00:11:08 03-уми Июни 2025 сол

БА РАИСҶУМҲУР 30 РӮЗ МӮҲЛАТ ДОДАНД

Давлати Яман тарҳи пешниҳодӣ дар бораи канорагирии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз қудратро пазируфтааст. Бар пояи ин пешниҳод, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман дар муддати сӣ рӯз қудратро бояд ба муовинаш вогузор кунад. Бино ба гузоришҳо, вазири умури хориҷии Яман посухи мусбати давлати ин кишварро ба Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, ки ин пешниҳодро дода буд, расонидааст.

Президенти ЯманСухангӯи ҳизби ҳокими Яман, низ эълон кард, ки ин ҳизб мувофиқати комили худ ба пешниҳоди шӯро дар бораи даврони интиқолиро баён доштааст. Пешниҳоди шаш узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс барои ҳалли бӯҳрони Яман, ташкили давлати ваҳдати миллӣ, вогузории қудрати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба муовинаш ва поёни эътирозҳои хунини ин кишварро дар бар мегирад. Бар пояи ин пешниҳод, ду моҳ пас аз вогузории қудрат ба муовини Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, интихоботи нави раисҷумҳури Яман баргузор хоҳад шуд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ солҳои тӯлонист, ки лаҷоми ҳукумати Яманро дар даст дорад ва чанд моҳи ахир аст, ки эътирозгарон дар саросари ин кишвар хоҳони барканории ӯ аз қудрат ҳастанд. Эътирозҳо дар Яман бо саркӯбии шадиди нерӯҳои ҳукуматӣ мувоҷеҳ шуда, беш аз 130 нафар дар ду моҳи ахир ҷони худро аз даст додаанд. Дар пайи ин эътирозҳо, мақомоти Тоҷикистон низ дар охири моҳи марти соли ҷорӣ ба берунории шаҳрвандони худ аз кишвари ошӯбзадаи Яман оғоз карданд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, то замони сар задани ноамниҳо дар Яман, наздики 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар он ҷо зиндагӣ ва кор мекарданд, ки аксари онҳо тавассути ширкатҳои русӣ, аз ҷумла “Здравэкспорт” ва “Техностройэкспорт” ба Яман роҳ ёфтаанд. Дар оғози моҳи марти имсол як пизишки шастсолаи тоҷик Ҳомидҷон Очилов, ки зодаи ноҳияи Ҳисор буда, аз соли 2007 дар шаҳри Аттақи Яман ба ҳайси табиб кор мекард, аз сӯи гурӯҳи номаълуме рабуда шуда ва танҳо чанд ҳафта пеш раҳо гардид.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 24.04.2011 12:18
и Палидо то хозира хеч хизмате ба мардум накардаан карбки 20-30-ли акнун гнав аз хобхестан ки ислохот кунем ( хестен ки хобен - хобдиден ) акы аз рангу руятон безоран и найрангу фиребатон намегузарад.
акнун мехоханд ки дар як хафта хаммаи корхоро ба салох оваранд хамара сохиби кор кунанд ! ай девонахо инкадар солхо дар сари вазифа натавонистен - нахостен -ва на карден - дар чамоварии мулку сарват фирефтаву саргардон будед нав аз хоби гафлат хестет - ! ха ха ха ! акнун бе шумо бе ту мегузаронанд ислохотхоро ! ту да Чавоб !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854