ТАЪСИСИ ГУРӯҲИ ҲИМОЯТ АЗ РАҚИБОВ ДАР ФЕЙСБУК
Дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук дар интернет як гурӯҳ барои ҳимоят аз Атобулло Рақибов, сокини боздоштшудаи ноҳияи Файзобод, таъсис шудааст. Дар ин гурӯҳ ҳудуди 200 нафар узв шудаанд ва назароти худро барои ҳимоят аз хонаводаи Рақибовҳо бо ҳам дар миён мегузоранд. Дар сафҳаи ин гурӯҳ ҳамчунин гузоришҳо, видию ва аксҳое низ дар бораи хонаводаи Рақибовҳо мунташир шудааст.
Атобулло Рақибов, ки тайи ду соли ахир бар сари қитъаи замин ва манзили тахрибшудааш бо мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Файзобод даъво дошт, рӯзи шанбеи гузашта аз сӯйи маъмурони пулиси ноҳия боздошт ва дертар ба боздоштгоҳе дар шаҳри Душанбе мунтақил шуд.
Пайвандони оқои Рақибов мегӯянд, ки додгоҳи ноҳияи Файзобод ба иттиҳоми "ҳозир нашудан ба толори додгоҳ" ва "мамонеъат аз кори додрасҳо" дастури боздошти ӯро содир кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар рӯзи ҷаласаи додгоҳ вай аз зани бемораш дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе муроқибат мекардааст.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раиси созмони "Перспектива-Плас", ки ба хонаводаи Рақибовҳо кумакҳои ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, ки вазъияти оқои Рақибов дар боздоштгоҳ вахим аст ва пайвандонаш иҷозаи боздиди ӯро надоранд. Ба гуфтаи вай, оқои Рақибов ҳануз аз кумаки вакили мудофеъ бархурдор нашудааст. Пайвандони ӯ пештар ҳам гуфта буданд, ки вай имкони молӣ барои истихдоми вакили мудофеъро надорад.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна