ДАҲҲО КУШТА ДАР ДАРГИРӢ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст ба асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба нерӯҳои давлат дар маҳалли мавсум ба дараи Камароб дар минтақаи Рашт дар шарқи ин кишвар 23 нафар кушта шудаанд. Телевизиюни давлатии Тоҷикистон аз қавли масъулини ин вазорат гуфтааст ҳамаи кушташудагон мутааллиқ ба артиши ин кишвар ҳастанд. Ин афрод замоне кушта шудаанд, ки гурӯҳе мусаллаҳ соати 12 :30 ба вақти маҳаллӣ комюни ҳомили онҳоро мавриди ҳамла қарор доданд.
Гуфта мешавад шумори зиёди афрод низ дар ин ҳамла маҷруҳ шудаанд ва ба бемористонҳои маҳаллӣ мунтақил шудаанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гурӯҳҳои мавсум ба "Мулло Абдулло" ва "Алии Бедак" - ро масъули ин ҳамла хондааст. Мақомот гуфтаанд муҳоҷимон тарафдорони Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедак, ду тан аз фармондеҳони мухолифини пешини исломии давлати Тоҷикистон ҳастанд.
Гуфта мешавад нерӯҳои давлат замоне мариди ҳамла қарор гирифтаанд, ки саргарми ҷустуҷӯи зиндониёни фирории мухолифи давлат будаанд. Дараи Камароб, воқеъ дар минтақаи Рашт, маконе кӯҳистонист, ки роҳҳои тангу пурпечутобе дорад ва ҳаракати васоили нақлия дар он ҷо душвор аст. Минтақаи Рашт пойгоҳи асосии мухолифони исломгарои давлати Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилии панҷсола маҳсуб мешуд.
Гуфта мешавад дар минтақаи Рашт иддае аз фармондеҳони собиқи мухолифин ҳамчунон фаъол ҳастанд ва миёни онҳо ва давлат фосила вуҷуд дорад. Ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки мақомоти баландпояи низомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо бархе аз ин фармондеҳон гуфтугӯ карда ва итминон додаанд, ки давлат алайҳи ин афрод ҳеч иқдоме нахоҳад кард.
Аммо мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот ва масоили матруҳа дар он ба сурати расмӣ изҳори назар накардаанд. Пештар баъзе аз ин фармондеҳон аз афзоиши нерӯҳои давлатӣ дар минтақа изҳори нигаронӣ карда ва ишора карда буданд, ки барои ҳимоят аз худ дар сурати зарурат иқдом хоҳанд кард.
Бисёре аз фармондеҳони мухолифини собиқи давлат бар асоси шароити тавофуқномаи сулҳ бо давлат, ки дар соли 1997 имзо шуд ба давлат пайвастанд ва дар симатҳои мухталиф дар ниҳодҳои низомии Тоҷикитон муқаррар шуданд. Аммо давлат ба тадриҷ бо тақвияти мавозеъи худ онҳоро аз ин симатҳо ё барканор кард ё воҳидҳоеро, ки онҳо шомилашон буданд, мунҳал сохт.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд эъзоми нерӯ ба минтақаи Рашт бо ҳадафи боздошти зиндониёни фирорӣ аз зиндони кумитаи амнияти миллии ин кишвар сурат гирифтааст. Фирори 25 зиндонӣ ба таърихи 23 август иттифоқ уфтода буд. Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон гуфтаанд то кунун ҳафт тан аз ин зиндониён, аз ҷумла ду табаъаи Русияро, боздошт кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд бештари зиндониёни фирорӣ, ки дар авосити моҳи август барои муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд, қасди анҷоми кудето ё табаддулотро доштаанд. Онҳо мегӯянд ин афрод бо созмонҳои терруристӣ, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, иртибот доранд.
Абдулло Раҳимов аз фармондеҳони пешини нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилӣ буд, ки дар пайи имзои созишномаи сулҳи соли 1997 кишварро бо иддае аз тарафдоронаш тарк кард. Вай шароити ин созишномаро напазируфт. Дар гузашта гузоришҳое аз кушта шудани вай мунташир шуда буд. Бархе манобеъ ҳам гуфтаанд, ки вай дар Покистон ё Афғонистон аст.
Тобистони соли гузашта шоеъоте дар бораи ҳузури вай дар шарқи Тоҷикистон пахш шуд. Ба дунболи ин шоеъот нерӯҳои давлатӣ амалиёте дар Тавилдара анҷом доданд, ки теъдоде кушта ва захмӣ барҷо гузошт.
Дар ҷараёни яке аз даргириҳо Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи аршади мухолифони исломии давлат дар замони ҷанги дохилӣ кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфта буданд, ки вай бо гурӯҳҳои теруристӣ ва қочоқбари маводди мухаддир иртибот дошта ва аз сӯйи тарафдорони худ кушта шудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ахиран ду писар ва хешовандони Мирзо Зиёевро ба иттиҳоми узвият дар як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва тавтеа алайҳи давлат барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард. Аммо дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз боздошти Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловуддин Давлатов, фармондеҳи мухолифони пешини давлат иттилоъ дод.
Масъулини ин ҳизб гуфта буданд Ҳусниддин Давлатов, ки узви ин ҳизб аст бидуни ироаи иттиҳом аз суи ниҳодҳои амниятӣ боздошт шудааст. Мақомоти расмӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд. Мунтақидини давлати Тоҷикистон мегӯянд давлат мухолифини худро бо баҳонаи мубориза бо террурисм ва тундравони исломӣ саркӯб мекунад.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ки барои ширкат дар иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба Ню Юрк рафта ба пайвандони кушташудагон изҳори тасаллият кардааст. Ӯ ба ниҳодҳои амниятии ин кишвар дастур додааст, ки афроди масъули ин ҳамларо боздошт ва муҷозот кунанд.
Тоҷикистон дар хилоли солҳои 1992 ва 1997 даргири ҷанги дохилӣ миёни нерӯҳои ҳаводори давлат ва иттиҳоди мухолифини исломӣ ва демукрот буд. Масоили таъмини амният ва субот аз мавзуъоти ҳассос дар ин кишвар арзёбӣ мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3156-2010-09-20-04-26-56.html
Шарҳҳо
RSS Обуна