20:52:43 08-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА НАМОЯНДАИ КОНГРЕССИ ИМА

Бар пояи гузоришҳои расонаҳои амрикоӣ, Габриэл Гиффордс, намояндаи Конгресси ИМА дар иёлати Аризона, ҳангоми мулоқот бо мардум ҳадафи ҳамлаи як фарди мусаллаҳ қарор гирифтааст. Дар пайи ин ҳамла хонум Гиффордс захмӣ ва чанд нафари дигар кушта шудаанд.

 

Габриэл Гиффордс, намояндаи Конгресси ИМАИн ҳодиса субҳи рӯзи шанбе дар назди фурӯшгоҳе дар шаҳри Тусони иёлати Аризона ба ҳангоме рух додааст, ки Габриэл Гиффордс, яке аз аъзои демократи Конгресси ИМА, бо гурӯҳе аз сокинони ҳавзаи интихоботиаш дидор мекард. Пас аз ҳамлаи хунбор хонум Гиффордс ба бемористон интиқол дода шудааст. Питер Рай, як пизишки бемористони шаҳри Тусони Аризона, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ҷарроҳии хонум Гиффордс ба поён расидааст ва агарчи вазъи ӯ ваҳим аст, вале рӯ ба беҳбудист. Ба гуфтаи ин пизишк, як гулула ба сари намояндаи Конгресси ИМА бархурда, ӯро сахт захмӣ кардааст.

 

Пизишки бемористони шаҳри Тусон гуфтааст, як кӯдаки 9-сола, ки дар пайи ҳамла захмӣ шуда буд, дар беморхона ҷон бохтааст. Шумори кушташудагон дар ҳамлаи мусаллаҳона шаш нафар ва теъдоди захмиҳо 13 нафар эълом шудааст. Қозии федеролӣ Ҷон Рол низ аз ҷумлаи кушташудагон аст. Яке аз дастёрони Габриэл Гиффордс низ бар асари ин ҳамла кушта шудааст. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҷавони 22-солае бо номи Ҷаред Лохнер бо гумони ҳамла дар маҳалли ҳодиса боздошт шудааст. То ҳол сабаб ва ангезаи ҳамла равшан нашудааст.

 

Пулиси иёлати аризона муътақид аст, ки сиёсатмадори демократ ҳадафи аслии ин ҳамла будааст. Дар ҳамин ҳол Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ин рӯйдодро дар як паёме «фоҷеаи ваҳшатнок» номидааст. Ҷаноби Обама ин ҳодисаро маҳкум карда гуфтааст, чунин фоҷеа ҷое дар «ҷомеаи озод»-и Амрико надорад. Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА, низ ин қазияро фоҷеаи миллӣ барои Амрико номид. Ӯ гуфт, Габриэл Гиффордс намояндаи шуҷоъест, ки бо худ дидгоҳи насли нави раҳбарони сиёсиро ба ҳукукмати ин кишвар овардааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4098-2011-01-09-10-00-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854