20:43:31 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/07_vertolet_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/07_vertolet_2147_1'

ТАФСИЛОТИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛ ВА ТАҲАВВУЛОТИ АХИР ДАР РАШТ

Бино ба охирин хабарҳо бар асари суқути чархбол дар ноҳияи Рашт субҳи рӯзи 6 -уми октябр 28 нафар кушта шудаанд. Мақомот сабаби суқути ин чархболро мушкили фаннӣ номидаанд. Ҳамчунин дар таркиши як мошини Горди миллӣ дар ноҳияи Рашт 6 сарбоз ба ҳалокат расида ва теъдоде маҷрӯҳ шудаанд.

 

Манобеи расмӣ мегӯянд, чархболи Ми-8 ҳангоми интиқоли нерӯҳо ба минтақаи Рашт суқут кардааст. Манобеъ дар вазортҳои қудратӣ мегӯянд, 22 нафар аз сарнишинони он кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, умдатан ҷанговарони гурӯҳи "Алфа" будаанд. Шоми рӯзи чоршанбе, 6-уми октябр, ҷасади кушташудагон ба Душанбе интиқол дода шуд. Дар ҳоли ҳозир баъзе аз хабаргузориҳо номи чанд афсари Горди миллиро, ки дар суқути чархбол кушта шудаанд, нашр кардаанд.

 

Инҳо, ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" полковник Даврон Самадов, подполковник Зафар Олимов, подполковник Файзалӣ Сафаров, лейтенанти калон Обид Зоҳидов, лейтенанти калон Бегмат Комилов, прапоршик Сироҷиддин Ибодов ва фармондеҳи ҳайати халабонони чархбол Атахон Аҳмадов будаанд. Ахиран маркази матбуотии Горди миллии Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, се нафар аз ҳайати кормандони техникие, ки зимини суқути чархбол маҷрӯҳ шуда буданд низ, дар бемористон ҷон додаанд.

 

Сабабҳои суқути чархбол ба ҳар гуна шарҳ дода мешавад. Яке аз фарзияҳо беш аз ҳадди мумкин бор бардоштани чархбол унвон мешавад. Фарзияи дигар ин аст, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.

 

"Бархурди мошини Горди миллӢ ба мина"

Хабаргузориҳо аз қавли манобеъи худ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон менависанд, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Рашт як мошини марбут ба Горди миллии Тоҷикистон дар мина бар хӯрда ва мунфаҷир шудааст. Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС навиштааст, ки бар асари ин ҳодиса шаш нафар кушта шуда ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон ва Горди миллӣ то кунун ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

 

Оғози амалиёт

Дар шарқи Тоҷикистон амалиёти алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҷараён дорад. Ин амалиёт ба дунболи ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифоъ дар рӯзи 19-уми сентябр оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад. Дар ин ҳамла 26 сарбози Артиши Тоҷикистон кушта шуд. Мақомот ин ҳамларо бар дӯши Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) ва Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) аз фармондеҳони пешини мухолифон вогузор кардаанд.

 

Дар амалиёти алайҳи ин нерӯҳо то кунун чандин сарбозу афсари дигари мақомотҳои қудратии Тоҷикистон низ кушта шудаанд. Мақомот ҳамчунин аз кушта шудани ҳафт нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ хабар додаанд. Масъулони Горди миллӣ мегӯянд, суқути чархболи мазкур дар субҳи имрӯз ба ҷараёни амалиёти алайҳи нерӯҳои мусаллаҳ рабт надорад.

 

"Панҷ манзили харобшуда бар асари даргириҳо барқарор мешавад"

Ахиран Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон аз хароб шудани панҷ манзили маскунӣ бар асари даргириҳои ахир ва дар шарқи кишвар хабар додааст. Камисюни иборат аз мақомоти марбута манзилҳои тахрибшударо марвиди бозрасӣ қарор дода ва барои барқарор намудани зарари ин хонаҳо аснод таҳия кардааст. Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯяд, барои сокинони манзилҳои зарардида феълан 80 тона маводи мухталиф, аз ҷумла масолеҳи сохтмони кӯмак фиристода шудааст.

 

"БЕШ АЗ 20 НАФАР ДАР СУҚУТИ ЧАРХБОЛ КУШТА ШУДААНД"

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3302-2010-10-07-09-36-41.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ