08:12:48 29-уми Июни 2025 сол

"ЭҲТИМОЛИ ҲАМЛА БА ЭРОН БЕШТАР ШУДААСТ"

Мойкл Ҳойден, раиси пешини Созмони ҷосусии Амрико, мегӯяд бо бенатиҷа мондани ҳама талошҳои Вошингтун гузинаи низомӣ алайҳи Эрон эҳтимолитар шудааст. Вай рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи Си-эн-эн гуфт сарфи назар аз иқдомоти Амрико, Эрон ба барномаи атомии худ идома медиҳад. "Мо музокира мекунем, онҳо ба масири худ идома медиҳанд. Мо раъй ба таҳрим медиҳем, онҳо ба масири худ идома медиҳанд. Мо саъй мекунем онҳоро боздорем, онҳо ба масири худ идома медиҳанд."

 

Вай гуфт бо ин раванд баназар мерасад ҳамлаи низомӣ ба Эрон эҳтимолитар шуда ва қобили тавҷеҳ ҳам бошад. Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҳафтаи пеш беш аз 40 узви маҷлиси намояндагони Амрико пешнависи қатъномаеро имзо кардаанд, ки аз ҳамлаи низомии Исроил ба Эрон, дар сурати адами тағйири мавзеъи атомии Теҳрон ҳимоят мекунанд.

 

Пештар низ Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Урупо ва давлати Амрико таҳримҳои ҷадиде алайҳи барномаи атомӣ, саноеъи нефту гоз ва бонкҳои Эрон эъмол карданд. Ин фишорҳо дар вокуниш ба худдории Эрон аз ғанисозии урониюм эъмол мешавад, аммо Теҳрон бо радди иттиҳоми талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ мегӯяд ғанисозии урониюмро ҳаққи худ медонанд ва ҳаргиз онро муитаваққиф намекунад.

 

Мойкл Ҳойден пешбинӣ кард Эрон барномаи атомии худро то остонаи дастёбӣ ба силоҳи атомӣ пеш бибарад ва пеш аз бардоштани гоми охир мутаваққиф кунад. Аммо ӯ гуфт тавоноии ҳастаии Эрон амалан тафовуте бо дастёбии ин кишвар ба силоҳи атомӣ надорад.

 

Вай, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Ҷурҷ Буш масъули Созмони Ҷосусии Амрико буда, гуфт вақте дар давлат будааст, истифода аз абзори низомӣ алайҳи Эрон дар интиҳои феҳристи гузинаҳо буда, аммо акнун ба назар мерасад, ки бадтарин роҳи ҳал набошад.

 

Дар қатъномаи ахир теъдоде аз намояндагони Конгресси Амрико шуд, агар ҳеҷ роҳи сулҳомезе "дар тайи муддати замонии қобили қабул" барои муқобила бо хатари "фаврии" Эрон алайҳи мавҷудияти Исроил пайдо нашавад, Исроил метавонад аз ҳар василае ҳатто нерӯи низомӣ алайҳи Эрон истифода кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2761-q-----q.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ