САҲМГУЗОРӢ БА РОҒУН-АФВИ НАВИ САРМОЯ?
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо интишори як фармон пули харидорони саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро таҳти ҳимояти давлат қарор дод. Ҳамчунин манбаъ ва шеваи дарёфти ин сармояҳо пажӯҳиш нахоҳанд шуд. Бар асоси ин фармон, ки ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» ном гирифтааст, маблағҳои афроде, ки саҳмияҳои «Роғун» -ро харидорӣ мекунанд, қонунӣ ҳисобида шуда, ин шахсон дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунгузории кишвар аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.
ШАФФОФ Ё ПИНҲОН?
Фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле интишор гардид, ки баъд аз як ҳафтаи дигар фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» тавассути Бонки давлатии «Амонатбонк» дар саросари ҷумҳурӣ оғоз хоҳад шуд. Ба ин тартиб ин фармон заминаи қонунии харидории саҳмияҳо тавассути сокинони кишварро таъмин хоҳад кард.
Аз ҷумла Шариф Раҳмзода, раиси Бонки милллии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, «Роғун – сохтори давлатӣ аст ва ҳар сохтори давлатиро дар пушташ давлат истодааст. Ҳар сохтори давлатие, ки дар пушташ давлат аст кафолати давлатро дорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ борҳо дар суханрониаш таъкид кардаанд, мо кафолат медиҳем».
Тибқи фармони раиси ҷумҳур, хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бояд ихтиёрӣ сурат бигирад ва танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ширкату корхонаҳои ватанӣ ҳаққи хариди саҳмияҳои Роғунро доранд.
Вазорати молия ва Бонки милливу «Амонатбонк» вазифадор шудаанд, ки ҳар гуна маълумот дар бораи саҳҳомон ва саҳми онҳоро маҳрамона нигоҳ доранд. Ҳамчунин раисиҷумҳур бо амри худ санҷиши фаъолияти бонкҳо дар заминаи фурӯши саҳмияҳо, ҷамъоварии сармояҳо, сабти гувоҳномаҳои ширкати «Нерӯгоҳи Роғун» ва сарчашмаи маблағҳоро мамнӯъ эълон кардааст.
Дар санад ҳамчунин омадааст, ки пажӯҳиши ҳолатҳои қонуншиканӣ аз сӯи саҳҳомон ва ё кормандони бонкҳо танҳо бо иҷозаи Додситонии кулли кишвар сурат хоҳад гирифт. Бархе аз ҳуқуқшиносон иқдоми президенти Тоҷикистонро навъе идомаи иҷрои қонуни афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк ба хотири ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» арзёбӣ кардаанд.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин фармон дар баробари таъмини амнияти кафолати саҳмдорон, бояд бо таъмини шаффофияти бештар бовари мардумро ба харидории саҳмияҳои «Роғун» афзоиш диҳад. Вай мегӯяд: «шаффофият бояд таъмин карда шавад. Муҳим ном ва маблағ нест, балки мо ва харидорони саҳмия бидонанд, ки кадом ҳисса барои хариди саҳмия равона шуд ва кадом ҳисса аз ҳисоби хайрия барои кӯмак истифода шудааст.»
САРМОЯҲОИ ҚОНУНӢ Ё "ҚОНУНИШУДА"?
Дар фармони президент ҳамчунин таъкид шудааст, ки «маблағҳои пулии шахсоне, ки саҳмияҳои «Роғун» -ро харидорӣ намудаанд, қонунигардонида ҳисобида шаванд ва ин шахсон аз ҷавобгарӣ тибқи муқарароти қонунгузории Тоҷикистон озод хоҳанд шуд». Ба ин далел Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки фармон бештар ба манофеъи мансабдорон созгор аст. Вай фармони ахири раисиҷумҳурро "як қонуни дигари афви сармоя" номид.
Вай мегӯяд: "Ин танҳо барои харидории саҳмияҳо тавассути мардуми оддӣ равона нашудааст, балки барои мансабдорон ва афроди алоҳидае, ки дар давоми чандин солҳо маблағи калонро ба даст оварданд, вале натавонистаанд қонунӣ кунанд. Имрӯз ҳамин чизро аз нав баррасӣ намуданд, як меъёри ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти онҳо ба миён оварданд.»
Зимнан, президент Раҳмон дар моҳи майи соли 2007 қонуни афви шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста ба қонунигардонии молу мулкро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буд, вале баъдан мӯҳлати амали ин қонун ду маротиба аз сӯи палатаи поёнии парлумон тамдид гардид. Зеро на ҳама афроди доро тавонистаанд, дар замони таъиншудаи қонун дороиҳои хешро қонунӣ гардонанд.
Ҳамакунун бо он ки фурсати хуберо барои қонунигардонии маболиғи афроди доро муҳайё шудааст, Шокирҷони Ҳаким, яке дигар аз ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, давлатро лозим аст, то аз тариқи ворид кардани тағйирот ба «Қонун дар бораи моликияти истисноии давлат» ибораи моликияти истисноии давлат будани неругоҳи барқӣ-обии «Роғун» -ро ҳазф кунад, «бояд «Роғун» аз номи иншооти хусусияти миллидошта берун карда шавад ва дар ин сурат мардум метавонанд, саҳмия харидорӣ кунанд.».
Ин дар ҳолест, ки президент дар ин фармон ҳукуматро вазифадор кардааст, ки бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ кунад ва такмили санадҳои қонунгузориро пешниҳод намояд. Ҳукумати Тоҷикистон Корхонаи алюминии Тоҷикистон -ТАЛКО ва нерӯгоҳҳои барқӣ-обии «Норак» ва «Роғун» дар моҳи феврали соли ҷорӣ моликияти истисноии давлат эълом кард ва ин пешниҳод аз сӯи парлумони кишвар пуштибонӣ шуд.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1440-sahmiyaguzori-ba-roghun-afvi-navi-sarmoya.html
-
07.08.2025 13:52
136
Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
-
02.08.2025 13:05
142
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
-
26.07.2025 17:32
176
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
-
07.05.2025 23:59
645
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
771
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
647
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
08.08.2025 20:31
109
Вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ
-
07.08.2025 13:50
122
Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
-
03.08.2025 15:15
122
EXPO-2025: Ҳамарӯза гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамоянд
-
14.10.2024 18:41
1122
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1844
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3526
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
07.08.2025 13:48
129
Коррупсия ба проблемаи глобалӣ мубаддал гардидааст
-
05.08.2025 23:36
139
Нишасти матбуотии Прокурори вилояти Хатлон
-
04.08.2025 16:45
157
Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шудааст
-
17.07.2025 18:32
175
“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода!”
-
15.05.2025 13:28
653
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
656
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
15.04.2025 11:44
608
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
648
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
599
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
968
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1160
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2031
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
768
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
752
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1945
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2267
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2263
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2472
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.04.2025 14:10
573
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
696
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
602
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3064
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3228
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3687
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?