15:52
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ЧАРЛЗ МУР М. УБАЙДУЛЛОЕВРО БА ЛОНДОН ДАЪВАТ КАРД
Мақолаҳо - Сиёсат
30.07.2010 12:03

Масъалаҳои таҳкими ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир зимни  мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Чарлз Мур дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Саидов, нахустин ҳайати парлумонии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таҳти роҳбарии лорд Вейверли 16 ноябри соли 2009 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд ва Меморандуми гурӯҳи дӯстии парлумониро байни ду кишвар ба имзо расонид.

 

Дар мулоқот дипломати бритонӣ даъватномаи парлумони Британияро ба раҳбарияти палатаи болоии парлумони Тоҷикистон супорид, ки тибқи он моҳи ноябри соли равон ҳайати намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Лондон сафар хоҳанд кард ва бо фаъолияти парлумони ин кишвар ошно хоҳанд шуд.

 

Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои дигари мавриди  таваҷҷӯҳи тарафайн, хусусан тавсеаи равобити ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро баррасӣ карданд.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2794-2010-07-30-07-05-15.html

 

 

Миқдори нигориши мавод: 285

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh