09:37:22 08-уми Июни 2025 сол

МУФТӢ БА ШАҲОДАТ РАСИД

Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Налчык пойтахти Кабардино-Булғористон раиси идораи маънавии мусалмонон кушта шуд. Тибқи гузоришҳо, дар ҳамин шаб ҷинояткорон ба хонаи раиси маънавии мусалмонон Анас Пшихачев омода, ӯро аз ба кӯча даъват карданд.

 

muftiТақрибан соати 19:30 ба вақти маҳалӣ ҷинояткорон, ки ду шахси барои муфтӣ ношинос  буданд, ӯро аз хона ба кӯча даъват  намуда, тавассути туфангча чор тир заданд.Бар асари захмҳои бардошта Анас Пшихачеви  47- сола дар ҷои воқеа ба шаҳодат расид. Расонаҳо қайд мекунанд, ки қабл аз ин воқеа  Анас Пшичев дар мизи гирде ширкат карда буд, ки дар он  намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Кабардина-Булғористон дар бораи бетартибоҳои Маскав бо ҳам гуфтгӯ мекарданд.

 

Дар робита ба ин ҳодиса, тибқи моддаи 105 кодекси ҷиноятии амалкунандаи кишвар аз тарафи мақомоти  додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба иттилоъи манбаъ, Рамазон Қодиров, раисҷумҳуриЧичен гуфтааст, шунидани ин хабар бароям ғайри чамдошт буд. Хашмамро бедор кард ва барои ибрози он гуфтание надорам. Ман Анасро хуб мешинохтам. Ӯ воқеан марди мусалмон буд. Ҳарифи асосии ваҳоббиҳо ва ифротгароҳо буд ва худ як мусалмони мӯътадилмазҳаб…

 

Қодиров гуфтааст: «Маро виҷдонам намегузорад, ки қотилони ӯро мусалмон гӯям. Чун ки  бо шунидани ин хабар якбора дар ҷоям карахт шуда мондам. Касоне, ки муфтиро мешинохтанд,  ин хабар барошоян хеле сахт мерасад. Фикр мекунам, ки қотилони муфтӣ на танҳо мусалмон набудаанд, балки онҳо афроди бидуни қавму қабилае ҳастанд, ки  арзишҳои инсониро то ҳол нашинохтаанд».

 

Раис ҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, тасалияти худро дар робита қатли Анас Пшихачев ба хонаводаи марҳӯм, дӯстон ва ҳамчунин кулли ҷомеаи мусалмонон иброз намуд. «Бадеҳист, ки муфтӣ дар ҳаёти худ марди мутадайин ва побанди ойинҳои мазҳабӣ ва эътидолгаро буд, ин қатл ба хотири мавқеъгириҳои мазҳабӣ ва ошкорои ӯ дар муқобили ифротгароён сурат гирифтааст»-, таъкид доштааст, Медведов.

 

 Раисҷумҳури Русия барои ироаи тамоми кӯмакҳои эҳтимолӣ ба хонавода ва дӯстони марҳум дастур дод. Ӯ гуфт: «ба ҳимоят аз мусалмонон ва барои дастгир кардани қотилон тамоми чораҳо андешида хоҳад шуд ва мо мутмаин ҳастем, ки қотилон дастгир ва муҷозот мешаванд».

 

Амруллоҳи Низом барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3893-2010-12-16-08-42-40.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854