11:57:30 20-уми Июли 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

САЛАФИҲОИ МИСР БОЗИЧАИ ДАСТИ ХОРИҶИҲОИ СИТЕЗАҶӮ ҲАСТАНД

Ҳафтуми майи соли равон дар байни мусалмонони салафимаслак ва масеҳиёни ортодоксии Миср даргириҳои шадиде ба амал омад ва дар натиҷа 7-тан аз мусалмонон ва 5-тани дигар аз масеҳиён кушта шуд. Ҳамчунин наздик ба ду сад нафари дигар ҷароҳат бардоштанду ба ҳамин миқдор ашхоси пайкорҷӯро нерӯҳои интизомии Миср боздошт кардаанд. Ҳаводиси мазкур боис гардид, ки бори дигар номи ин кишвар дар сархати хабаргузориҳои ҷаҳон ҷой ёбад.

protest3215626.jpgСаид Алавӣ, арабшиноси тоҷик, ки ҳаводиси Мисрро доиман баррасӣ мекунад, дар суҳбат ба  хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» гуфт: «Бо таассуфи зиёд, дар ҳаводиси рӯзҳои 7-8-уми майи соли равон дар Миср дасти хориҷие вуҷуд дорад, ки бо истифода аз мусалмонони салафимаслак мехоҳанд ҷанги шаҳрвандиро миёни мусалмонону масеҳиёни ин кишварро оғоз намоянд».

«Агар гурӯҳи салафиён, - мегӯяд Алавӣ, - ки сохтаву бозичаи дасти хориҷист, қатъан решакан карда нашавад ва Худо нахоста онҳо ба сари қудрат оянд, онгоҳ Миср метавонад ба омили таъсиррасони салафия дар кишварҳои дигар табдил ёбад. Ин бисёр хатари бузург аст».

Ба қавли манбаъ, ҳамакнун салафиҳо дар кӯчаҳои Қоҳира озодона гашту гузор ва шиъорпардозӣ намуда, худро ба намоиш мегузоранд. Қабл аз ин даргириҳо низ ба оташ кашидани маконҳои муқаддас, зиёратгоҳҳо ва қабристонҳо даст зада буданд, ки ҳамаи онҳо бо маҳкумияти Ал-Азҳар мувоҷеҳ гардида буд.

Ба иттилоъи расонаҳои хабарӣ, заминаи даргириҳо байни мусалмонону масеҳиён аз ҳафтаҳои пеш тарҳрезӣ шуда буд ва бо далели он, ки гӯё масеҳиёни қибтӣ  бонуи қаблан масеҳии тозамусалмоншудаеро дар калисо ба ҳабс гирифтаанд, барои раҳоии он зан наздик ба ҳазор нафар аз салафимаслакони мисрӣ, ба як калисои минтақаи Имбоба «ҳуҷум» карданд. Ҷавонони қибтӣ ин ҷамъи таҳоҷумгаронро дида муқобилият нишон доданд, вале дар байни онҳо то ҳанӯз чизе нагузашта буд, ки дар ҳамон минтақа як калисои дигареро ашхоси номаълум ба оташ кашиданду баъд аз он даргириҳо миёни масеҳиёну мусалмонон оғоз гардид.

Ба гузориши хабаргузории «http:tabnak.ir» ба нақл аз яке аз эътирозгарони мусалмон, ки дар ин даргирӣ ҳузур дошт, менависад: «Tазоҳуроти мо мусолиматомез буд ва барои наҷоти зане буд, ки ба далели гаравидан ба ислом дар калисо зиндонӣ шуда буд ва даргирӣ пас аз он шурӯъ шуд, ки аз даруни калисо ба мо тирандозӣ шуд».

Гуфтанист, аларрағми эъломи уламои мусалмон ва раҳбарони инқилоби Миср мабнӣ бар парҳез аз хушунати динӣ ва мазҳабӣ дар ин кишвар, бо суқути режими Муборак дар Миср, гурӯҳҳои тундрави салафӣ бо пуштибонӣ аз «ёрони» хориҷии худ барои барҳам задании низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Миср даст ба кор шуда ва даргириҳои бисёреро бо мусалмонон ва ғайримусалмонон дар ин кишвар рақам задаанд.

Ба иттилоъи расонаҳо, раиси ҳукумати муваққати Миср, Шараф Ассом низ бар асари ин ҳаводис аз сафари худ, ки  ба қасди кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Урдун буд,  тасмим гирифт даст бикашад.

Ба иттилоъи хабаргузории «http:// alalam.ir», Абдулазиз  Ал-Ҷундӣ, вазири адлия Миср, пас аз нишасти фавқулодаи давлаташ, дар конфронси матбуотӣ эълом кард, давлати Миср бо ҳар касе, ки ба дунболи зарба задан ба амнияти кишвар бошад, қотеъона бархӯрд хоҳад кард.

Вай афзуд: «Давлат тасмим гирифтааст, қонунҳоеро, ки ҳамла ва таъарруз ба марказҳои ибодат ва озодии ақидаро манъ мекунад, бо қотеъият ба иҷро бигузорад, то аз кишвар дар баробари хатари бӯҳрон ва фитнаи тоифаӣ ҳимоят кунад.

Ҳамзамон Мамдӯҳ Ар-Рамзӣ, яке аз  ҳуқуқдонҳои мисрӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии  «http://arabic.rt.com» («Имрӯзи Русия») қайд кард: «Вуқӯъи чунин ҳодиса ғофилгиркунанда набудааст, чаро ки аз замони вуқӯъи инқилоб дар ин кишвар як мавҷи зидди инқилоб низ рух дод.

Ин ҳодиса ҷиноят алайҳи башарият аст ва бояд додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар ин замина дахолат кунад. Ман танҳо салафиҳоро дар ин ҳодиса бегуноҳ намедонам ва давлати Миср низ дар ин замина кӯтоҳӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, чизе, ки дирӯз рӯй додааст иқдоми созмондиҳишуда ва иттифоқӣ набудааст.

 Ӯ меафзояд: Яке аз далоили бурӯзи чунин ҳаводисе дар кишвар набуди давлати қавӣ дар кишвар асту давлати кунунӣ заъиф аст ва қодир ба идора кардани умури кишвар нест ва бештар дар ҳадди ҳукумат корҳоро ба анҷом мерасанд.

Дар сурате, ки давлат аз сиёсати мушти оҳанин дар баробари ин ҳаводис истифода мекард, чунин ҳаводисе рӯй намедод ва дар сурате, ки ин вазъ идома пайдо кунад масеҳиён ҳаққ доранд аз маҳофили байналмилалӣ ба вижа Созмони Милал ва Шӯрои ҳуқуқи башар дархости кӯмак намоянд.

Манбаъ гуфт: Мо ба унвони масеҳиёни мисрӣ бахше аз ин кишвар ҳастем ва ба монанди мусалмонон ҳуқуқи худро дорем, вале баробарӣ дар ҳаққи масеҳиён сурат намегирад ва мутаассифона, масеҳиёни Миср паёмадҳои инқилоби Мисрро таҳаммул мекунанд. Масеҳиён кушта мешаванд ва дороиҳои онон тороҷ мешавад. Аз ин ҷиҳат бояд артиш мустақиман дар ин замина дахолат кунад ва аз ҳуқуқи масеҳиён ҳимоят кунад.

Дар сурате, ки салафиҳо ба ин иқдомоти худ идома бидиҳанд ва масеҳиён хостаи худро байналмилалӣ кунанд, салафиҳои Миср баҳои сангине хоҳанд пардохт.

Бар асоси ин гузоришҳо, пас аз даргирии хунин, ки муқаддамоти он аз ҳафтаҳо пеш фароҳам шуда буд, артиш ва нерӯҳои зиддишӯришии Миср бо истиқрор дар маҳалли даргириҳо эълом карданд бо ҳар гуна иқдоми зидди қонун ба шиддат муқобила хоҳанд кард. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, артиши Миср Кумитаҳои махсуси бозрасӣ дар шаҳри Қоҳираро таъсис додааст, то монеъи расидани мусалмонон ва масеҳиён ба минтақаи даргириҳои мазҳабӣ шаванд.

Муфтии Миср Алӣ Ҷумъа, низ оқибатҳои нохуши ин даргириҳоро зикр карда аз элитаи сиёсиву фарҳангӣ ва рӯҳониёни мусалмону масеҳӣ даъват ба амал оварда гуфт, ки бояд ҳарчи тезтар кӯшиш намоем, ки ин оташи фитнаро хомӯш ва мавзӯъро ба таври комил нуқта гузорем. Чун ки гурӯҳҳои хориҷие ҳастанд, ки аз ором будани Миср хушашон намеояд. Ба ҳамин хотир талош доранд ҳар чӣ тезтар дар Миср ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардаду онҳо ба ҳадафҳои палиди худ бирасанд.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 10.05.2011 21:38
bo arzi tassuf az in tarjumon va muhaqqiq ki guftast dasti khoriji dorad ishtiboh kardast hamchini chize vujud nadorad in otashi fitna qabl az inqilob bud sabab islomi yak dukhtari masihi bud faqat na dasthoi khoriji in sukhanho kuhna hast dar misr ammo dar tj bale>
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi