15:02:51 02-уми Июни 2025 сол

НАШРИ НАВОРИ МАРБУТ БА АЛИИ БЕДАКӢ ДАР ИНТЕРНЕТ

Рӯзи чаҳоршанбеи 10 ноябр дар сойти интернетии Daily Motion наворе таҳти унвони “Муҷоҳиддини Тоҷикистон” мунташир шуд, ки ба Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, раҳбари пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, нисбат дода мешавад. Ин навор, ки беш аз 3,5 дақиқа тӯл дорад, афроди мусаллаҳеро нишон медиҳад, ки дар минтақае кӯҳистонӣ ва пурбарф қарор доранд. Ин навор дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоъӣ, монанди Фейсбук, низ паҳн шудааст.

 

ali bedakiДар оғози ин видию ба забони русӣ навишта шудааст, ки он “Убури яке аз гурӯҳҳои Амир Алӣ Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) аз кӯҳсор”-ро дар моҳи ноябри соли 2010 нишон медиҳад. Ҳарчанд ин видию ба оқои Давлатов нисбат дода мешавад, аммо мушаххас нест, ки худи вай дар миёни ин гурӯҳ ҳаст ё хайр. Ҳамчунин маълум нест, ки оё ин видию чи гуна ва аз сӯйи чи касе дар интернет интишор ёфтааст. Аммо замони интишори ин видию дар Daily Motion даҳуми ноябр сабт шудааст.

 

Дар ин видию, ки зоҳиран аз тариқи телефуни ҳамроҳ сабт шудааст, афроди мусаллаҳе иборат аз 8-10 нафар дида мешаванд, ки дар баландкӯҳе пурбарф ҳаракат мекунанд ва ба забони тоҷикӣ (ба шеваи маҳаллӣ дар Рашт) сӯҳбат мекунанд. Яке аз аъзои ин гурӯҳ мегӯяд, ки дар дараи “Кафтархона” қарор доранд. Маълум нест, ки ин минтақа дар куҷост, вале аз суҳбати онон чунин бармеояд, ки онҳо дар фосилаи "серӯза роҳ аз Зиддӣ” ҳастанд.

 

Яке аз ин афрод аз фарди дигар, ки зоҳиран раҳбари гурӯҳ аст, мепурсад, ки "ҳазрат, ку гап зан куҷо мерем?" Ин замон чеҳрае зоҳир мешавад, ки эҳтимолан раҳбари гурӯҳ буда ва баъид нест, ки худи Аловиддин Давлатов буда бошад. Ин замон садои бод гуфтугӯйи афроди мусаллаҳро пахш мекунад ва дубора ин садо баланд мешавад, ки "Ака девунаӣ, ба Зидиро аз ҳамиҷа се рӯз раҳай."

 

Фарди дигаре даст меафшонад ва бо таъаҷҷуб мепурсад, ки "мо куҷора мерем ба Зиддира?" Дигарӣ мегӯяд: "Мо ҳамунҷа мерем. Се рӯзи дигар, баъд ун сӯ мерем." Як нафари дигар дар ин миён мегӯяд: "Мерем, мерем, мо бандаҳои худоем, мерем..." Дар идома садои фарди нишастаи дигаре баланд мешавад, ки мегӯяд: "Ҳамиқа меҳнат барои қатли муртадай..."

 

Ин афрод ҳамчунин аз маҳаллоте ба номи "Гӯри қирғиз" ва "Кон" дар наздикии мавзеъе, ки қарор доранд, ва аз ибороте монанди "каллапойин" (яъне ба пойин сарозер шудан аз кӯҳ) ном мебаранд. Афроди мусаллаҳ дар видию эҳтимолан мехоҳанд аз минтақае кӯҳистонӣ дар Рашт ба самти дараи Варзоб ҳаракат кунанд. Эҳтимолан манзури ин афрод “Зиддӣ” рустое дар интиҳои дараи Варзоб ё ҳамон кони ангишти “Зиддӣ” бошад, ки дар 60-70- килуметрии шимоли шаҳри Душанбе, пойтахт, воқеъ аст. Кайфияти видию чандон хуб нест, вале аъзои ин гурӯҳ, ки бархе аз онҳо дар сар покулҳои афғонӣ ва бархе дигар кулоҳҳои кординолӣ доранд, чеҳраҳои худро аз дурбин пинҳон намедоранд.

 

ali bedakiҲолати рӯҳии ин афрод болида ба назар мерасад, зеро онҳо миёни ҳамдигар ба забони тоҷикӣ шӯхӣ ва ханда мекунанд. Хандаву шухиҳои онҳо аз ҷумла шомили киноёт ва таъбирҳоест, ки ба ҷустуҷӯи онҳо тавассути ниҳодҳои давлатӣ марбут аст. Аз ҷумла яке аз афрод фарди дигареро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки "ана, инро аз Покистон мегӯянд, ба ...аш чоҳ канда истодай, дар рӯйи барфҳо..." ва механдад. Вай меафзояд: "Бовар кун, инҳо ватана ҳамара килет карда истодаанд..."

 

Як фарди нишаста кулоҳашро аз сар бармедорад ва мегӯяд, ки "биё мара хушрӯтар (ба навор) бигир." Аммо дигарӣ ба ӯ мегӯяд, ки "э, биё мон, хусурут нашноса..." Дар ниҳоят, яке аз афрод "Аллоҳу акбар" мегӯяд ва ҳама равон мешаванд. Видию дар ин ҷо поён меёбад. Нашри ин видию дар интернет дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд амалиёт алайҳи пайкорҷӯён дар минтақаи Рашт тақрибан ба поён расидааст.

 

Ду рӯз қабл Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар бораи дар муҳосира қарор доштани як гурӯҳи пайкорҷӯён дар минтақаи Рашт хабар дода буд. Вай аз ҷумла гуфт: "Бештари пайкорҷӯён ё таслим ё кушта шудаанд. Панҷ-шаш нафар дар муҳосира қарор доранд ва ҳоло амалиёти боздошти ин афрод идома дорад."

 

Ба ҷуз ин, шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон шоми рӯзи сешанбе хабар дода буд, ки нерӯҳои давлатӣ дар Рашт фардеро ба номи Маҳмудов боздошт кардаанд, ки аз хешовандони Аловуддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакӣ буда ва бо ӯ ҳамкорӣ доштааст. Амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар авохири моҳи сентябр дар пайи ҳамлае ғофилгирона ба чанд мошини ҳомили низомиёни вазорати дифоъи ин кишвар оғоз шуд.

 

Дар ин ҳамла беш аз 26 сарбоз ва афсари вазорати дифоъ кушта шуданд. Бар асоси иттилоъи манобеъи мухталиф, дар ҷараёни амалиёт алайҳи пайкорҷӯён дар минтақаи Рашт дар ҳудуди ду моҳи ахир беш аз 60 нерӯи давлатӣ ва ҳудуди 20 тан аз пайкорҷӯён кушта шудаанд. Аммо ин арқомро ҳеч манбаъи мустақилле таъйид накардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3556-2010-11-11-11-31-00.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 10.12.2010 22:02
АЛЛОХУМААНСУР МУЧАХИДДИННА ФИ РАШТ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854