20:47:49 08-уми Июни 2025 сол

ГУФТУГӮИ ВАЗИРОНИ ДИФОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Имрӯз вазирони дифои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд мулоқот карданд. Хабарнигори “Озодӣ” дар Хуҷанд мегӯяд, сӯҳбати Шералӣ Хайруллоев ва Абибула Кудайбердиев пушти дарҳои баста сурат мегирад.

 

vazironБо ин ҳол, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин дидор баррасии масоили низомӣ, таъмини амният дар минтақа ва густариши ҳамкориҳо миёни ин ду кишвари ҳамсоя матраҳ аст. Ҳафтаи гузашта сарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон низ дар мулоқоте дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд масоили марбут ба вазъи марзи муштараки ду кишвар, чораҳои таҳкими он ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Зимнан, дар ин мулоқот вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев низ ширкат доштааст.

 

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева аз убури гурӯҳҳои террористӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба мавзеъҳои ҷанубии Қирғистон дар баҳори оянда изҳори нигаронӣ кардааст. Вай ҳангоми боздид аз навоҳии ҷанубии Қирғизистон ба таҳкими марзи кишвараш бо Тоҷикистон даъват карда, гуфтааст, барои ин бояд нерӯҳои марзбонии савора таъсис дода шавад. Мақомоти амниятии Тоҷикистон эҳтимоли убури гурӯҳҳои террористиро аз қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон рад карданд.

 

Онҳо мегӯянд, агар ниҳодҳои амниятии Қирғизистон дар ин росто нооромиҳо дар минтақаи Рашт ва Исфараи Тоҷикистонро дар назар дошта бошанд, "ин як дидгоҳи иштибоҳист, чун баъд аз рӯйдодҳои маълум авзоъ дар ин манотиқ комилан таҳти назорат аст." Ин бори аввал нест, ки мақомоти кишвари ҳамсоя аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳушдор медиҳанд.

 

“Озодӣ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4376-guftugui-vazironi-difo.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854