БОЗДОШТИ ҶАРРОҲИ АЛИИ БЕДАКӢ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, пизишк Абдулло Вазиров барои нарасондани иттилоъ ба мақомоти марбута боздошт шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти ҷарроҳи Бемористони марказии ноҳияи Рашт, Абдулло Вазировро тасдиқ кард ва гуфт, боздоштшуда ба Душанбе интиқол ёфтааст.
Гуфта мешавад, Вазиров касест, ки захми Аловаддин Давлатов ё Алии Бедакиро дар поёни моҳи сентябр ё аввалҳои моҳи октябр дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт муолиҷа кардааст. Дар навори видеоӣ, ки аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон ба торнамо ва сомонаҳои интернетӣ роҳ ёфта, дастраси ҳазорон нафар гашт, афсари мақомоти қудратии Тоҷикистон дар дохили автомобил аз Алии Бедакӣ пурсидааст, оё захми ангуштони ӯро, ки ба зарби тир иттифоқ афтодааст, пизишк Абдулло Вазиров дар деҳаи Муллобарот табобат кард. Аловаддин Давлатов ба ин пурсиш посухи мусбат додааст.
Ба қавли сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҷарроҳ Вазиров бо иттиҳоми саривақт ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нарасондани хабари дидораш бо Алии Бедакӣ боздошт шуда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Эҳтимол меравад, чанд нафари дигар низ бо чунин иттиҳом боздошт шуда бошанд. Қаблан, дар охири моҳи январ падари Аловаддин Давлатов - Музаффар Давлатови 76-сола бо иттиҳоми пинҳон доштани аъмоли ҷиноӣ боздошт шуда буд.
Амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар водии Рашт аз моҳи сентябр оғоз шуда, Аловаддин Давлатов дар ҳамлаи хунин ба корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистондар дараи Камароб айбдор мешавад, ки бар асари он 28 сарбози ин ниҳод ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти давлат хабар доданд, ки Алии Бедакӣ ва 7 тан аз ҳамроҳонаш дар як даргирӣ дар деҳаи Рунов (Руноб) рӯзи 4 январи соли равон кушта шуданд. Аммо дертар навори видеое паҳн шуд, ки дар он Аловаддин Давлатов дар ҳоли боздошт ва бозпурсӣ аз тарафи кормандони амниятии Тоҷикистон дида мешавад. Мақомоти расмӣ воқеият ва мӯҳтавои ин наворро шарҳ надодаанд, аммо наздикони Давлатов ӯро дар навор шиносоӣ кардаанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4466-bozdoshti-jarrohi-alii-bedaki.html