МУЛЛО АБДУЛЛО НЕСТ ШУД, ВАЛЕ ЭҲТИЁТ: АБДУЛЛОЗОҲО ЗИНДААНД!
Хабари нобудшавии Мулло Абдуллоро бо дастааш хондаму шукр гуфтам. Гарчанде барои мурдани инсон шукргузорӣ гуноҳ аст. Вале боз ҳам шукр мегӯям. Чунки ин тоифаро инсон гуфтан таҳқир бар бузургтарин додаи Худовандӣ – Ақл аст, ки ҷойгоҳаш дар мағзу шуури инсон таъйин шудааст.
Мулло абдуллоҳо орӣ аз ин неъмати илоҳианд. Фақат ҳайвони дарранда шабеҳи гурги гурусна дар камари шахи касногузар ва ғори лошахӯрон пайи ҳалоки дигар ҳамҷинсон камин мегирад. Чӣ тафовутест миёни сияҳғори Мулло Абдулло, ки дар барномаи «Ҷаҳоннамо» нишон дода шуд ва зистгоҳи ҳайвонот? Агар роҳи ислом чунин зиндагии ҳайвонӣ ва куштори ҷавонони бегуноҳ (мурод сарбозони ҷавонмаргеанд, ки аз дасти ин ҳайвонсиратон ба қатл расиданд) аст, пас вой бар чунин мусулмонӣ!
Ҳақ бар ҷониби пири хирад Муҳаммад Иқбол аст, ки мефармояд:
Шабе пеши Худо бигристам зор,
Мусулмонон чаро хору залиланд?
Нидо омад: намедонӣ, ки ин қавм,
Диле доранду маҳбубе надоранд.
Ана ҷавҳари сухан куҷост! Маҳбуби мусулмонони мо пушти ғарази ашхосу гурӯҳҳои алоҳида ниҳон аст. Ислом дастаке барои расидан ба ин ғаразҳо гаштааст. Маҳз ҳаминҳоанд, ки абдуллоҳою бедакиҳоро бо шиорҳои авомфиреби исломӣ дар хидмати хеш қарор додаанду ҳар дафъа ба ҳаёти амну осудаи мардум нохуни кассифашонро мезананд.
Ман шукр бар марги Мулло Абдулло кардам. Валекин афсӯс бар решакан шудани қувваю ақоиди абдуллозо наметавонам шукр гуфт. Зеро то даме ин иблисҳои одамрӯй дар миёни мо ҳастанд, абдуллоҳову бедакиҳо боз ҳам зуҳур хоҳанд кард. Маҳз ҳаминҳо имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ даррандаи одамхореро, ки тиннати инсониашро гум кардааст, «шаҳид» мехонанду ҳушдор ҳам медиҳанд, ки «мулло абдуллоҳо камаз-камаз дар хоки Афғонистону Покистон рехта шудаанд ва боз хоҳанд омад».
Ин нотавонбинон чун нестии «шаҳиди бофта»-ашонро наметавонанд таҳаммул кард, давлатро гунаҳгор месозанд, ки рӯзе пеш аз тамриноти низомӣ дар кӯҳистони Рашт гузориш медиҳад ва рӯзе пас нест кардани дастаи Мулло Абдуллоро эълон мекунад. Офарин бар «ақли расоятон»! Давлат иштибоҳи бузурге кардааст! Ҳатман бояд тавассути тамоми ВАО эълон мекард, ки «Мӯхтарам Мулло Абдулло! Сароғоз аз ҳамин рӯз амалиёти несткунии Шумо оғоз гардид. Хоҳишмандем гурезед ё пинҳон шавед!».
Ман шукр бар тавонмандии нерӯҳои қудратии Тоҷикистон мекунам. Зеро онеро нест карданд, ки хоҷагону ҷонибдоронаш «Бини Лодани дуввум»-аш лақаб дода буданд. Ин аст посухи сазовортарин бар душманони сулҳу салоҳи мардуми тоҷик. Бигузор раъшаи ваҳм аз ҷазои индунёию ондунёӣ лаҳзае сокиташон нагузорад ва эшон напиндоранд, ки зимоми идораи мардумро тавонистаанд бо чанд шиори дурӯғини исломӣ ба дасти худ гиранд.
Чун сухан аз боби Мулло Абдуллост мехоҳам андешаи дигареро, ки ҳамеша таъзйиқам медиҳад, рӯи коғаз орам. Наход ин қадар пайравони асили ислом, ки бо имони поку нияти холис дар ҷомаеи мо арзи ҳастӣ доранд, аз вуҷуди мулло абдуллоҳо нангашон намеояд. Наход боре сар ба ҷайби тафаккур наандохтаву муқоиса накардаанд, ки маҳз исломи берун аз сиёсат, муллобачаи оддии мадрасаи Ғиждувон Садриддин Айниро то сатҳи поягузори адабиёти муосири миллӣ, Қаҳрамони миллати тоҷик ба воя расондааст.
Вале исломи сиёсатзада танҳо ва танҳо бадбахтию куштор, торикию таҳдид бар сари мо бор карда истодааст. Метавонанд гӯянд, ки абдуллою бедакиҳо муллои ҳақиқӣ нестанд, вале он ҷавонмаргони бадбахти 16-23 сола, ки ба ҷодаи ғалату фиреби сохтаи дингароён пой гузошта, пайрави ин бадсириштон гаштаанд, ҳама муллобача нестанд? Онҳоро бо амали шайтонӣ, фиреби омӯзиши ислом ва ваъдаи роҳату осоиши ҷаннатӣ дар дунёи дигар, ба ваҳшиёна несту нобуд кардани бародарони мусулмони худ раҳнамун сохтаанд.
Имрӯз онҳое, ки пайи нигаҳдории кӯдакону наврасон дар масоҷид талош доранд, аслан пешвоёни ақидавии абдуллоҳоянд ва намехоҳанд, ки тӯдаи ҷойгузини абдуллоҳо, сафафзоёни «камаз-камаз бурдашуда ва берун аз хоки Тоҷикистон рехташуда»-ро аз даст диҳанд. Агар инҳо имонашон софу беолоиш мебуд, ҳатман дар роҳи пок нигоҳ доштани ислом садо бароварда, амалҳои абдуллоиро маҳкум мекарданд, ба пайраву муридони худ мефаҳмониданд, ки «куштани одам ҷойиз нест, ҳатто дар роҳи Худованд агар бошад». Боре ба ин дастаи ҷинояткор бингаред.
Фақат Мулло Абдулло боқимондаи бадкирдорони солҳои 90 мебошад, боқимонда ҳам ҷавонону наврасонеанд, ки дар он солҳо тифл буданд. Наход ҳамон «роҳи рост»-е, ки муллоҳои мо талқин мекунанд, ҳамин бошад? Чаро муллоҳои маъруфи кишвар, намояндагони доираҳои рӯҳонӣ, мусулмони ҳуҷҷатдор (манзурам ҲНИТ ва аъзоёнаш мебошанд) ва ғайра ин амалро маҳкум намекунанд? Ё магар ҷонибдори ҳастии Мулло Абдулло ва кирдорҳои зиддиинсонию зиддидавлатии ӯ буданд?
Мулло Абдулло нест карда шуд, вале пуштибонони маънавии дохилӣ ва аҷнабии ӯ ҳоло зиндаанд. Онҳо ҳатман роҳҳои қасоситониро барои ин «хидматгори вафодор»-ашон тарҳандозӣ хоҳанд кард. Ҳеҷ сокини Тоҷикистон, новобаста аз касбу пешаи хеш, бояд худро аз ҳимояи сулҳу оромӣ дар кишвар канор нагирад. Мо ҳамеша аз боби нангу номусдорӣ дама мезанем. Номус ин ҳифз кардан аст. Ҳифзи зану фарзанд, модару хоҳар, зоду бум, миллату Ватан.
Агар дар тӯли таърих душман бо роҳи зӯрӣ ва ҳамлаҳои мусаллаҳона кишвареро ғасб мекард, имрӯз бо шаклу усулҳои навин, бо фиреби ғояю таҳоҷуми ақидавӣ, ки пушти онҳо манофеи динӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ ниҳонанд, дасти таарруз ҷониби тамаддуну истиқлолият, манофеи миллӣ ва сарватҳои ватании мо дароз карда истодааст.
Агар миллати баору номусем биёед новобаста аз диди ақидавию мансубияти ҳизбӣ, гирди ормонҳои ягонаи миллӣ муттаҳид гардему дигар имкон надиҳем, ки аҷнабиёну алоҳида ҳамватанони хиёнатпешаамон имкони истифодаи абдуллоҳою бедакиҳои навбатиро дар роҳи ноором сохтани вазъи кишварамон дошта бошанд. Номус қабл аз ҳама ойини Ватандорист. Зеро,
О-ваҳ, Ватан кулоҳ нест, то ки аз сарам,
Бардоштанду фикри кулоҳи дигар кунам.
Нуриддини Шамсиддин, омӯзгор
Шарҳҳо
RSS Обуна