23:58:04 02-уми Июни 2025 сол

ДОДОИ АТОВУЛЛО АЗ МУЛЛО АБДУЛЛОИ ДАР КӮҲ САНГАРГИРИФТА ПУШТИБОНӢ МЕКАРД

Яке аз фармондеҳони саҳроии минтақаи Осиёи Марказӣ Абдулло Раҳимов, ки ҳамчун террористи байналмиллалӣ ба худ унвони «Бен Ладен»-ро гирифта буд, чанде қабл бо кӯшиши муштараки нерӯҳои қудратии кишвар нобуд карда шуд.

Додои Атовулло0101Ин террористи ашаддӣ ҳамроҳ бо дастаи худ мӯҷиби ҳамаи нооромиҳои ахири минтақаи Рашт гардида, бо  кору кирдоре, ки аз мактабҳои террористии хориҷи кишвар андӯхта буданд, вазъи минтақаро халалдор менамуданд. Имрӯз аз нобудии ӯ аҳолии сулҳдӯсти кишвар осуда гашта, бахусус ормони волидайни он 28 сарбозе, ки тирамоҳи соли гузашта аз дасти Раҳимову ҳаммаслаконаш Алии Бедакӣ ва дигарон кушта шуда буданд, то ҷое шикаста гардид. Албатта, бо марги ӯ сарбозони қурбоншударо зинда кардан наметавон, вале қалбҳои чок-чоки модарони онҳо каме таскин ёфт.

Абдулло Раҳимов, ки  худро аҳли тақво ва диндон нишон дода, лақаби Мулло Абдуллоро гирифта буд, бо вуҷуди бузургсол буданаш, ҷангҷӯиро пешаи асосии  худ қарор дода, бо ин амали иртиҷоии хеш ба аҳолии минтақа таъсири амиқе гузошта буд. Мардуми осоиштаи Раштонзамин, ки ҳамеша хостори сулҳу салоҳ буданд, гарчанде вуҷуди Мулло Абдуллоро нодида гиранд ҳам, вале  дар қиболи даъватҳои ӯ аз фарзандҳояшон муқобилият нишон дода наметавонистанд. Бинобар ин, аксарияти  аъзои гурӯҳаш аз сокинони минтақаи мазкур буданд.

Қисмате аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки бо марги Мулло Абдулло вазъи кишвар ором хоҳад шуд ва  мардумро рӯҳияи  оромӣ фаро гирифтааст. Аммо  марги Мулло Абдулло қалби нафареро, ки ҳаммаслаки равонии онҳо буд, шикаст, гарчанде  дар ин бора ҳарфе намезанад. Шояд хонанда бо як ишора дарк карда бошад, ки сухан дар бораи кӣ меравад?

Бале, дуруст фикр кардед. Ӯ Додои Атовуллост, ки баъди таваққуфи начандон тӯлоние боз дар мусоҳибае вуҷуди худро таъйид намудааст. Ин дафъа ватандори беватан ҳамчун сиёсатмадор (аз нуқтаи назари худаш) баромад карда, бо фахр гуфтааст: «Воқеъан, дар байни нафарҳое, ки дар Рашт буданд ва имрӯз ҳам дар кӯҳҳои Тоҷикистон, дар пуштаву дара ва рустоҳои Тоҷикистонанд тарафдорони "Ватандор" ҳастанд. Ва онҳо ба таври пинҳонӣ кор мекунанд».

Баъди рух додани он ҳодисаи фоҷиабор дар тирамоҳи соли гузашта, вақте ки модарони тоҷик бар марги сарбозони гулгулкафан хун мегирист ва мӯҳтоҷи тасалло буданд, Д. Атовуллоев ба террористони қотил муроҷиат карда гуфта буд: «Ман тарафдори онҳоеам, ки дар кӯҳ сангар гирифтаанд…». Ин даъвати ватандори беватан ба захми наздикони сарбозони шаҳид мисли намакобе буд басе  сӯзандаву дарднок.

Гарчанде чанд тан аз азизони он шаҳидон ва фарзандони фарзонаи миллат бо шеър бар рӯи он ватандори беватан туф карда бошанд ҳам, вале доғи сиёҳи найранги  қабеҳи  ӯ барои  ҳамешагӣ дар қалби модари тоҷик нақш бастааст. Ёд дорам, дар он рӯзҳои сангин ба хонаи сарбози шаҳиде рафта будем, ки модари ӯ худро бо модари Д. Атовулло муқоиса намуда, гуфта буд:

«Шояд модари ҳамон журналисти ҷангҷӯй  аз зодани мисли ӯ фарзанди нохалафе ҳазорон бор пушаймон гашта бошад, шояд шабу рӯз аз худованд марги ӯро орзу кунад. Ин бадбахтист...». Модари бечора бо ашки шашқатор аз мо, муаллимони писараш хоҳиш мекард, ки ба Президент муроҷиат кунед, то он журналистро «террорист» эълон кунад. Мо бо чашми ҳайрат ба ӯ менигаристему чӣ гуфтанамонро намедонистем.

Дар ҳақиқат, маҳз дар ҳамон лаҳзаҳои душвор ба забон овардани суханоне чун даъвати Д. Атовулло ҷониби қотилону авбошон  камоли аҳмақӣ буд. Маҳз ҳамон даъвати аҳмақонааш боиси ба замин яксон шудани нуфузи набудаи журналистии ӯ гардид. Имрӯз Д. Атовулло худро ҳамчун сиёсатшинос муаррифӣ карданист, вале ба гумони ман як журналисти муҳоботчӣ, ки зиёда аз 20 сол  дур аз Ватан, ҳамчун гуреза бо тарсу ларз ба сар мебарад, магар метавонад, чизи воқеиро дар бораи ватанаш бидонад?

Аз ҳамон тахминҳое, ки ӯ дар мусоҳибааш ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта бо хабарнигори маҷаллаи «Однако» карда буд, бараъло маълум аст, ки  фаҳмиши сиёсиаш  хеле заиф аст. Ӯ ҳавобаландона гуфта буд, ки Мулло Абдулло умуман дар он минтақа нест (шояд вуҷуд надошта бошад), аз ӯ  Бен Ладен сохтаниянд. Баръакс, аз суоли хабарнигор дур рафта, теъдоди сарбозони кушташударо ду баробар зиёд нишон дода буд. Имрӯз, ки террорист М.Абдулло ба қатл расид, Д. Атовулло чӣ мегуфта бошад?

Беҳтар он аст, ки  имрӯз Д. Атовулло хомӯшӣ гузинад, то дубора худро дар ҷодаи сиёсат расво насозад. Вагарна, ҳар як каломаш боиси расвоиаш мегардад. Масалан, дар мусоҳибаи ахираш ӯ гуфтааст: «Ягона роҳ ин аст, ки мо бояд ин ҳукуматро маҷбур кунем ва ин ҳуқуқро мо дорем, мардуми Тоҷикистон доранд, ки ин ҳукуматро водор кунем, ки аз сари қудрат биравад, чунонки дар кишварҳои арабӣ мебинем».

Маълум аст, ки дар бораи вазъи кишварҳои Араб тасаввуроте надорад. Худ муқоисаи кишварҳои Араб бо Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки «сиёсатмадори» дар нимароҳ қарор дошта, ҳанӯз ба асли қазия сарфаҳм нарафтааст. Ҳатто дарк накардааст, ки хоҷагони ғарбии худаш ҳавои нафти арзон дар сар вазъи дохилии мамолики арабиро муташанниҷ сохтаанд.

Тоҷикистон бошад, аллакай лаззати дарди ҷанги таҳмилиро чашидааст ва мардуми дар ин самт таҷрибадораш дигар ҳаргиз фирефтаи шайтонтинатоне чун Додоҷони Атовулло ва «ҳомиёни озодию демократияи назарфиреб» нагардида, бори дигар дар ин пайраҳа қадам намениҳанд. Дар давраи ҳодисаҳои минтақаи Рашт ҳамеша ду шабаҳи манфуре  баҳри сиёҳ намудани фазои сиёсии кишвар талош доштанд. Яке бо силоҳ тоҷиккушӣ мекарду дигаре ӯро аз ҷиҳати равонӣ ба ин амали зиддиинсонӣ талаққӣ мекард.

Ин яке, Мулло Абдулло, оқибат мукофоти амалашро дид. Ва он дигаре (Додоҷони Атовулло)-ро низ арвоҳи бузургони ин миллат задаю дар ҳаёт ватангадояш кардааст, ки ин охирин ҷазояш нест. Онеро, ки дар кушта шудани чандин ҷавонмарди ҷавонмарг хурсандӣ карда буду бар қотили онҳо аҳсант гуфт, ҳатман шевану дуои модарони зору залили фарзандгумкарда хоҳад гирифт, гарчанде аз муҷозоти қонунӣ панаҳ ҳам барад.

Зиёвуддини Авлиёпур

Шарҳҳо   

 
0 #9 Guest 26.04.2011 18:30
Эй Чонибек ин Инсонхое Ки аз дасти Золимон ба берун аз Давлат мераван Мухочир ном доранд дар хама давру замон олимон равшан фикрон з дасти давлатдорон мухочир шудаанд ин сунати Паёмбарон ва Олимон Равшанфикрон аст ( Яке аз онхо олими давру замони Мо Юсуф Карзови ) Ки 120 китоби фикх дорад Ки ин хазлу шухи нест Худованд рахматашон кунад ( Фахмиди Чоник Моник !) Акл дори ё на ( на надори ) хондан даркор – ситорахо ситорахо )
 
 
+1 #8 Guest 26.04.2011 16:37
Salom. Jalol besavod nestivu misli besavodo harf mezani. khayr ozodii bayonro dar hami sayti Ruzgor didan mumkin. va maydoni bahsashro baroi khonanda boz kardaast ki fikru akidai kheshro ibroz dorad. baroi hamin man sad dar sad tarafdori somonai Ruzgor hastam. muvaffaq boshed.
 
 
0 #7 Guest 26.04.2011 13:23
Чонибек 26.04.2011.
Ба Сухроб

Аввалан, аз чониби сомонаи мазкур озодии баён риоя шудааст, дуюм ин ки барои номардии ин «тахлилгари асил»-и ту тамоми миллати точик далелу бурхони кофи дорад. Ба акидаи муаллиф сад дар сад тарафдорам. Холо хам кам гуфтааст.
Д. Атовулло худ намедонад ватанаш кучост – Олмон ё Русия. Аник медонам, ки Точикистон кайхо боз ватани чунин номардон нест. Хизмати касеро, ки мекунад, хамон чоро «Ватан» гуфтан гирад.
 
 
-1 #6 Guest 26.04.2011 11:56
Эй Муроди Урод ту низ ва Авлиёпур низ аз хамун зар харидони ва хушомад гуёони ! бо хамин танкидхо одами ба ислохи худ пармедозад агр хамавакт туро таарифу таариф кунанд ту хавои шуда пас дар гафлат галтида аз хама проблеммахои чомеа дар канор мемони дуст он ас тки хатои туро бигуяд то ки ислох шави ! фахмо Муроди бе акл !
 
 
0 #5 Guest 26.04.2011 07:51
4) az gardonandagoni ruzgor.tj dilam sard shud az in pas in saitro namekhonam chun bo in makola khudro az nazari muhtavo dar kanori khatlonpress,ch arkhi gardun va cccp karor dod
 
 
0 #4 Guest 26.04.2011 07:50
in maola harchand mekhohad vokeiyathoro bayon kunad(dar hakikat Dodo Atoulo khoin ast mo ham kabul dorem) ammo khele omiyona va besavodona bud
1) istifodai vozhaho va istilohho nodurust ba kor raftast- "lazati jangro chashid" agar manzuri mualif kinoya ham boshad boz ham khatost yo "modaroni zalil", in chikhel muallim ast manoi vozhai zalilro namedonad ?!
2) hanuz sobit nashudast ki kotili sarbozon Mulo abdulo ast yo Bedaki yo ... chun Bedaki pas az bozdosht kushta shud va burda dar miyoni kushtaho raho shud
3) agar ham kotilon Bedaki va Abdulo boshand boz ham vaziri difo gunahkori asosi ast chun bar asosi tamomi meyorhoi jahon vazorat hak adosht sarbozoni hanuz omuzishnadidaro ba jang barad on ham jang bo "Ben Lodan"
 
 
+2 #3 RE: ДОДОИ АТОВУЛЛО АЗ МУЛЛО АБДУЛЛОИ ДАР КӮҲ САНГАРГИРИФТА ПУШТИБОНӢ МЕКАРДGuest 25.04.2011 21:44
Як бор ба чехраи ин беватан мардум нигаред барвакт уро Худо задааст
 
 
-1 #2 Guest 25.04.2011 19:15
barodar tu hudat soyosaro hub dark namekuni! kishvarhoi arabiro hej kishvari digar vodor ba in nakardaast mardum ki az rishva sitoni bezor shuda budand dast ba islohot zadand.fahmi siyosotshinos?
 
 
-1 #1 Guest 25.04.2011 18:22
Ман ба хамин Миллат хайронам наход хамин маколаро дар сахфаи худ чоп кунад. Ин нафар чи хак дорад, ки бе далелу бурхон дар хакки як тахлилгари асил мисли Додочони Атовулло гап занад. Бовари дорам ки ин макола фармоишист. Ман як чизро хайрнам, ки ин муаллимча аз кадом минтака бошад ва модарони хамон писаракони аз тарафи хукумат ба курбони супурдашуда чаро махз дар рузи мотами фарзандони худ аз устод едовари карданд. Ман ба чунин дуруг бовар надорам. Аммо ман чизи дигарро дар мотами курбоние шохид будам, ки дар марги сарбозон танхо хукуматро гунахкор медонистанд, ки чаро "срочникхоро" ба чанг бурдаанд хамон хам дар давраи махрамон ва на аз тарафи зане.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854