15:17:20 08-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ ДУ МАРЗБОНИ ТОҶИК

Бар асари як бархурди мусаллаҳона бо қочоқчиён дар минтақаи Шӯробод, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст.

 

214Ба гуфтаи мақомот, даргирӣ ҳафтаи гузашта рух дода ва боиси кушта шудани теъдоде аз марзшиканон низ гардидааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарон мехостанд, ки марзро убур намоянд, вале ба муқовимати шадиди нерӯҳои марзбонии тоҷик дучор шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бинобар зиёд будани шумораи қочоқчиёни мусаллаҳ, дар амалиёти мазкур аз чархболҳои низомӣ низ истифода шудааст.

 

ШӮробод - мушкилзотарин бахши марз бо Афғонистон

Минтақаи Шӯробод дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон осебпазиртарин қитъаи марзӣ миёни ду кишвар боқӣ мондааст. Марзбонони тоҷик ҳанӯз ҳам муваффақ ба назорати комили ин қисмати марз нашудаанд ва қочоқбарон умдатан аз ҳамин минтақа ба манзури интиқоли маводди мухаддир истифода мекунанд. Мавқеъи ҷуғрофиёии минтақаи мазкур, ки аслан кӯҳистонист, назорат бар онро мушкил кардааст. Ҷойи ёдоварист, ки Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва ҳодисаҳои марзшиканӣ сари ҳар чанд вақте рух медиҳад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4042-2011-01-03-15-10-46.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854