15:40
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ДИДОРИ АҲМАДИНАЖОД БО РАҲМОН ДАР ДУШАНБЕ
Мақолаҳо - Сиёсат
09.06.2010 12:30

Раиси ҷумҳурии Эрон, ки барои анҷоми сафаре давлатӣ вориди Тоҷикистон шудааст, бо Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад. Оқои Аҳмадинажод соъати сеи субҳ вориди Душанбе шуда ва ҳоло мулоқоти як ба яки вай бо оқои Раҳмон дар бустонсарои давлатии Тоҷикистон идома дорад. Интизор меравад дар ин дидор раҳбарони ду кишвар роҳҳои густариши ҳамкориҳо бо ҳамдигарро баррасӣ кунанд.

 

Соъате пас қарор аст раиси ҷумҳурии Эрон дар ҳамоиши байналмилалии "Об барои ҳаёт" дар Душанбе ширкат ва суханронӣ кунад. Баъд аз он мулоқоти ҳайъатҳои расмии Эрону Тоҷикистон дар бустонсарои Пуӯус, дар дараи Варзоб, оғоз мешавад. Оқои Аҳмадинажод пас аз анҷоми сафар ба Тоҷикистон барои ширкат дар намоишгоҳи "Экспо"-и Чин ба Шонгҳой сафар хоҳад кард. Бархе расонаҳо қаблан нафишта буданд, ки вай эҳтимолан дар нишасти Шонгҳой дар Тошканд низ ширкат хоҳад кард, вале ин хабар таъйид нашудааст.

 

Сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом мешавад, ки мавзӯъи эъмоли таҳримҳое тоза алайҳи Эрон дар Шӯрои Амнияти СММ ба раъй гузошта шудааст. Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико гуфтааст, ки дар сурати тасвиб, ин таҳримҳо муҳиммтарин таҳримҳо алайҳи Эрон то кунун хоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе соҳибназарон сафари Аҳмадинажод ба Чинро талоше барои касби пуштибонии ин абарқудрат донистаанд.

 

Аз сӯйи дигар, Тоҷикистон низ ба ширкати Аҳмадинажод дар ҳамоиши байналмилалии об сахт алоқа дошта, чун вай танҳо раҳбарест, ки бо ширкат дар ин ҳамоиш сатҳи онро болотар хоҳад бурд. Тоҷикистон ин ҳамоишро дар айни шиддат гирифтани ихтилофоташ бар сари захоири обу энержӣ бо кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон баргузор мекунад, кишваре, ки бо тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон башиддат ибрози мухолифат карда ва онҳоро барои худ зиёнбор тавсиф мекунад.

 

Соҳибназарон мӯътақиданд, ки Тоҷикистон, ки дар ин замина ҳимояти Русияро низ натавонистааст ҷалб кунад, акнун бо подармиёнии Эрон мехоҳад ба ҳамсояаш гӯшзад кунад, ки зери бори фишорҳои Тошканд нахоҳад рафт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2448-2010-06-09-07-37-40.html

Миқдори нигориши мавод: 267

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh