ТАЪСИРИ “МУҲОСИРАИ” ӮЗБАКИСТОН БАР ТАРҲИ “РОҒУН”
Масъулони ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” мегӯянд, ки ба далели “муҳосираи” Ӯзбакистон умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ коҳиш ёфтааст. Нурулло Шулашов, раиси ин ширкат, гуфт, ки дар пайи таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон онҳо наметавонанд таҷҳизоти зарурӣ барои анҷоми умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун”-ро ворид кунанд.
Барои ҳалли ин мушкил давлат тасмим гирифтааст, ки қисмҳои эҳиётӣ ва таҷҳизоти заруриро тавассути ҳавопаймо ва аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид кунад. Оқои Шулашов рӯзи ҷумъаи 19 ноябр дар сӯҳбате телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар чанд моҳи ахир мизони анҷоми умури сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи “Роғун” ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст. Вай афзуд: "Бархе аз нақшаҳои мавриди назари мо иҷро нашуданд. Сабаби ин амр нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ аст. Масалан, мо ба чархҳои бузурги комюнҳои “БелАЗ” ниёз дорем, вале Ӯзбакистон намегузорад, ки вогунҳои ҳомили ин колоҳо ба Тоҷикистон ворид шаванд."
Оқои Шулашов аз анвоъи дигари масолеҳ ва таҷҳизот ном бурд, ки ҳоло ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” барои анҷоми умури сохтмонӣ ба онҳо шадидан ниёз дорад. Дар авоили моҳи гузашта масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" изҳор доштанд, ки Ӯзбакистон бархе аз вогунҳои ҳомили коло ва мавод, аз ҷумла чархҳои комюнҳо барои нерӯгоҳи “Роғун”-ро раҳо кардааст.
Вале Нурулло Шулашов ин иддаъоро рад кард ва гуфт, ки тақрибан аз авоили соли ҷорӣ то кунун Ӯзбакистон ба ҳеҷ як вогуни ҳомили коло ва мавод барои нерӯгоҳи “Роғун” иҷозаи убур ба Тоҷикистонро надодааст. Зимнан, дар тобистони соли ҷорӣ дар дидори Президент Раҳмон бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон, дар шаҳри Тошканд тавофуқ шуда буд, ки ин кишвар дигар аз тронзити вогунҳои Тоҷикистон монеъ намешавад. Вале мақомоти расмӣ таъкид карда буданд, ки ин муқаррарот ба вогунҳои ҳомили коло ва мавод барои нерӯгоҳи “Роғун” рабт надорад.
Оқои Шулашов дар посух ба ин суол, ки оё роҳи ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад, гуфт, ки ҳоло ниҳодҳои зирабт машғули баррасии ин мавзӯъ ҳастанд. Вай афзуд: "Тасмим шуд, ки коло ва маводди мавриди ниёзи мо тавассути ҳавопаймо ва аз роҳи заминӣ аз тариқи қаламрави Афғонистон ворид карда шаванд. Албатта, ин амр қимати коло ва таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳро бамаротиб гарон месозад. Вале мо роҳи бозгашт надорем."
Ӯзбакистон пайваста бо сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” шадидан мухолифат кардааст. Ба эътиқоди мақомоти ин кишвар, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Ӯзбакистон бо камбуди об рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҷониби Тоҷикистон ин иддаъоро рад мекунад ва изҳор медорад, ки обанбори “Роғун” аз ҳисоби саҳми ин кившар аз оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ пур карда хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, давлати Тоҷикистон бо бозрасии байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” мувофиқат кардааст. Ахиран дар озмун барои интихоби ширкати бозраси ин тарҳ ширкатҳои “Coyne et Bellier Consulting Engineers” аз Фаронса, “Electroconsult” аз Итолиё ва “IPA Energy Water Consulting” аз Бритониё пирӯз шудаанд ва барои анҷоми ин амр як кунсерсиуми байналмилалӣ ташкил хоҳад шуд.
Интихоби ширкате, ки асароти зистмуҳитии тарҳи “Роғун”-ро бозрасӣ хоҳад кард, то авосити моҳи оянда ба таъхир гузошта шудааст. Нурулло Шулашов хабар дод, ки қарор аст то авохири соли ҷории мелодӣ бозрасон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба кор оғоз кунанд. Вай афзуд, ки тибқи тавофуқоти давлати Тоҷикистон бо созмонҳои молии байналмилалӣ, то анҷоми бозрасии молӣ, фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи “Роғун” дар ин нерӯгоҳ ҳеч умури нави сохтмонӣ, ба ҷуз умури бозсозии таъсисоти мавҷуда, анҷом нахоҳад шуд.
Ба ин далел, замони бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохтмони садди обанбори ин нерӯгоҳ ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ахиран дар сойти интернетии Вазорати молияи Тоҷикистон хабаре мунташир шуд, ки тибқи он ҳазинаи куллли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 2,3 милёрд дулор пешбинӣ шудааст. Аммо коршиносон мӯътақиданд, ки ҳазинаи ин тарҳ бамаротиб бештар аз ин рақам хоҳад буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3615-2010-11-19-08-22-54.html
-
07.08.2025 13:52
140
Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
-
02.08.2025 13:05
145
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
-
26.07.2025 17:32
180
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
-
07.05.2025 23:59
648
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
776
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
650
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
08.08.2025 20:31
114
Вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ
-
07.08.2025 13:50
124
Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
-
03.08.2025 15:15
125
EXPO-2025: Ҳамарӯза гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамоянд
-
14.10.2024 18:41
1124
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1846
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3529
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
15.08.2025 17:41
80
Танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон
-
08.08.2025 20:29
105
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи фардии ҳар як инсон аст
-
07.08.2025 13:48
131
Коррупсия ба проблемаи глобалӣ мубаддал гардидааст
-
17.07.2025 18:32
178
“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода!”
-
15.05.2025 13:28
656
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
658
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
15.04.2025 11:44
610
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
653
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
601
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
970
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1162
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2033
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
771
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
755
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1948
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2269
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2265
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2475
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.04.2025 14:10
578
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
698
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
605
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3066
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3230
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3690
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?