ИБҲОМ ДАР ШУМОРИ ТАЛАФОТИ ЧАРХБОЛИ СУҚУТКАРДА
Баъд аз суқути ин чархболи низомӣ Горди миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳафт тан аз сарнишинони он афсарони ин ниҳод буданд, кушта шуданд. Вале манобеъи амниятӣ хабар доданд, ки бештари сарнишинон афсарон ва сарбозони гурӯҳи “Алфа”, як ниҳоди вижаи амниятӣ, будаанд. Ҳамчунин, гузориш шуда буд, ки аҷсоди се тан аз ин сарбозон дар вилояти кӯҳистонии Бадахшон дафн шудаанд, вале ҷасади як сарбози дигари бадахшонӣ аз ин ниҳод то ҳол пайдо нашудааст.
Дар миёни нафароне, ки аҷсоди онҳо то ҳол пайдо нашудааст, зодагони манотиқи мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла, ноҳияи кӯҳистонии Мастчоҳ, низ ҳастанд. Волидайни онҳо то ҳол дар бораи сарнавишти фарзандони худ иттилоъе надоранд. Як манбаъи амниятӣ рӯзи душанбеи 11 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳол сарнавишти шаш тан аз сарбозон, ки сарнишинони чархболи Горди миллӣ буданд, норӯшан аст. Вай гуфт то замоне, ки аҷсоди онҳо пайдо нашаванд, онҳоро наметавон кушташуда номид.
Ба гуфтаи вай, ҳоло ҷустуҷӯи сарбозони нопадидшуда идома дорад. Тибқи хабари ин манбаъ, дар ин ҳодиса як сарбози амниятӣ ҷароҳатҳое бардошта, вале ҷон ба саломат бурдааст ва ҳоло таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳраки Ғарм ба симе дар фарози рӯдхонаи Сурхоб бархӯрда, суқут кардааст. Ба ин далел, ҳадс зада мешавад, ки бархе аз сарнишинони ин чархбол дар оби ин рӯдхона ғарқ шудаанд.
Аз сӯйи дигар, ин манобеъ аз эҳтимоли ҳузури теъдоди бештар аз меъёри сарнишинон дар ин чархбол изҳори назар мекунанд, ки эҳтимолан сабабгори суқути он шудааст. Вале манобеъи Горди миллӣ ва ниҳодҳои амниятӣ аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд. Дар ҳоле ки раснонаҳои мухталиф аз кушта шудани 28 нафар низомӣ дар ин ҳодиса гузориш додаанд, дафтари матбуъотии Горди миллии Тоҷикистон танҳо кушта шудани ҳафт тан аз низомиёни ин ниҳодро таъйид карданд.
Вале баргузории маросими дафни аҷсоди се тан аз сарбозони гурӯҳи “Алфа” дар Бадахшон ва пайдо нашудани ҷасади як тани дигар аз зодагони ин минтақа ба ибҳомоте дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ва теъдоди кушташудагон ишора мекунад. Дар як моҳи ахир ин севумин мавриди талафоти нерӯҳои низомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар аст. Рӯзи 19 сентябр афроди мусаллаҳ дар дараи Камароб ба мошинҳои Вазорати дифоъ ҳамла карданд, ки дастикам 26 кушта барҷой гузошт.
Дар амалиёти вижаи ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ алайҳи пайкорҷӯёни мухолфи давлат шаш тан аз маъмурони ОМОН ё гурӯҳи пулиси вижаи вилояти Хатлон, бо шумули фармондеҳи он, кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ ҳамчунин аз кушта шудани дастикам 15 тан аз пайкорҷӯён иттилоъ додаанд.
Ҳафта гузашта аҷсоди панҷ тан аз ин афрод дар маркази ноҳияи Рашт ба манзури шиносоӣ дар маърази диди мардуми маҳаллӣ гузошта шуда буданд, вале касе ин афродро нашинохтааст. Давлати Тоҷикистон мегӯяд дар миёни пайкорҷӯёни мухолифи давлат, ки дар минтақаи Рашт фаъоланд, шаҳрвандони Афғонистону Покистон ва ҷумҳурии Чеченистони Русия низ ҳастанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3326-2010-10-11-10-09-29.html
Шарҳҳо
RSS Обуна