ИНТЕРПОЛ ЧАНД ХОРИҶИРО БО ДАРХОСТИ ТОҶИКИСТОН МЕҶӮЯД
Интерпол ё пулиси байналмилалӣ дастикам шонздаҳ шаҳрванди хориҷиро бо дархости ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунад. Асомӣ, аксҳо ва мушаххасоти дигари ин афрод, ки бештарашон шаҳрвандони Ӯзбакистон ҳастанд, дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯйи пулиси байналмилалӣ, дар сойти ин созмон, мунташир шудааст. Дар миёни ин афрод ҳамчунин ду табаъаи Туркманистон, ду укройнӣ ва чаҳор тани дигар аз кишварҳои Филиппин, Ғано, Ниҷерия ва Сиерра Леоне ҳастанд.
"Қочоқи маводди мухаддир"
Ненси Куинз, зане 45-сола аз Филиппин, Грейс Соломон, зане 53-сола аз Ғано, Майк Боб Мануел, марде 37-сола аз Ниҷерия ва Кану Вилямз, марде 41-сола аз Сиерра Леоне ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд. Маълум нест, ки ин афрод чигуна ва бо чи роҳе дар қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон даст доштаанд. Пас, ин суол матраҳ аст, ки онҳо чигуна ба ин кишвар ворид ва аз ин ҷо хориҷ шудаанд?
Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора ибрози назаре накардаанд, вале ба гуфтаи манобеъи мустақил, ин афрод эҳтимолан дар ҳамдастӣ бо атбоъи хориҷие, ки қаблан дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуда буданд, мазнун ҳастанд. Дар гузашта аз мавориди гуногуни боздошт ва маҳкумияти шаҳрвандони кишварҳои офриқоӣ ва филиппинӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир гузориш шуда буд.
Аз ҷумла, дар моҳи сентябри соли 2008 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Гарсиа Гардуоси, табаъаи филиппинӣ ва Макомгоза Флора, шаҳрванди Ҷумҳурии Офриқои Ҷанубиро, барои даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур як моҳ қабл аз ин, Матоу Агнес, як табаъаи Югондоро низ барои талоши қочоқи беш аз 29 килуграм ҳеруин ба хориҷ аз Тоҷикистон ба 19 соли зиндон маҳкум карда буд.
Дар баҳори соли 2009 низ додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ду табаъаи Филипин, як шаҳрванди Ниҷериё ва як шаҳрванди Офриқои Ҷанубиро, ки ду нафар аз онҳо зан буданд, баррасӣ ва онҳоро ба давраҳои мухталифи зиндон маҳкум кард. Зубайдулло Маҳмудов, қозии ин парванда, он замон гуфта буд, ки ин афрод талош карда буданд дар шаҳри Душанбе аз тариқи DHL бо истифода аз хадамоти ин ширкати пустӣ (почта) 1,5 килуграм ҳеруинро ба Испониё интиқол диҳанд, вале филфавр дастгир шуданд.
Дар ҳамин ҳол, аз миёни афроде, ки асомиашон дар феҳристи Интерпол зикр шуда ва мавриди ҷустуҷӯйи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор доранд, Дина Ткаченко, зане 42-сола аз Укройн низ дар қочоқи маводди мухадддир гумонбар дониста мешавад. Як табаъаи дигари 30-солаи укройнӣ ба номи Михаил Гасанов, ки номи ӯ низ дар ин феҳрист аст, дар тақаллуб мазнун аст. Як зани 80-солаи туркман ба номи Флура Абдусатторова низ ба иттиҳоми тақаллуб ҷустуҷӯ мешавад. Аммо иттиҳомот алайҳи як табаъаи дигари туркман маълум нест.
"Атбоъи Ӯзбакистон"
Аз миёни шаҳрвандони Ӯзбакистон, Хушмурод Нурматови 33-сола, Панҷӣ Исоеви 36-сола ва Анвар Абдурасулови 38-сола дар иртикоби ҷароиме сангин "бо истифода аз силоҳ ва маводди мунфаҷира" мазнун дониста шудаанд. Ҳар сеи ин афродро, ки ҷойи таваллудашон ноҳияи Шаҳритӯс ва шаҳри Қурғонтеппа аст, додситонии шаҳри Душанбе аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунад.
Ин афрод эҳтимолан аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро пайравони Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришӣ, медонанд, ки ба гуфтаи манобеъи интизомӣ, пас ҳамлаи нофарҷомаш ба шаҳри Хуҷанд дар соли 1998 ба Ӯзбакистон паноҳ бурдааст. Зимнан, исми худи оқои Худойбердиев низ дар феҳристи Интерпол ҳаст, ки бо тақозои додситонии кулли Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад, вале танҳо иттиҳоми матрӯҳа алайҳи вай "дуздӣ" зикр шудааст.
Ду табаъаи дигари Ӯзбакистон, Қурбоналӣ Тӯраеви 39-сола ва Норбутта Абдураҳмонови 42-сола, дар иртикоби ҷароиме монанди "суиқасд ба ҷон ва саломати инсонҳо" мазнун дониста мешаванд. Дастури боздошти ин ду нафар аз сӯйи додситонии кулли Тоҷикистон ва пулиси Хатлон содир шудааст. Се табаъаи дигари Ӯзбакистон дар ин феҳрист, Юсуф ва Ашӯр Тағоймуродов ва Бахтиёр Дадахӯҷаев, ба иттиҳоми дуздӣ мавриди пайгарди маъмурони интизомии Тоҷикистон қарор доранд.
Аз мушаххасоти ҳамаи шаҳрвандони Ӯзбакистон, ки асомии онҳо дар феҳристи пулиси байналмилалӣ зикр шуда ва мавриди таъқиби ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор доранд, чунин бармеояд, ки ҷойи таваллуди ҳамаи онҳо Тоҷикистон аст. Аз миёни онҳо ду нафар дар ноҳияи Шаҳритус, ду нафар дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) як нафар дар Исфара ва як нафари дигар дар шаҳри Қурғонтеппа мутаваллид шудаанд. Зодгоҳи як нафар вилояти Хатлон ва фарди дигар Тоҷикистон зикр шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4487-interpol-chand-khorijiro-bo-darkhosti-tojikiston-mejuyad.html