МАНЪИ ИНТИҚОЛИ ПУЛ АЗ ӮЗБАКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Тайи ду моҳи ахир муштариён аз Ӯзбакистон наметавонанд ба пайвандони худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пул бифиристанд. Ниҳодҳои интиқолдиҳандаи пул ин амрро ба далоили мухталиф марбут хондаанд ва акнун муштариён маҷбур ҳастанд, ки аз тариқи кишвари сеюм ба ин мамолик пул мунтақил кунанд.
Қобилҷон, як сокини шаҳри Тошканд, ки барои интиқоли пул ба чанд ширкат муроҷеъа карда, натавонистааст далели манъи интиқоли пулро рӯшан кунад. Қобилҷон гуфт: "Ба чанд ширкати интиқоли пул, назири “Western Union”, “Moneygram”, “Бистрая почта”, “Анелик” ва “Contact” муроҷиъа кардам, аммо онҳо гуфтанд, ки иртибот бо Тоҷикистону Қирғизистон масдуд шудааст ва имкони интиқоли пул аз Ӯзбакистон ба ин кишварҳо вуҷуд надорад."
Ба манзури рӯшан кардани вазъи феълӣ Би-би-сӣ ба чанде аз ширкатҳои интиқолдиҳандаи пул дар шаҳри Тошканд занг зад. Ба гуфтаи як корманди “Western Union”, дар пайи ҳаводиси вилояти Ӯш дар тобистони соли гузашта дар интиқоли пул ба Қирғизистон маҳдудиятҳое эҷод шуда, ба истиснои Бонки Миллӣ бонкҳои дигар аз интиқоли пул ба ин кишвар худдорӣ кардаанд.
Кормандони бештари ниҳодҳои интиқолдиҳандаи пул дар Ӯзбакистон хабари мутаваққиф шудани раванди интиқоли пул ба Тоҷикистону Қирғизистонро таъйид карданд. Аммо далоиле, ки ниҳодҳои интиқолдиҳандаи пул дар Ӯзбакистон пеш меоранд, мухталиф аст. Як корманди “Western Union” мегӯяд: "Мушкили интиқоли пул ба Қирғизистон ба нооромиҳои соли гузашта дар ин кишвар рабт гирифта, аммо иллати мутаваққиф шудани ин раванд ба Тоҷикистон маълум нест."
Масъулони Бонки Миллии Ӯзбакистон мегӯянд, ки ба далоили фаннӣ дар ду моҳи ахир интиқоли пул ба Тоҷикистон ва Қирғизистон мутаваққиф шудааст. Рӯшан нест, ки ин мушкил кай ҳал хоҳад шуд. Ширкати интиқолдиҳандаи пули “Contact” иллати мутаваққиф шудани интиқоли пулба ду кишвари ҳамсояро ба ҷудо нашудани ҷирабандӣ ё лимит марбут медонад.
Ҳамакнун муштариён аз тариқи кишвари сеюм ин корро анҷом дода ва ба ҳангоми фиристодани пул 2 дар сади маблағи худро аз даст медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, як корманди ширкати интиқолдиҳандаи пули “Contact” дар шаҳри Маскав, ки худро Иля муъаррифӣ кард, гуфт: "Маълум шуд, ки Бонки марказии Ӯзбакистон дар мавриди мутаваққиф сохтани интиқоли пул ба ду кишвари ҳамсоя дастури шифоҳӣ додааст."
Гуфта мешавад далели ин амр ихтилофи назарҳо миёни раҳбарони ин давлатҳо будааст. Дар соли 2010 ба Ӯзбакистон ба миқдори 1 милёрду 700 милюн дулори омрикоӣ пул мунтақил шуда, аммо дар бораи маболиғи хориҷшуда аз Ӯзбакистон ба кишварҳои хориҷӣ иттилоъи дақиқе вуҷуд надорад.
Зимнан, Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 16 феврал дар вокуниш ба ин иқдоми Ӯзбакистон гуфт, ки интиқоли пул ба кишварҳои хориҷӣ кори дохилии ин кишвар маҳсуб мешавад. Оқои Раҳимзода таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин замина иқдоми ҷавобӣ нахоҳад кард ва интиқоли пул аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ҳамчунон идома хоҳад ёфт.
"Ихтилоф бар сари обу энержӢ"
Зимнан, давлати Ӯзбакистон бар сари масоили обу энержӣ, аз ҷумла тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои "Роғун" ва "Қамбарато", бо ду кишвари ҳамсояи худ, Тоҷикистону Қирғизистон, ихтилофи назар дорад. Дар пайи иқдоми давлати Тоҷикистон ба бозсозии бархе аз таъсисот дар нерӯгоҳи "Роғун" ихтилофи Тошканд бо Душанбе тайи ду соли ахир шиддат гирифтааст. Тайи соли гузашта Ӯзбакистон садҳо вогуни бории Тоҷикистон, аз ҷумла вогунҳои ҳомили маводди сохтмонӣ барои "Роғун"-ро, дар қаламрави худ муддати дарозе мутаваққиф карда буд.
Дар пойизи соли гузашта Ҷунбиши муҳити зисти Ӯзбакистон, созмоне, ки аз ҳимояти порлумон ва давлати он кишвар бархӯродор аст, дар номае аз номи беш аз 100 созмони ғайридавлатии Ӯзбакистон ба Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ аз ин муассисаи молии байналмилалӣ хоста буд, ки тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистонро бозрасӣ кунад. Вале ахиран Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ ин дархостро рад кард. Зимнан, Бонки Ҷаҳонӣ аз тарҳи таҳияи мустанадоти молию фаннии ин нерӯгоҳ ҳимояти молию фаннӣ мекунад.
Ӯзбакҳо мӯътақиданд, ки бунёди нерӯгоҳи "Роғун" бар вазъияти муҳити зисти минтақа асароти мусибатборе хоҳад гузошт ва мазореъи фарохи Ӯзбакистонро, ки аз муҳиммтарин кишварҳои панбакор дар ҷаҳон аст, бо хатари камобӣ рӯбарӯ хоҳад кард. Аммо тоҷикон ин иддаъоро бепоя мехонанд ва бар ин боваранд, ки Ӯзбакистон пешрафти кишвари онҳоро намехоҳад ва ҳамвора талош кардааст аз иҷрои тарҳҳои судовар барои Тоҷикистон монеъ шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4456-mani-intikoli-pul-az-uabakiston.html