00:47:42 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/06_--01-a-aaaaaaaziz_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/06_--01-a-aaaaaaaziz_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/06_--01-a-aaaaaaaziz_2.jpg'

ДАРГУЗАШТИ ЗУЛФИҚОРИ АЗИЗ, ОВОЗХОНИ ГУРӯҲИ "АНИС"

Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии овозадори “Анис” дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Ҳунаршиносон аз вай ба унвони овозхоне боистеъдод ва оҳангсозе мумтоз дар Тоҷикистон ном мебаранд. Зулфиқори Азиз ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ дар миёни ҷавонон шӯҳрати зиёде дошт. Гур ӯҳ и "Анис" дар соли 1986 таъсис шуд ва пан ҷ бародар - Достони Азиз роҳбари гур ӯҳ ва Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Аб ӯ бакри Азиз ва Зулфиқори Азиз аъзои ин гур ӯҳ буданд.

 

Зулфиқори 19-сола дар он солҳо яке аз маҳбубтарин овозхонони ин гурӯҳ ба шумор мерафт. Дар он замон таронаҳои Зулфиқор аввалҳо дар коссетҳо дар истудиюҳои зерзаминӣ забт мешуд ва ҷавонон ин наворҳоро аз даст ба даст ба фурӯш мерасонданд.

 

Яке аз далелҳои маҳбубияти гурӯҳи "Анис" ва Зулфиқор дар он буд, ки онҳо барои офаридани таронаҳои худ бо шуъаро ва таронанависон ҳамкорӣ мекарданд. Аз ҷумла, аъзои ин гурӯҳ бархе аз ашъори Лоиқ Шералӣ, шоъири фақидро низ дар он замон сурудаанд. Шоъир Меҳринисо яке аз адибони тоҷик аст, ки аз солҳои аввали таъсиси гурӯҳи "Анис" бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва тавре ки худаш мегӯяд, даҳҳо шеъри вай аз тарафи овозхонҳои ин гурӯҳ иҷро шуда буд.

 

Дар соли 2009 шоъир Меҳринисо ва овозхонони гурӯҳи "Анис" барномаи вижаеро бо номи "Ширу шакар" иҷро карда буданд. Зимнан, маҳофили "Ширу шакар" дар авосити даҳаи 1980 низ бисёр маъмул буд ва дар ин маҳофил шоъире шеър мехонд ва овозхонҳо оҳангҳоеро бар ашъори ӯ иҷро мекарданд.

 

Гурӯҳи "Анис" дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тақрибан барномаҳои консертӣ иҷро накард ва баъд аз барқарории сулҳу субот дар ин кишвар ба ин гурӯҳи ҳунарии хонаводагӣ фарзандони ин овозхонон пайвастанд. Аммо Зулфиқор агарчӣ дар барномаҳои консертӣ камтар овозхонӣ мекард, бештар ба оҳангсозӣ пардохт, яъне барои овозхонони гурӯҳ оҳанг эҷод мекард.

 

Зулфиқори Азиз дар яке аз мусоҳибаҳои хеш ба Би-би-с ӣ гуфта буд: “Замоне гур ӯҳ и “Анис” хеле ш ӯҳ ратёр буд. Ин гурӯҳ миёни ҳаводоронаш дар саросари кишвар бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ мекард ва таронаҳои мо бавижа дар ҷ ашнҳои ар ӯ с ӣ ҳ аводорони зиёде доштанд. Аммо чанд соли ахир аъзои гур ӯҳ кам фаъолият мекарданд ва то андозае аз ёдҳо дур монданд.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2252--qq.html

Шарҳҳо   

 
0 #4 Guest 04.12.2010 19:12
RUKHAT SHOD BOD
 
 
0 #3 Guest 07.05.2010 23:08
Рухат шод бошад ЗУЛФИҚОРИ АЗИЗ.Инно Лиллох ва инно илайхи рочиъун
 
 
0 #2 Guest 07.05.2010 12:05
ман ба хамаи хешу табори хунарманди точик аз номи худам ва хамкоронам хамдардии худро баён мекунам. Рухаш шод бод
 
 
0 #1 Guest 07.05.2010 09:45
Инно Лиллох ва инно илайхи рочиъун. Худо рахматаш кунад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854