22:50:28 08-уми Июни 2025 сол

СОНЕҲА ДАР РОҲИ ХУҶАНД-ДУШАНБЕ ҲАФТ КУШТА ДОД

Бар асари як сонеҳаи роҳ дар гарданаи Шаҳристон, дар шимоли Тоҷикистон, 7 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи Дӯстмурод Забиров, сухангӯйи Кумитаи авзоъи фавқулъодаи Тоҷикистон, соъати 9-и шаби гузашта як худрави Mitsubishi Pajero аз масири худ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд хориҷ шуда ва ба вартае уфтодааст, ки иртифоъи он тақрибан 100 метр аст.

 

jeepОқои Забиров гуфт, ки Нақибшо Ҷамилови 31-сола, ронандаи худрав, шадидан захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ шудааст. Вале 7 мусофири ин худрав, ки бештарашон узви як хонавода аз рустои Анзоби ноҳияи Айнӣ будаанд, дар рӯдхона уфтодаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи авзоъи фавқулъодаи Тоҷикистон, то ҳол ҷасади Муҷассама Ҷӯраева ва Ибодулло Раҷабова, ду тан аз мусофирон, пайдо шудааст. Ин манбаъ гуфт, ки ҳамакнун амалиёти ҷустуҷӯйию наҷоти ниҳодҳои зирабти ин кумита барои кашфи аҷсоди Қиёмиддин Ҷӯраев, Нақиб Ҷамилов, Иқбол Ҷамилов, Муяссара Ҷӯраева ва Диловар Ҷамилов идома доштааст.

 

Зимнан, дар моҳи гузашта дар роҳҳои иртиботии Тоҷикистон беш аз сад тасодуфи роҳ иттифоқ афтодааст, ки бар асари онҳо 50 нафар кушта ва 140 нафари дигар захмӣ шудаанд. Авоили моҳи феврал дар як сонеҳа дар ноҳияи Айнӣ ду нафар кушта ва фарди дигаре нопадид шуда буд. Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон хабар расид, ки ба далели боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма ё баҳман ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мутаваққиф шудааст.

 

Дар авоили моҳи ҷорӣ низ ин роҳи иртиботӣ бар асари резиши баҳман ба муддати се рӯз баста шуда буд. Роҳи утумубилрави Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз тариқи тунели “Истиқлол” ва гарданаи Шаҳристон убур карда ва манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо Душанбе, пойтахт, муттасил мекунад, дар фасли зимистон дар пайи боридани барфи зиёд гоҳо масдуд мешавад.

 

Ҳамчунин, ҳамасола дар ин масир ба далели боридани барфи зиёд ва резиши тарма тасодуф ва садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад, ки талафоти ҷониро ба дунбол дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти фаровони убуру мурур аз тариқи кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон бештари сокинони Тоҷикистон маҷбур ҳастанд аз ин масир ҳаракат карда ва маводду коло низ аз ин тариқ ҳамлу нақл мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4500-soneha-dar-rohu-khujand.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854