ИЗҲОРОТИ УЗБАКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОРАИ РОҒУН
Узбакистону Қазоқистон омодаанд дар консорсиюми байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун саҳм бигиранд, дар сурате, ки масоили зистмуҳитии ин нерӯгоҳ аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ баррасӣ шавад. Нурсултон Назарбоев пас аз дидору гуфтугӯ бо ҳамтои узбакаш дар Тошкант, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ин тақозои ду президент нест, балки хоҳиши мардумони ду кишвари поёноб аст, ки мехоҳанд мутмаин бошанд, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва Қамбарота-2 дар Қирғизистон барои мардуми ин минтақа хатари техногенӣ ва зистмуҳитӣ эҷод намекунад.
Ин изҳороти руасоси ҷумҳури Қазоқистон ва Узбакистон дар замоне садо дод, ки раисҷумҳури Туркманистон, кишвраи поёноби дигар, барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Гузашта аз ин, ин дидгоҳ дар замоне дубора матраҳ шуд, ки Тоҷикистон барои экспертизаи байнулмилалии Роғун розӣ аст ва дар ин бора бо Бонки ҷаҳонӣ меморандум имзо кардааст. Ба ин далел, бархе аз коршиносон пуштибонии Нурсултон Назарбоев аз мавқеъи Узбакистон дар робита бо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ҷузъ як иқдоми дипломатӣ чизи дигаре намедонанд.
Сӯҳроб Шарифов, раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ҳам аз сухани президент Назарбоев ёдовар гардид, ки гуфта буд, Тоҷикистону Қирғизистон ҳақ доранд, то дар қаламрави худ нерӯгоҳҳо бунёд кунанд, агар сохтмонҳо бар асоси экспертиза сурат бигиранд. Бо вуҷуди ин ҷаноби Шарифов,тақозои ахири ду раисҷумҳурро дар мавриди экспертиза иқдоми дершуда медонад, зеро, ба бовари ӯ, Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз ин изҳорот ба экспертиза розӣ шудаанд ва аз он ҳарос надоранд.
Ҷаноби Шарифов гуфт, тақозои экспертизаи фанниву зистмуҳитӣ як баҳона аст. Ба ин далел, Тоҷикистон лаҳзае дар сохтмони нерӯгоҳ таъхир нахоҳад кард, ҳарчанд Тошкант ва Остона гуфтаанд, ки Тоҷикистон бояд то поёни экспертиза кори сохтмонро бояд қатъ кунад. Ба эътиқоди ҷаноби Шарифов, имкон дорад баҳси кишвраҳои поёноб ва болооб бо натиҷаи экспертиза хулоса нашавад, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад танҳо ба назари як кишвар гӯш диҳад.
Бархеи дигар аз коршиносон низ изҳороти ахири раисҷумҳурони Қазоқистон ва Узбакистонро дершуда меҳисобанд. Вале ба назари онҳо, дар ин инҳорот низ манфиати он кишварҳо матраҳ аст, Яъне раҳбарони он ду кишвар медонанд, ки экспертиза сохтмони нерӯгоҳҳоро қатъ намекунад ва ин нерӯгоҳҳо бо пуштибонии Ғарб сохта хоҳанд шуд. Ба ин васила мехоҳанд аз саҳм гирифтан дар ин сохтмон ва масъалаҳои тақсими захираҳои об бенасиб намонанд.
Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1952-2010-03-18-18-15-46.html
-
28.06.2025 14:54
220
Суханронӣ ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
-
22.06.2025 14:51
229
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
337
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
07.05.2025 23:59
573
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
691
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
577
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
07.07.2025 17:36
181
Мақомоти Свердловск бо Тоҷикистон дар мавриди таҳияи тарҳҳои муштарак тавофуқ кардаанд
-
05.07.2025 14:07
165
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
218
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
14.10.2024 18:41
1052
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1775
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3453
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
21.07.2025 12:48
89
“Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст!
-
21.07.2025 12:45
88
“Сухан бояд созанда бошад на сӯзанда”
-
21.07.2025 12:42
86
“Танзими ҷашну маросим”
-
15.05.2025 13:28
574
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
587
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
821
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
15.04.2025 11:44
534
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
575
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
533
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
854
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1084
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1955
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
695
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
678
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1868
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2197
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2193
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2402
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
623
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
533
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
1024
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
07.10.2019 10:46
2980
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3152
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3601
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
20.07.2025 13:11
89
Оташбас поёни ҷанг буда метавонад
-
06.07.2025 23:01
156
Путин дар нишасти БРИКС дар бораи ояндаи ин Иттиҳодия сухан гуфт
-
25.02.2025 13:21
618
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд