20:57:37 08-уми Июни 2025 сол

ВАЗИРИ ДИФОИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Қарор аст Анатолий Сердюков бо раҳбарони Тоҷикистон мулоқот ва аз пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дидан кунад. Намояндагони Вазорати дифои Тоҷикистон боздиди вазири дифоъи Русия, Анатолий Сердюков аз Душанберо як сафари корӣ меноманд, аммо торнамои Вазорати дифои Русия дар ин бора хабаре надодааст ва сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард.

 

serdukov 1Аммо дар иттилои хабаргузории “Азия Плюс”, ин боздид як "сафари кӯтоҳи ғайрирасмӣ" унвон шудааст. Бино бар он, Сердюков бо раҳбарони олии Тоҷикистон мулоқот карда, аз пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбе дидан мукунад. Масоили ҳамкориҳои низомии Душанбеву Маскав ва истифодаи Русия аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 10-километрии ғарби Душанбе, аз мавзӯъҳои эҳтимолии музокироти вазири дифои Русия бо мақомоти Тоҷикистон ном бурда мешавад.

 

Сафари Сердюков ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити байни ду кишвар як марҳилаи ноҳамвор ва мушкилро ба сар мебарад. Дар ду соли гузашта Тоҷикистон хостори дарёфти маблағи иҷораи замин ва пойгоҳ аз тарафи ҳарбиёни Русия дар Тоҷикистон шуда, посухи қатъии манфӣ гирифтааст ва расонаҳои Русия аз эҳтимолми афзоиши нуфузи Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон матлаб мунташир мекунанд.

 

Бо сармоягузории Вошингтон дар наздикии пойтахти Тоҷикистон як маркази омӯзишҳои ҳарбӣ сохта мешавад ва ҳам Русия исрор меварзад, фурудгоҳи ҳарбии шаҳраки Айнӣ, ки бо мадади Ҳиндустон тармим ва бозсозӣ шудааст ба истифодаи маҷҷонии ҳарбиёни Русия вогузор гардад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4385-vaziri-difoi-russia-ba-dushanbe-meoyad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854