04:23:44 20-уми Майи 2025 сол

ИМА ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОНРО САРМОЯГУЗОРӢ МЕКУНАД?

Ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, баъд аз мулоқот дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар ин дидори онҳо масоили таҳкими марзҳои Тоҷикистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва масоили мурооти озодии баён ва озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар баҳс шудааст.

БлейкҶаноби Блейк, ки пас аз мулоқот бо намояндагони палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, тоҷирони кишвараш омодаанд дар пружаҳои энержӣ ва коркарди захираҳои табиӣ сармоягузорӣ кунанд. Вале афзуд ӯ, мушкилоте дар ин соҳа вуҷуд доранд, ки қабл аз ҳама ба сохтори андозбандӣ рабт доранд.

Ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, озодии баён, эътиқод ва ҳуқуқи башар, ки барои ҳар ҷомеаи демократӣ хеле муҳиманд, низ аз мавзӯҳои сӯҳбаташ бо раисҷумҳур буд. Дирӯз, 11-уми апрели соли ҷорӣ, бо ширкати Роберт Блейк дар Душанбе даври дуввуми машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико низ доир шуд.

Машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон чаҳорчӯби нави ҳамкориҳои миёни ду кишвар аст, ки моҳи феврали соли 2010 бори аввал дар Вашингтон баргузор шуд. Тирамоҳи соли гузашта низ ҳайати амрикоӣ таҳти сарварии Роберт Блейк, барои баррасии натиҷаҳои ин машваратҳо ба Душанбе омада буд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 12.04.2011 21:25
Cалом ба шумо хамватанон.Евар и вазири корхои хоричии Амрико Роберт Блейк хамун шарту шароитхоеро пешниход кард,ки каблан аз он ишора шуда буд. Бубинед дар ивази аз андоз озод гардидан точирони амрикои омадаанд дар "пружаҳои энержӣ ва коркарди захираҳои табиӣ сармоягузорӣ кунанд". Ва хамчунин Амрико аз нозодии баён, эътиқод ва ҳуқуқи башар, ки барои ҳар ҷомеаи демократӣ хеле муҳиманд дар ивази ин подош чамшбанди яъне нодида мегирад. Ачаби сиёсати галати...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ