БОЗДОШТИ 48 "МУҚАССИРИ" ИНФИҶОР ДАР ХУҶАНД
Мақомоти интизомӣ ва амниятии вилояти Суғд 48 нафарро ба занни даст доштан дар ҳамлаи худкушонае, ки ки соле қабл дар сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд рух дод, боздошт карданд.
Ин ҳамлаи интиҳорӣ, ки 3 сентябри соли гузашта рух дода буд, мӯҷиби кушта шудани ду нафар ва захмӣ шудани 28 нафари дигар шуда буд. Дар ин бора Юсуф Раҳмонов, додситони устони Суғд, дар як нишасти хабарии рӯзи душанбеи 10 январ дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод. Оқои Раҳмонов барои халал ворид насохтан ба ҷараёни таҳқиқоти ин парванда аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кард, аммо гуфт: "Аз ин 48 нафари боздоштшуда, 37 тан сокинони ноҳияи Истаравшан ҳастанд ва боқимонда аз дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳастанд."
Дар гузашта, кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, бо пахши як баёния эълом дошта буд, ки "ҳамлаи интиҳорӣ ба шӯъбаи пулис аз сӯйи аъзоёни Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон содир шудааст."
Ба иттилоъи мақомоти зирабти Тоҷикистон, "субҳи рӯзи 3 - юми сентябри соли гузашта, Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва сокини шаҳри Хуҷанд бо худрави навъи ГАЗ – 2104, ки дар дохил маводди тарканда дошт, ба саҳни бинои бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси вилояти Суғд ворид шуда ва худро мунфаҷир кард."
Гуфта шуд, ки "дар ин амали теруристӣ ӯро бародараш – Фирдавс Каримов ва "дигар ҳаммаслаконаш аз Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон" ҳамдастӣ кардаанд."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4109--48-qq---.html