19:29:34 08-уми Июни 2025 сол

ҶИЛАВГИРӣ АЗ ДУ "АМАЛИ ТЕРУРИСТӢ" ДАР ХУҶАНД

Нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон аз хатари вуқӯъи ду амалиёти теруристӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар шимоли ин кишвар, ҷилавгирӣ кардаанд. Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки шаби гузашта маъмурони пулис як худрави машкукро дар хиёбоне наздик ба идораи пулиси вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд пайдо кардаанд.

 

khujandДар дохили ин худрави "Опел" маъмурон шаш килуграм маводди мунфаҷира пайдо кардаанд. Ҳамчунин худрави дигари машкуке дар назди идораи амнияти вилоят кашф шудааст. Маъмурони амниятӣ ва пулис натавонистаанд дарҳои ин худрави навъи "Фолксваген"-ро боз кунанд ва онро ба рӯдхонаи Сирдарё андохтаанд. Манобеъи пулис мегӯянд, ки ин ду худрав шумораҳои тақаллубии "тронзитӣ" доштаанд. Ба ҳангоми беосеб кардани ин ду худрави машкук бо дастури маъмурон мардуми маҳаллӣ дар биноҳои атроф хонаҳои худро тахлия кардаанд.

 

Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки кумисиюни вижае ба таҳқиқи ин ду ҳодиса пардохта ва вазорат дертар аз натоиҷи он иттилоъ хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, биноҳои кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе низ рӯзи шанбе таҳти муроқибати нерӯҳои вижа қарор гирифта ва гаштугузори низомиёни мусаллаҳ дар атрофи ин биноҳо мушоҳида мешавад.

 

Қаблан дар наздикии биноҳои кумитаи амният ва вазорати дохила худравҳои умдатан мутаъаллиқ ба кормандон меистоданд, вале имрӯз ҳеч худраве дар ин ҷоҳо ба чашм намерасад. Дар ҳамлае интиҳорӣ ба идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вилояти Суғд, ки дар авоили моҳи сентябри гузашта рух дод, дастикам ду маъмури пулис ва фарди ҳамлавар кушта шуданд.

 

Дар ин ҳодиса, ки нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон хонда мешавад, ҳамчунин, ҳудуди 30 тан аз маъмурони пулиси маҳаллӣ дар асари ин инфиҷор ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи ин ҳодиса, дар моҳҳои гузашта, мақомоти интизомӣ ҳудуди 50 нафарро боздошт кардаанд, ки бештари онҳо, ба гуфтаи мақомот, пайравони Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида, ҳастанд.

 

Ҷилавгирӣ аз эҳтимоли вуқӯъи ду амали теруристӣ дар Хуҷанд дар ҳолест, ки амалиёти нерӯҳои амниятию интизомии Тоҷикистон алайҳи гурӯӯҳои пайкорҷӯйи мухолифи давлат дар водии Рашт, дар шарқи ин кишвар, ҳамчунон идома дорад. Ин амалиёт дар пайи ҳамлае маргбор ба комюнҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар авохири моҳи сентябр, ки дастикам 26 кушта барҷо гузошт, оғоз шудааст.

 

Мақомот дар авоили январ аз кушта шудани Аловудин Давлатов, мулаққаб ба "Алии Бедакӣ" ва яке аз раҳбарони гурӯҳҳои пайкорҷӯйи мухолифи давлат ва ҳафт тан аз ҳамроҳони ӯ хабар доданд. Вале Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон, ахиран дар як нишасти матбӯъотӣ гуфт, ки амалиёт алайҳи пайкорҷӯён то замони боздошт ё аз миён бурдани Мулло Абдуллоҳ, аз раҳбарони умдаи гурӯҳҳои мухолиф дар Рашт, идома хоҳад ёфт.

 

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои пайкорҷӯи мухолифи давлат дар минтақаи Раштро низ ба Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида, ки мехоҳад дар Осиёи Миёна давлати исломӣ бунёд кунад, марбут хондаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4228----q-q--.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854