23:33:17 30-уми Апрели 2026 сол
МУХОЛИФИНИ СУРИЯ: МАСЪУЛИЯТИ ҶИНОЁТ БАР ДӮШИ МАСКАВ АСТ 23.02.2013 21:12 1120
Эътилофи миллии нерӯҳои инқилобӣ ва мухолифини Сурия аз фиристодани намояндагонаш ба Маскав ва Вошингтон сарпечӣ кард. Намояндагони Эътилофро мақомоти Русия ва ИМА барои музокирот оид ба мусолиҳаи миллӣ дар Сурия даъват карда буданд.
ПОСУХИ АҲМАДИНАЖОД БА ИНТИҚОДҲОИ ХОМАНАӢ 18.02.2013 21:03 1169
Як рӯз баъд аз интиқоди раҳбари Эрон аз ҷанҷоли президент бо раиси маҷлиси ин кишвар, Маҳмуди Аҳмадинажод дар номае ба Хоманаӣ навиштааст, ки ҳукуматаш “кӯчактарин қадаме” бар хилофи мусолиҳа дар Эрон нахоҳад гузошт.
ТЕЪДОДИ МИЛЛИАРДЕРҲОИ РУСИЯ БА ДАРАҶАИ РЕКОРДӢ РАСИД 18.02.2013 20:52 1038
Дар як сол шумораи миллиардерҳои Русия 12 дарсад бештар шуда, ба 131 нафар расидааст. Бино бар натиҷаҳои соли 2012 шумораи миллиардерҳои долларии Русия 11 нафар бештар шуд. Нашрияҳои Русия менависанд, ин афзоиш зимни кам шудани қурби ...
КАРЗАЙ: "НЕРӮҲОИ АФҒОН НАБОЯД АЗ ISAF КӮМАКИ ҲАВОӢ БИХОҲАНД" 16.02.2013 22:33 1067
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбеи 16-уми феврал дар ҷараёни дидор аз Академияи миллии низомии Афғонистон дар Кобул гуфтааст, ки ба зудӣ дар ин маврид ҳукмеро содир хоҳад кард: «Имрӯз аз ҳамин ҷо эълом мекунам ва фардо ...
ЧАК ЗАДАНИ ДИПЛОМАТИ ЭРОНӢ БО ХОНУМИ ОЛМОНӣ БАРОЯШ ДАРДИ САР ЭҶОД КАРД 13.02.2013 23:07 1315
На танҳо ӯ, балки зани олмоние, ки ба саломаш посух дод, зери тозиёнаи танқид қарор гирифтааст. Барои дипломатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон қоидаҳои муайяни рафтор мавҷуд аст, ки дар миёни онҳо дастоишорӣ накардан бо занон ҳангоми мулоқоти расмӣ ...
ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ БА 24 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД 12.02.2013 22:14 1058
Додгоҳи низомии Бишкек рӯзи сешанбе Қурмонбек Боқиев – раиси ҷумҳури пешини ин кишварро ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Бародари ӯ Ҷаниш Боқиев ҳабси абад гирифт. Додгоҳ Боқиевро дар ғиёбаш барои нақши вай дар сӯиқасдҳои сиёсии пурсарусадо ...
БОРИ АВВАЛ ДАР ШАШ АСР: ПОПИ РУМ ИСТЕЪФО МЕДИҲАД 11.02.2013 22:20 1066
Попи Рум Бенидикти 16 дар як эъломияи ғайриинтизор истеъфои худро эълон кард. Ин истеъфо аз 28 феврал эътибор пайдо мекунад. Дар давоми 600 соли ахир бори аввал аст, ки попи Рум бо хости худ истеъфо медиҳад. Дар эъломияе, ки рӯзи душанбе ба нашр...
ТӮФОНИ ШАДИД ДАР ШИМОЛУ-ШАРҚИ АМРИКО 09.02.2013 21:27 1116
Резиши барфи шадид дар шаҳрҳои шимол-шарқи Амрико, боиси лағви садҳо парвоз ва баста шудани роҳҳо шудааст.Аз ҷумла дар панҷ вилоят вазъияти фавқулодда эълон шуда ва ба гузориши хабаргузории Ройтерз, бориши шадиди барф ҳамроҳ бо вазидани ...
АРМАНИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН ИЗҲОРОТИ ХАРРОЗИРО ҶИДДӢ НАГИРИФТАНД 08.02.2013 20:39 1076
Пас аз Тоҷикистон ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон низ ба суханони оятулло Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ вокуниш нишон додаанд. Як мақоми вазорати корҳои хориҷаи Арманистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки суханони оятулло...
ЭРОН АЗ ПЕШНИҲОДИ ГУФТУГӮИ МУСТАҚИМ БО АМРИКО ИСТИҚБОЛ КАРД 03.02.2013 20:07 1183
Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи якшанбеи 3-юми феврал аз пешниҳоди музокираи мустақим бо Амрико, истиқбол кард. Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, оқои Солеҳӣ дар Конфронси амниятии Мюнхен гуфт, ки Эрон ин пешниҳодро мусбат ...
"АЗ СУРЪАТ БАХШИДАН БА БАРНОМАИ ҲАСТАӢ, ХУДДОРӢ КУНЕД" 02.02.2013 20:23 1134
Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа аз Эрон хост, ки аз тасмими худ барои суръат бахшидан ба барномаи атомӣ, худдорӣ кунад. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Катрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ин иқдоми Эронро саркашӣ аз тааҳҳудоти ...
NYT:ТОШКАНД ХОСТОРИ СИЛОҲУ ЗИРЕҲПӮШҲОИ НАТО ШУДААСТ 01.02.2013 23:43 1056
Дар ин бора нашрияи The New York Times бо такя ба мансабдорони НАТО, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва расонаҳои олмонӣ хабар додааст. Хабарнигори рӯзнома Эндрю Крамер навиштааст, ки Ӯзбакистон дар бораи чунин созиш ғайрирасмӣ ба мақомоти ИМА ...
ИСЛОМ КАРИМОВ: ПАДАРИ МИЛЛАТ Ё ДИКТОТУРИ ЗОЛИМ? 31.01.2013 21:25 1663
Ислом Каримов, собиқадортарин раҳбар дар қаламрави Шӯравии пешин, ки тайи 24 соли ахир зимоми умурро дар Узбакистон дар даст дорад, рӯзи 30 январ 75-солагии худро ҷашн гирифт.Нашрияҳои расмии Узбакистон оқои Каримовро аз поягузорони ...
МАВҶИ ТОЗАИ БОЗДОШТИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР ЭРОН 28.01.2013 16:19 1106
Дасти кам даҳ хабарнигори нашрияҳои мустақили эронӣ дар як рейди нирӯҳои амниятӣ боздошт шуданд. Тибқи гузоришҳои расида, рӯзи якшанбе дар Теҳрон дар рафти юриши ҳамзамони нерӯҳои амниятии Эрон ба идораҳои панҷ нашрия даҳҳо рӯзноманигор ...
ЭЪЛОНИ ҲОЛАТИ ИЗТИРОРӢ ДАР СЕ ШАҲРИ МИСР 28.01.2013 16:10 1164
Дар пайи тазоҳурот дар Порт Саид, раиси ҷумҳури Миср барои 30 рӯз дар се шаҳри ин кишвар, ҳолати фавқулодда эълон кард. Дар пайи тазоҳуроти хунбори Порт Саид, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср ба муддати 30 рӯз дар шаҳрҳои Порт Саид, Суетс ва Исмоилия ҳолати изтирорӣ эълон кард.