"ЕВРОНЮЗ" ТЕЛЕВИЗИЮНИ ФОРСӢ РОҲАНДОЗӢ КАРД
Шабакаи телевизиюнии "Евронюз" пахши барномаҳои хабарии худ ба забони форсиро оғоз кардааст. Шабакаи моҳвораии "Евронюз", ки дар шаҳри Леон дар шарқи Фаронса мустақар аст, чаҳоршанбеи 27 октябр дар соъати 7:30-и аср ба вақти Леон, нуҳи шаб ба вақти Теҳрон пахши барномаи хабарии форсии худро оғоз кард. Мориё Сарсолорӣ, мудири бахши форсии "Евронюз", ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки барномаҳои "Евронюз" "диди ҷаҳоние медиҳад, ки аз як панҷараи урупоӣ ҳамаи ахбори ҷаҳонро дар бар мегирад."
Форсӣ даҳумин забоне аст, "Евронюз" барномаҳои худро дар қолаби он пахш мекунад. Ин шабака барномаҳои худро ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, туркӣ, русӣ ва арабӣ пахш мекунад. Сойти форсии "Евронюз" ҳудуди як ҳафта пеш роҳандозӣ шуд. Мориё Сарсолорӣ гуфт, ки "Евронюз"-и форсӣ мавзӯъҳои мутанаввеъе аз ҷумла масоъили сиёсӣ, иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, варзишӣ, муҳитизистӣ ва илмиро пӯшиш хоҳад дод.
Ба гуфтаи вай, "Евронюз" бар интиқоли бетарафонаи хабар ва диққат дар ироаи он ба мухотаб таъкид дорад. "Евронюз" аз муҷрӣ барои эъломи хабар истифода намекунад. Мудирони ин шабака дар моҳи январи имсол эълом карда буданд, ки пахши барномаҳои "Евронюз" ба забони форсӣ барои авохири соли 2010 барномарезӣ шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3441-qq----.html
Шарҳҳо
RSS Обуна