«ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН» БЕҲТАРИН БЛОГИ ТОҶИКӢ ДАР ШАБАКАИ ҶАҲОНИИ ИНТЕРНЕТ
Тибқи пажӯҳишҳои ахири «Яндекс» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бештар аз як миллион блог мавҷуд аст, ки бо ҳуруфи кириллӣ эҷод шудаанд. Аксари блогнависон ба ҳайси платформа барои ба роҳ мондани минбари интернетии хеш хадамоти Wordpress-ро интихоб кардаанд.
Дар ин хадамот дар ҳоли ҳозир беш аз чорсад ҳазор блог ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла қариб аксари муштариёни Тоҷикистон, ба хусус адибону журналистон, ҳунармандони синамову овозхонҳо, сиёсатмадарон дар ташкили блогҳои хеш аз ҳамин хадамот истифода кардаанд. Дастандаркорони ин хадамот ҳаммарӯза бо истифода аз меъёрҳои мухталиф 100 блоги беҳтарини дар Wordpress ба қайд гирифташударо муайян месозанд (http://botd.wordpress.com/?lang=ru). Ин сабқат (рейтинг) новобаста аз хоҳиши блоггерҳо ҳамарӯза сурат мегирад.
Тибқи мушоҳидаҳо, ки дар зарфи як моҳи ахир анҷом гирифтаанд, блоги «Таронаҳои беҳтарин» (http://tajmusic.wordpress.com) ҳамеша дар қатори 25 блоги аввали ин рейтинг қарор дорад. Ин блог дар баъзе рӯзҳо мушарраф ба гирифтани ҷои даҳум низ шудааст. Вале боре нашудааст, ки поёнтар аз ҷои 25-ум мавқеъ гирифта бошад. Блоги мазкур ба Ҷаҳонгири Султон, хабарнигори сомонаи мустақили ҷамъитиву сиёсии «Рӯзгор» (www.ruzgor.tj) мансуб буда он асосан дар бораи овозхонҳои муосири тоҷик ҳикоят мекунад.
Дар ҷумлаи 100 блоги беҳтарини Wordpress блогҳои олимону нависандагони маъруфи рус, сиёсатмадорони мухолифи давлати Ӯзбекистон, тоҷирони муваффақи фаронсавӣ, журналистони Украину гурҷӣ ва ғайраву ҳоказоро бо ҳуруфоти гуногун мебинем. Бояд гуфт, ки дар ин рейтинг аз блогҳои тоҷикӣ боз як блоги дигар бо номи «Ахтари зулматсӯз» (http://khfirdavs.wordpress.com/) -и журналист Фирдавси Аъзам маъмулан дар ҷойҳои аз 60 то 90-уми рейтинги Wordpress ҳамарӯза мавқеъ мегирад.
Мавриди зикр аст, ки блоги «Таронаҳои беҳтарин» дар рейтинги www.toptj.com низ ҳамеша дар қатори 10 сайт ва блогҳои беҳтарини Тоҷикистон мавқеъ дорад.
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
барои хаминаш хам ташаккури мекунем, ки хамин кадарашро хам бо бахои аъло кор карда истодаед. СИПОС аз кормандони ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН.
Bo umedi sihativu salomati Muhojirbachai tojik.
RSS Обуна