02:28:33 28-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЧАРО ҲАМЛА БА САФОРАТИ ИСРОИЛ ДАР МИСР СУРАТ ГИРИФТ?

Ҳамлаи ҷавонони Миср ба сафорати Исроил дар Қоҳира ҷаҳони Ғарб ва дастнигарони он дар Шарқро ба ларза даровард. Чун Исроил ба намояндагӣ аз Ғарб дар Ховари Миёна ба ноором кардану фитна андохтан миёни мардум ва ҳукуматҳояшон айбдор дониста мешуд, «лонаи ҷосусиаш»-ро дар хонаи наздиктарин дӯсти собиқи худ, яъне дар Миср, тасхир карданд.

/images/stories/2011/09/12_miting_12.9.2011.jpgҲазорон нафар аз ҷавонони инқилобии Миср, ки дар ҳафтаи қабл беш аз чанд маротиба дар назди сохтмони сафорати Исроил дар Қоҳира барои кушта шудани 5 нафар сарбози кишварашон дар марзи Исроил ва Миср тазоҳурот карда буданд, субҳи рӯзи ҷумъа, 9-уми сентябр, низ тазоҳуроти эшон дар майдони Ат-Таҳрири Қоҳира оромона сурат мегирифт ва онҳо хоҳони ихроҷи сафири Исроил аз Миср шуданд…вале гурӯҳе аз ҷавонон диданд, ки сухани эшон асар намекунад, асри ҳамон рӯз даст ба амал зада, нахуст деворе, ки як ҳафта қабл дар атрофи бинои 21 ошёнаи сафорати Исроил дар Қоҳираро, ки барои ҳифозати он сохта шуда буд, хароб карданд ва парчами Исроилро аз фарози ин сафорат ба замин кашида сӯзониданд ва… 

Моҷарои ҳодиса

Моҷаро аз кушта шудани 5 нафар аз сарбозони мисрӣ дар марзи Исроил ва Миср оғоз шуд ва пас аз он тазоҳурот ва дар ибтидо додхоҳии мардум оромона шакл гирифт. Мардум чун диданд, ки давлати интиқолӣ дар ин масъала камтаваҷҷуҳӣ мекунад, худ вориди амал шуданд, то посухи густохии исроилиҳоро бидиҳанд.

Ҳарчанд дар ҳамлаи мисриҳо ба сафорати Исроил беш аз ҳама мисриҳо хисороти ҷонӣ ва молиро мутаҳаммил шуданд, аммо ин воқеа ва дар маҷмӯъ фазои мавҷуд дар Ховари Миёна собит кард, ки Исроил дигар ҳамчун гузашта масуният надорад ва наметавонад ҳамчун гузашта дар зери чатри қудратҳои фароминтақаӣ даст ба рафторҳои худсарона бизанад.

Ҳусайн Ревайрон, коршиноси Ховари Миёна, дар сӯҳбат ба хабаргузории «Хабар он лайн» гуфт: кушта шудани 5 нафар сарбози мисрӣ асароти муҳиммеро барои Исроил ба бор хоҳад дошт. Ин фазо ба шиддат қобили таҳрик аст. Ҳамин иқдоми густохонаи Исроил кофӣ буд, ки шарораҳои ҳамла ба сафорат зада шавад. Шароит дар минтақа тағйир кардааст ва режимҳои вобастае, ки бар асоси хости Исроил омода мекарданд, тамом шудааст. Ба қавли вай, тайи беш аз як моҳ аст, ки ҳеч рафту омаде дар ин сафорат сурат нагирифта аст.

Аммо дар ҳар ҳол ҳамла ба сафорати Исроил иттифоқи муҳиме аст, ки баёнгари фазои зиддиисроилии мавҷуд дар Миср аст. Ин иқдом собит кард, ки паймони «Кемпи Девид» ба мардум таҳмил шуда ва аз пойгоҳи иҷтимоӣ бархӯрдор набуда аст…

Шароити зидди исроилӣ дар Миср ба гунае аст, ки Исроил ногузир аст онро ба навъе дар назар бигирад. Исроилиҳо низ эҳсос кардаанд, ки набояд ба навъе таҳрикомез бархӯрд кунанд. Агар дар гузашта (замони ҳукумати Ҳуснӣ Муборак) садҳо мисрӣ ҳам кушта мешуд, ҳеч иттифоқи хоссе намеуфтод, аммо алҳол авзоъ тағйир карда ва ба хотири кушта шудани ҳатто як мисрӣ мумкин аст вокунишҳои ҷиддӣ сурат бигирад.

Муҳоҷимин ҷавонони инқилобӣ набуданд?

Дар ҳамин ҳол,  пойгоҳи хабарии «Ал-олам», ба нақл аз шоҳидони айнӣ менависад: «касоне, ки дар он вақт дар баробари сафорати режими саҳюнистӣ ҳузур доштанд, иртиботе бо ҷавонони инқилобии Миср ва дигар ташаккулҳои инқилобӣ надоранд». Ҳамзамон аксар ташакуллҳои  инқилобии Миср бо судури баёнияҳое эълом кардаанд, ки аз асри рӯзи ҷумъа атрофи сафорати саҳюнистиро дар Қоҳира тарк кардаанд.

Ба қавли манбаъ: «касоне, ки он замон дар муқобили сафорати Исроил ҳузур доштанд, зоҳирашон бо ҷавонони инқилобӣ ҳамхонӣ надошт». Эшон ҳангоме, ки мошинҳои полис аз назди ин сафорат радду бадал мешуданд, ба сӯи онҳо санг партоб карданд, ки боиси даргирӣ миёни ҷавонони мазкур ва нерӯи полис гардид ва дар натиҷа беш аз 800 нафар захмӣ ва кушта бар ҷой гузошт, ки байни онҳо наздик ба нафарашонро нерӯҳои полиси Миср ташкил дод.

Хабаргузории Фаронса аз садои тир дар атрофи сафорати Исроил гузориш додааст, вале ҳанӯз равшан нест, ки чӣ касе тирандозӣ кардааст. Дар поён тазоҳуркунандагон муваффақ шуданд вориди бахше аз сафорати Исроил шаванд ва ҳазорон санадро аз панҷараҳо ба берун андозанд.

Обама ибрози нигаронӣ мекунад

Ба гузориши хабаргузории давлатии Миср, тазоҳуркунандагон вориди бойгонии сафорат шуданд, ки як табақа поёнтар аз дафтари аслии сафорат қарор дорад. Сафорати Исроил дар бахши болоии як сохтмони бисттабақаӣ воқеъ аст. Исҳоқ Лавлонун, сафири Исроил дар Миср, субҳи рӯзи шанбе ҳамроҳ бо хонавода ва коркунони сафорат бо ҳавопаймо, Мисрро тарк кард. Инро хабаргузории Фаронса ба нақл аз мақомоти фурӯдгоҳи Қоҳира, гузориш додааст.

Обома, дар гуфтугӯи телефонии худ бо Бинямин Натаняҳу, нахуствазири давлати ишғолгари Исроил, нигаронии амиқи худро аз ин пайомад иброз дошта, аз давлати Миср хостори ҳимояти сафорати Исроил дар Қоҳира шудааст ва ҳамчунин вазири дифои Исроил аз ҳамтои амрикоии худ хост, ки дар робита бо муҳофизат аз сафорати Исроил кӯмак кунад.

Телевизиони давлатии Миср гузориш дод, ки сафири Исроил дар Миср пештар бо яке аз генералҳои шӯрои низомии ҳоким бар Миср, мулоқот карда буд. Тибқи гузориш, сафири Исроил дар ин дидор музтариб ва нигарон ба назар мерасид.

Мансур Исавӣ, вазири кишвари Миср, вазъияти Қоҳираро фавқулъода эълон кард ва кобинаро ба нишасти изтирорӣ фаро хонд. Шомгоҳи ҷумъа, артиши Миср даҳҳо мошинҳои зиреҳпӯш ва садҳо сарбозро гирди сафорати Исроил, мустақар кард. Ҳамакнун, дар байни кишварҳои арабӣ танҳо ду кишварест, ки бо Исроил муъоҳидаи сулҳ доранд, яке Миср ва дигарӣ Урдун аст.

Миср ва Исроил дар соли 1979 милодӣ ва ба ташаббуси Ҷимӣ Кортер, раиси ҷумҳурии вақти Амрико, паймони сулҳи Кемп Девидро имзо карданд. Муборак низ дар муддати сӣ соли ҳумкрониаш ҳамеша манофеъи Исроилро дар мадди аввал мегузошт. Аз ин рӯ давлатмардони Исроил бо пуштибонӣ аз Ҳуснӣ Муборак, ҳатто кӯшиш дахолат кардан дар ҳоли мурофиаи судӣ ва даст кашидан аз эъдоми ӯро то чанд рӯзи пеш борҳо хоста буданд. Исҳоқ Левонун, сафари Исроил дар Миср, ки бо ҷамъи беш аз 80 нафар аз мақомоти дипломатии Исроил, хоки Мисрро тарк карданд, аз ҷумлаи афроди наздик ба Муборак ва ҳукуматаш шинохта мешуд, акнун баъд аз ба қафас афтодани «Фиръавн»-и Миср муносибатҳои ду кишвар дар инзиво қарор гирифтаанд…

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 12.09.2011 11:57
Исроил дига бояд майда майда бору палосша ҷамъ кунад ва худуша ай Азия гум кунад.
иншоаллоҳ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi