КРИМИНАЛИСТҲОИ ТОҶИК СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ ПЕШРАФТА ШУДАНД
Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқи Сафоратхонаи ИМА ба Шӯъбаи криминалистикаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияи аккосӣ ва ду стереомикроскопи аз ҷиҳати техникӣ пуркувватро тақдим кард. Маблағи умумии таҷҳизот 26 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ин ҳадя ба баланд бардоштани сатҳи тавонмандии Шӯъбаи криминалистикаи ВКД ҶТ барои таҳқиқ ва коркарди мушаххаси далелҳову ашёҳо дар ҷои содир шудани ҷиноят равона шудааст. Ин ҳадя яке аз лоиҳаҳои зиёде мебошад, ки аз сӯи сафорати ИМА татбиқ шуда истодааст. Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқи Сафоратхонаи ИМА аз соли 2005 то имрӯз зиёда аз 15 миллион доллари ИМА-ро барои омӯзонидан, таҷҳизонидан ва дастгирии оҷонсиҳои мухталифи қудратӣ ва ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Аз соли 1993 ба ин тараф мардуми Амрико барои рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 900 миллион доллар кӯмак расондааст.
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3937-2010-12-20-18-58-51.html