёфтани ҷасади Силманов гуфт, "дар наздиктарин фурсат ҷасади ӯ ба ватан оварда ва ба наздиконаш дода шавад."  Дар таркиши рӯзи 24-уми январи соли ҷорӣ дар бузургтарин фурудгоҳи шаҳри Маскав ду шаҳрванди тоҷик – Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд.

 

Ҷасади Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод танҳо пас аз се рӯзи таркиши Маскав ба ватан оварда ва ба дасти наздиконашон супорида шуданд. Ҳамакнун ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар беморхонаҳои шаҳри Маскав ҳудуди 16 тан аз тоҷикони захмӣ боқӣ мемонанд. Қаблан як гурӯҳи кӯчаки онҳоро ба далели сиҳҳат ёфтанашон аз беморхонаҳо ҷавоб дода буданд.

 

"Озодӣ"

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4330-darguzashti-yake-az-zakhmiyon.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854