13:19:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

ШАҲРОМИ АБӮБАКР, ХОНАНДАИ МАҲБУБИ ҶАВОНОН ИЗДИВОҶ КАРД

Дирӯз, 3-юми июли соли 2012, дар тарабхонаи «Яккачинор»-и шаҳри Душанбе тӯйи арӯсии овозхони ҷавону боистеъдод, ҳунарманди маҳбуби ҷавонони кишвар Шаҳроми Абӯбакр баргузор гардид.

/images/stories/2012/07/04_shahromi-abubakr-030712.jpgДар ин базми пуршукӯҳ, ки раиси онро ровиёни шинохта Мунира Ҳакимова ва Комил Холов ба ӯҳда доштанд, тақрибан тамоми ситораҳои мусиқии попи тоҷик, азҷумла Садриддини Наҷмиддин, Сангалӣ Мирзоев, Шабнами Сурайё, Сироҷиддин Фозилов, Фирӯза Ҳафизова, Зикруллоҳ Ҳакимов, Баҳодури Ғафурӣ, Файзалӣ Фозилов, Баха-84, Алишер Дадобоев ва дигарон навхонадоронро бо суруду таронаҳои худ табрик гуфтанд. Ҳунармандони гурӯҳи ҳунарии «Лаҳзаҳои гуворо» хотири ҳозиринро бо саҳнаҳои ҷолиби худ шоду мамнун карданд.

Шаҳроми Абӯбакр, фарзанди Абӯбакри Азиз, овозхон ва оҳангсози гурӯҳи ҳунарии овозадори «Анис» мебошад. Гурӯҳи ҳунарии «Анис» солҳои 80-уми асри гузашта таъсис ёфта миёни ҷавонони ҳамон солҳо аз маҳбубияти беандоза калон бархурдор буд. Бародарон Достон, Вайсиддину Қайсиддин, Абӯбакру Зулфиқор, ки узви ин гурӯҳи ҳунарӣ ба шумор мерафтанд, бо суруду таронаҳои дилписанди хеш дар миёни ҷавонони он солҳо обрӯю эътибори баланд доштанд.

Махсусан суруду таронаҳои шодравон Зулфиқори Азизро ҳаводорони мусиқии ноб хеле зиёд дӯст медоштанд. Узви дигари ҳамин даста Остони Азиз низ ҳамчун овозхон ва ҳунарманди синамо миёни ҷавонон маъруфият дорад. Шаҳроми Абӯбакр ҳарчанд муддати начандон тӯлонист, ки рӯи саҳнаи овозхонӣ омадааст, вале бо таронаҳои хеле марғубу дилангези худ ба қалбҳои алоқамандони ҳунари мусиқӣ роҳ ёфтааст. Ҳамакнун чаҳор албоми таронаҳояш дастраси мухлисони суруду таронаҳои дилошӯб гардидааст.

Таронаҳои дар васфи модар сурудаи ӯ, сурудҳои «Фариштаҷонум», «Дилум дили девона» (дуэт бо Баха-84), «Мову ту ҷудо рафтем» (дуэт бо Нигина Амонқулова) аз ҷумлаи сершунавандатарин сурудҳои попи имрӯз ба шумор мераванд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз базм лаҳзаҳоеро аксбардорӣ кардааст, ки ҳамакнун ба таваҷҷӯҳ муштариёни гиромии сомона пешкаш мегарданд.

Аксҳо аз маросими ҷашни арӯсии Шаҳроми Абӯбакр

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+3 #1 RE: ШАҲРОМИ АБӮБАКР, ХОНАНДАИ МАҲБУБИ ҶАВОНОН ИЗДИВОҶ КАРДGuest 06.07.2012 00:54
SALOM AZ TURKİYA
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi