00:16:47 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲУКУМАТИ АМРИКО ДАР ШӮРОБОД ИНШООТИ САРҲАДӢ МЕCOЗАД

Бисту нӯҳуми июни соли 2011 сафири ИМА Кен Гросс, ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба назорати байналмилалии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ва муовини Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-майор Сафарали Назиров  ба мақсади ташриф овардан ба бинои хобгоҳи сарбозон дар Отряди сарҳадии Шӯробод ва барои иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Дидбонгоҳи сарҳадии тармиму таҷдидгаштаи Яхчи Пун ба ноҳияи Шӯробод сафар карданд.  

ken-gross425454.jpgБахши Сафорати ИМА оид ба муборизаи байналмилалӣ алайҳи маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳукукӣ (INL), барои сохтмони хобгоҳи нав дар Отряди сарҳадии Шуробод зиёда аз 1 милион доллари ИМА ва барои Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун $600 000 сарф кард. Бинои хобгоҳро дар Отряди сарҳадии Шӯробод ширкати сохтмонии БСК-Осиё ва Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пунро ҶСДМ «Комплекс» сохтанд ва лоиҳа аз ҷониби Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳо (UNODC) амалӣ шудааст. 

Бинои нав дар Шӯробод бо дархости фавқулодаи сарҳадбонони тоҷик, баъд аз оне, ки тобистони гузашта дар натиҷаи сел бинои пешина вайрон шуда буд, сохта шуд. Шӯробод якумин иншооти сарҳадии Тоҷикистон мебошад, ки бо фаршҳои гарм таҷҳизонида шудааст. Дидбонгоҳи нави сарҳадии Яхчи Пун нерӯгоҳи хурди барқӣ ва ду деге, ки зимистон манзили зисти марзбонҳоро бо гармӣ таъмин мекунанд, дар бар мегирад.

Дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, INL барои барқароркунии якчанд дидбонгоҳҳои дигари сарҳадии ноҳияи Шӯробод, аз ҷумла Хирманҷо, Шоғун, Боғ, Баҳорак, Йол ва Сари Ғор маблағ ҷудо кардааст. Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳо (UNODC) шарики иҷрокунандаи INL дар татбиқи якчанд лоиҳа мебошад. Бонки Рушди Осиё шарики иҷрокунандаи INL дар татбиқи ду лоиҳаи дигар дар Кулма ва Қизил-Арти Бадахшон аст.

INL истифодаи лавҳаҳои офтобӣ ва турбинаҳои шамолиро барои истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ мавриди истифода қарор медиҳад. INL умед дорад, ки барқарорсозии иншоотҳои мазкури сарҳадиро то моҳи октябр ба итмом мерасонад. INL дар оянда ҳам таъминоти иншоотҳои навро бо таҷҳизот ва таълими марзбонони Тоҷикистонро дар робита ба иҷроиши Стратегияи миллии марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро идома медиҳад.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 03.07.2011 19:11
ҲУКУМАТИ АМРИКО ДАР ШӮРОБОД ИНШООТИ САРҲАДӢ МЕCOЗАД - Аниктараш Дидбонгоха барои кочоки маводи мухаддир хубтар мекунад. Тачхизотхои меовардааш як нав навигатор аз болои сархадбонон мешавад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi