22:44:30 17-уми Июни 2025 сол

БАРРАСИИ ИМКОНИ БОЗГАШТИ МАРЗБОНОНИ РУС БА ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон ва Русия мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои муроқибат аз марзро баррасӣ мекунанд. Аммо гуфта мешавад тасмими ниҳоӣ дар ин замина ба “иродаи ду кишвар” бастагӣ дорад.

 

Ин матлаб рӯзи панҷшанбеи 1 июл аз сӯйи Виктор Иванов, раиси Идораи федероли назорат бар маводди мухаддири Русия баъд аз дидори вай бо Президент Раҳмон эълом шуд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 2005 ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ба дӯши марзбонони рус вогузор шуда буд. Таҳвили ҳифозати ин марзҳо ба марзбонони тоҷик дар соли 2005 дар расонаҳои Русия вокунишҳои тезу тунде ба дунбол дошт.

 

Ҳоло низ коршиносон ва сиёсатмадорони рус иддаъо доранд, ки "тоҷикон батанҳоӣ наметавонанд умури муроқибат аз марз бо Афғонистонро анҷом диҳанд ва Русияро лозим аст таъмини амният дар марзҳои ҷанубии кишварҳои ҳамсудро ба ӯҳдаи худ бигирад."

 

Виктор Иванов баъд аз дидори худ бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои кишвараш мубориза бо маводди мухаддир дуртар аз марзҳои Русия, яъне дар қаламрави кишваре назири Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, муассиртар хоҳад буд. Бо ин вуҷуд, оқои Иванов аз давлати Тоҷикистон барои ҳифозати марз бо Афғонистон ва мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ситоиш кард ва гуфт, ки "давлати Тоҷикистон дар ин замина талошҳое анҷом медиҳад."

 

Вай ҳамчунин аз талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар заминаи ҳифозати марзҳо изҳори қаноъатмандӣ кард ва гуфт, ки давлати Русия низ барои ироаи кумакҳо дар заминаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир ба Тоҷикистон омода аст. Ин дар ҳолест, ки баъд аз хурӯҷи нерӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон, як гурӯҳи беш аз саднафарии афсарони марзбони рус ҳамчунон дар ин кишвар ба унвони мушовир фаъолият мекунанд.

 

Тибқи иттилоъи манобеъи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, онҳо маъмулан ба омӯзиши марзбонони тоҷик ва ироаи кумакҳои ҳирфаӣ ба манзури ҳифозати муассир аз марзҳо машғуланд. Вафо Ниятбеков, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон мегӯяд, ки бозгашти комили марзбонони рус ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ғайривоқеъӣ ба назар мерасад.

 

Ба эътиқоди вай, ҳатто агар дар ин замина тасмиме гирифта шавад, пас ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба таври муштарак анҷом хоҳад шуд ва ё Русия теъдоди мутахассисони худ дар Тоҷикистонро афзоиш хоҳад дод. Бо ин вуҷуд, оқои Ниятбеков мегӯяд, ки бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир муассир хоҳад буд.

 

Вай афзуд: "Мусаллам аст, ки имконоти Русия барои амалиёти иктишофӣ бештар аз имконоти Тоҷикистон аст ва ин амр барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир метавонад муассир бошад."

 

Аз сӯйи дигар, Вафо Ниятбеков бар ин назар аст, ки Русия дар қиболи афзоиши нерӯҳои Омрико дар Афғонистон мехоҳад ҳузури низомии худ дар Тоҷикистонро тақвият диҳад ва ин нукта ҳадафи аслии матраҳ шудани мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон аст. Аммо ба эътиқоди Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсӣ, музокирот барои бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон тӯли чанд соли ахир ба сурати "ғайрифаъол" идома дорад.

 

Вай гуфт: "Бозгашти марзбонони рус ҳарчанд имконпазир аст, вале душвор ба назар мерасад. Зеро ба дунболи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҳоло Русия қодир нест, ки миқдори зиёде аз нерӯҳои худро битавонад ба кишваре дигар эъзом кунад."

 

Оқои Муллоҷонов мегӯяд: "Тоҷикистон танҳо дар сурати муъомила бо Русия метавонад бозгашти марзбонони русро бипазирад, масалан агар Русия дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" гузаштҳое кунад ё кумакҳои чашмраси молӣ ба Тоҷикистон ихтисос диҳад."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2588-2010-07-01-11-40-57.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ