17:49:01 08-уми Июни 2025 сол

КОҲИШИ МАВОРИДИ ҲАБСИ АБАД ДАР ТОҶИКИСТОН

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли гузашта як табаъи афғон ва ду шаҳрванди тоҷикро ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи Додгоҳи олии Тоҷикистон мавориди ҳукми ҳабси абад дар ин додгоҳ дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2009 беш аз се баробар коҳиш ёфтааст.

 

25Ба гуфтаи Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Маҳмадзокир валади Муҳаммадҳалим, қочоқбари афғон ба ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон ду марзбони тоҷикро ба зарби гулӯла куштааст. Ҳамчунин, ин фард ба қочоқи 100 килугромм ҳеруин ва барои ҳамлу истифодаи силоҳи оташфишон муттаҳам шудааст. Раҳмиддин ва Зайдулло Азизов аз ҷумлаи муттаҳамони гурӯҳи 46-нафарии марбут ба ҳаводиси Тавилдара дар тобистони соли 2009 ҳастанд, ки ба иттиҳоми куштор ва талош барои сарнагун сохтани низоми феълии давлати Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

 

Ҳамзамон, оқои Абдуллоев гуфт, ки дар соли гузашта теъдоди зиёди аъзои равияҳо ё аҳзоби ғайриқонунии мазҳабӣ бештар шудааст. Додгоҳи олӣ парвандаи ҷинойӣ алайҳи 56 узви равияи “Салафия”-ро баррасӣ карда ва аз ин ҷумла, ба 33 нафар ҷаримаҳои мухталиф ва афроди дигар ба муддатҳои аз 4 то 6 сол равонаи зиндон шудаанд.

 

Ҳамчунин, Додгоҳи олӣ 135 узви Ҳизбуттаҳирро муҳокима ва ба муддатҳои мухталиф маҳкум кардааст. Дар соли 2009 теъдоди маҳкумшудагон ин ҳизб 37 нафар будааст. Зимнан, Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти 12 ҳизбу созмонҳои терруистию бунёдгаро, назири “Ҳизбуттаҳрир”, Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон, “Салафия” ва “Ал-Қоъида”-ро дар Тоҷикистон мамнӯъ кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4153-2011-01-14-15-18-30.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854