16:12:50 04-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РОЗҲОИ ПИРӮЗИИ УСТОД БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ

Ҳар боре, ки ба Афғонистон сафари хидматӣ анҷом медодам, талош мекардам, ки бо устод Раббонӣ мусоҳибае доир кунам. Журналистон нағз медонанд, ки ба ҳузури чунин як сиёсатмадоре расидан рӯзҳову ҳафтаҳо лозим аст, ки бо дафтари матбуотии эшон чуни як дархосте мувофиқа шавад. Хушбахтона, ҳар боре ки ман бо ин хоҳиш бо котиби матбуотии эшон муроҷиат мекардам, худи ҳамон рӯз посухи мусбат мегирифтам. Ва сӯҳбати ман бо эшон худи ҳамон бегоҳ ва ё рӯзи дигар субҳи барвақт дар сари дастархони пурнозу неъмат сурат мегирифт.

/images/stories/2011/09/21_rabbani-sultan-hamad_21.9.2.jpgСӯҳбате, ки ҳоло аз бойгонии банда пешкаши Шумо хонандагони арҷманд мешавад, рӯзи 7-уми июни соли 2005 дар манзили зисти устоди шодравон профессор Раббонӣ баргузор шудааст. Аз ин сӯҳбат мо танҳо масъалаеро, ки ба сулҳи тоҷикон марбут аст, пешкаши Шумо мекунам. Азбаски навори аудиоии ин сӯҳбатро маҳфуз доштаам, онро низ бо усули чандрасонаӣ дар шакли навори мусаввар, ки имрӯз омода кардаем, пешкашатон менамоем. Худованд равони устод Раббониро шод бигардонаду қабрашро пурнур. Омин ё Раббалъоламин.

- Охирҳои соли 1992 муқовиматҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба даргириҳои низомӣ табдил ёфтанд ва дар натиҷаи ин ҷангҳо як иддаъ мардум ба Афғонистон паноҳанда шуданд, ки дар байнашон роҳбарони мухолифини хукумати Точикистон низ буданд. Ҳукумати ҳавонвақтаи Афғонистон, ки дар раъсашон Шумо будед, мардуми паноҳандаро хеле хуб пазироӣ карданд ва шароити хуби буду бошро дар ин кишвар барояшон фароҳам оварданд. Бо истифода аз ин фурсат роҳбарияти мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ба муборизаи мусаллаҳонаи хеш идома дод. Лутфан мегуфтед, ки дар Шумо кай дар ҳамин давра фикри ба ҳам оштӣ додани ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон пайдо шуд?

- Замоне, ки дар Тоҷикистон кашмакашҳо эҷод шуданд, ман дар сафаре будам дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Ман дар ҳамонҷо хабар шудам, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳое бо роҳбарии Сангак Сафаров бо ҳукумат дар кашмакашҳо ва бархурдҳое ҳастанд. Вақте ки дар ҳамон ҷо ин иттилоъро пайдо кардам, қабл аз он ки ба Афғонистон биёям, ман бо Раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғои Каримов гап задам, ки ҳаводис дар Тоҷикистон бисёр бадамнӣ шуда ва ман барои сулҳ мехоҳам, ки дар онҷо бошам.

Ӯ албатта чи назаре дошт, ки гуфт, ки фикр мекунам зарур нест. Ба ҳар ҳол аз ин сӯҳбат дар ман ташвише пайдо шуд, ки чаро заъаммои минтақа ба фикри сулҳ дар Тоҷикистон нестанд. Баъдан вақте, ки ба Афғонистон омадам, дар фикри он шудам, ки чи гуна роҳеро битавонем интихоб бикунем, ки ҷанг дар Тоҷикистон набуда бошад. Бо вуҷуди он, ки худи мо он замон бо ин мушкилот рӯ ба рӯ будем.

- Бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов,раҳбари давлати Точикистон Шумо кай дар мавзӯи сулҳи байни тоҷикон аввалин бор сӯҳбат доштед?

- Ин мавзӯъ аввалин маротиба вақте, ки Эмомалӣ Раҳмонов барои бурдани усарои русӣ ба Кобул омада буд, дар миён гузошта шуд. Баъдан дар ҷараёни сафари банда ба Тоҷикистон ва сафарҳои дигари Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ба Афғонистон ин масъала ҷиддан матраҳ гардид. Билохира баҳс ба ин кашонда шуд, ки ҳарду тараф бишинанд. Албатта дар марҳилаи аввал хеле мушкил буд. Ҷонибҳо омодагии пазириши якдигарро камтар доштанд.

Аммо мо зиёд исрор мекардем, ки ҳатман нишасте сурат бигирад ва ҳатман сӯҳбатҳое дар ин боб миёни роҳбарони ҷонибҳо сурат бигирад. Оғои Раҳмонов ва оғои Нурӣ бояд бо ҳам бубинанд. Ногуфта намонад, ки ман эҳсос мекардам, ки дар ҳарду тараф ҳам касҳое буданд, ки қатъан ин гуфтушунидҳоро намехостанд. Албатта дар бузургон мушкилот камтар буд. Вале дар атрофиёни онҳо мушкилот бештар буд. Аксуламали онҳо хеле ҷиддӣ буд. Ба ҳар ҳол нишасти роҳбарони чонибҳо сурат гирифт.

 - Вақте ки аввалин маротиба ҷаноби Раҳмонов ва ҷаноби Нурӣ ба Кобул омаданд ва бори аввал бо ҳамдигар вохӯрданд, лаҳзаи нахустини ин дидор дар ёди Шумо боқӣ мондааст?

-. Бале. Чаро не? Ман бисёр эҳсос мекардам, ки ҳарду тараф як навъ ҳолати равонии гурез доштанд, Албатта ба дилашон шояд тасмим доштанд. Вале ба зоҳир як силсила мулоҳизотеро, аз қабили кӣ аввал ба ҳам наздик шавад, кӣ бояд аввал дасташро дароз кунад… доштанд. Ду тарафе, ки дар кашмакаш буда бошанд ва ба ин фикр бошанд, ки тарафи муқобила мағлуб бикунанд ва чи рақам ҳоло бо ҳам бубинанд, аз ҳолати равонӣ ман тассаввурам ин аст, ки хеле як ҳолати изтироба доштанд ҳар ду тараф.

Ба ҳар ҳол масъала дигар ҳал шуда буд. Дар инҷо як нишасте сурат гирифт ва масъалаҳое асосӣ дар Тахор, дар Хусдеҳ ҳалли худро интизор буданд. Он вақт марказ дар дасти мо набуд, мо дар Толуқон будем. Бояд гуфт, ки дар ҳарду марҳила нақши шодравон инженер соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд дар истиқрори сулҳи байни тоҷикон, Худо ғариқаи раҳматаш кунад, хеле бузург аст. Ӯ фавқулодда, бисёр бо як самимияту ҳарорат бо баъзе аз дӯстҳои аъзои ҳайатҳои ҳарду ҷониб танҳо ба танҳо вохӯрда, бисёр талош мекард, ки масъала ҳарчӣ зудтар поён биёбад.

- Дар яке аз ёддоштҳои худ яке аз мушовирини ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов навиштаанд, ки вақте, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар раъси ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ба Хусдеҳ омаданд, дар онҷо касе аз раҳбарияти Афғонистон, ки бояд онҳоро истиқбол мекард, набуд. Чаро чунин ҳолат ба вуҷуд омад? Оё дар ин бора чизе гуфта метавонед?

- Аслан ин тур шуд, ки мо тасаввур доштем, ки ҳеликоптар (чархбол) бояд аввал дар Тахор фурӯд меомад ва баъдан аз Тахор якҷо мерафтем ба Хусдеҳ. Дар тасаввури мо поён шудан дар миёни кӯҳҳо барои ҳеликоптарҳо душвор буд. Аз ин рӯ мо онҳоро дар Тахор интизор будем. Вале баъдан кор дигархелтар сурат гирифт.

- Оё дар байни роҳбарони мухолифин буданд нафарҳое, ки мегуфтанд, ки мо бояд ҷиҳоди худро идома бахшем ва бо пирӯзӣ ба Ватан баргардем?

- Бале, касҳое буданд. Дар ин шаке нест. Баъд аз омадани ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ман сафаре доштам ба Тоҷикистон, маро даъват карда буданд ба он ҷо. Пеш аз он, ки ба ин сафар биравам, ман мехостам, ки ба баъзе аз дӯстон бигӯям, ки ман меравам барои ҳалли мушкили шумо. Дар байни онҳо теъдоде аз ҷавононе буданд, ки ҷиддан мувофиқ набуданд бо ин сафари ман ба Тоҷикистон. Мегуфтанд, устод, ин рафтани худат ба Тоҷикистон, расмият медиҳад ба ин низом. Ҳатто як теъдодашон баъди рафтани ман ба Тоҷикистон гуфтаанд, ки устод бар муборизаи мо як зарба зад.

Ин тавр чизҳое вуҷуд доштанд. Аммо ногуфта намонад, ки оғои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҳамон оғоз диди бисёр амиқ дошт ва ба куллӣ бисёр бо дилсӯзона ба масъала муносибат мекард. Ман мефаҳмидам, ки аз атрофиёш як теъдод бо ӯ розӣ нестанд. Аммо худаш ҷиддан кӯшиш мекард. Теъдоди эҳсосотӣ ҳамеша болои ӯ фишор меоварданд. Ҳатто баъд аз он, ки аз Тоҷикистон баргаштам, хабар шудам, ки як теъдоде хеле хафа буданд, ки чаро устод рафту низомеро, ки дар ҳолати суқут ҳаст, суқут мекунад, аз байн меравад, дигар аз нав мехоҳад онро ба пой истод кунад. Ба ҳарҳол дар инҷо барояшон гуфтам, ки дӯстон шумо ҳанӯз, фикр мекунам, манзилатон тӯлонист.

Аввал шумо Тоҷикистоне дошта бошен, кишвар дошта буда бошен, баъд аз ӯ ҳар фикру ҳар андешае, ки дошта бошен. Ҳастанд атрофиё кишварҳои наздикатон, касҳое, ки мехоҳанд аслан Тоҷикистоне вуҷуд надошта бошад, мехоҳанд инро суқут бидиҳанд ва шумо давлати мустақиле надошта бошед. Ба ин асос беҳтар ин аст, ки шумо аввал давлати мустақил буда бошен. Ва ногуфта намонад, ки ин гапҳора ман ба оғои Нурӣ чанд бор гуфтам, ки ман дар чеҳраи оғои Раҳмонов як тоҷики бисёр бо эҳсосу бо дардро мебинам.

Ба ин асос гуфтам, ки ин ҷавонро ту бояд ҳимоят бикунӣ ва ман умедвор ҳастам, ки дар оянда бо ӯ битавонед, ки шумо зиндагӣ кунед ва ҳеҷ мушкилиро набинед. Ба ин асос ҳоло бигзор масоили дигарро, ҳизбу гапҳои дигарро. Пеш аз ҳама доштани як Тоҷикистони мустақил, бо амну муттаҳид бояд аз ҷумлаи аҳдофи асоситон бошад.

-Ба шарофати ин хизматҳои Шумо ва дигар ашхоси саҳим дар Тоҷикистон ҷашне таъсис ёфтааст, ки онро ҷашни «Ваҳдати миллӣ» мегӯянд. Ин ҷашн ҳарсола дар рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ- 27- июн таҷлил мегардад. Шумо барои мардуми Тоҷикистон чи гуфтаниҳое доред дар рӯзи таҷлили ин ҷашн?

- Ман як бори дигар муборак бод мегӯям ин ҷашнашонро ва барои миллат тоҷик суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, инкишофи иқтисодӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии қавии мардумиро орзу мекунам. Ман интизор дорам, ки мо шоҳиди як Тоҷикистони бисёр пешрафта, муттаҳид, боқуввату боиқтидори қавии миллӣ буда бошем, ки дар абъоди мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва миллӣ инҳо пешрафтҳои бисёр зиёде дошта бошанд ва мо хоҳони равобити бисёр қавӣ ва наздик бо кишвари худ Афғонистону Тоҷикистон ҳастем, ки ҳам ба сатҳи давлатию ҳам ба сатҳи миллӣ равобити мо бисёр қавӣ ва мустаҳкам шавад.

- Боварӣ дорам, ки ҳар як тоҷикистонӣ мехоҳад Шуморо низ дар ин рӯз табрик бигӯяд. Ин хизматҳои Шумо фикр мекунам на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ҳаст. Зеро дар минтақа низ ҳама ба амнияту субот ниёз доранд.

- Албатта сулҳ дар Тоҷикистон на танҳо ба манфиати миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст. Агар сулҳи Тоҷикистон сурат намегирифт, мушкилот дар минтақа ва дар кишвари мо низ бештар мебуд. Ва мо пасон ҳам дидем, ки вуҷуди Тоҷикистон дар як шароити бисёр сахте, бо вуҷуди он ки худ проблемаҳои зиёд дошт, ба унвони як санади бисёр қавӣ, бар ин пирӯзии муборизоти мо дар даврони муқовимат шуд.

Мо ҳамеш гуфтем, ки Тоҷикистон ва раҳбарии Тоҷикистон, хусусан ҷаноби оғои Раҳмонов, ба унвони як шахсияти бисёр дилсӯз ва меҳрабон ба мардуми мо, ба унвони як раҳбарияти бисёр ботасмиму боирода дар сахттарин шароите, ки ҳатто бисёр кишварҳои дӯсту бузурги минтақа, ки аз муқовимат ҳимоят мекарданд, дар шароите буд, ки онҳо кам-кам мехостанд худро канор бикашанд, бо толибон канор биёянд, аммо Тоҷикистон қотеъона ва раҳбарии Тоҷикистон ҷаноби оғои Раҳмонов боқувват дар ин мароҳил истода, ки инро мо ҳамеш гуфтем ва гуфтем, ки ростӣ яке аз розҳои пирӯзӣ ва идомаи муқовимати мо ҳам ҳимояти бисёр бедареғ ва қавии Тоҷикистон ва раҳбари Тоҷикистон буд.

- Ва саволи охирин. Оё мумкин аст, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро дар Афғонистон татбиқ бикунанд?

- Бале. Чаро не? Мо ҳамеша орзу дорем, ки дар ин ҷо низ барномаи Сулҳ ба ҳамон асос буда бошад.Аз ҷумлаи мавзуъотеро, ки мо дар барномаи ташкилоти ҳизбии худамон навишта кардем ва барои дӯстон низ гуфтаем, Оштии миллӣ бояд ба унвони як ҳаракати стротежики миллӣ дар кишварамон таъақиб шавад, ба ин маъно, ки якмақтаӣ набошад. Чаро,ки ҳанӯз ҳам бӯҳронҳое дар кишвари мо ҳаст. Барои ҳалли бӯҳронҳо идомаи як ҳаракати оштии миллӣ ба ҳайси як ҳаракати стротежӣ ба ҷузъи сиёсати миллӣ дар Афғонистон қарор дода шавад.

-Ташаккур барои ин сӯҳбати самимиятон.

07-уми июни соли 2005, шаҳри Кобул



Шарҳҳо   

 
+4 #2 RE: РОЗҲОИ ПИРӮЗИИ УСТОД БУРҲОНИДДИН РАББОНӢGuest 22.09.2011 17:11
Салом ба хамаи хонандаву шуанавандаи сомонаи Рузгор. Худованд чойи Устод Раббониро Чаннатул Фирдавс бигардонад ва ба бозмондагони эшон сабри чамил хохонам. Дар хакикат аз устод Султони Хамад низ арзи сипос мекунам, барои чунин як маводи бенихоят арзанда...Худов анд шуморо дар панохи исмати худ нигахбон бошад...
 
 
+3 #1 RE: РОЗҲОИ ПИРӮЗИИ УСТОД БУРҲОНИДДИН РАББОНӢGuest 22.09.2011 15:55
Окои Хамад ташаккур барои мусохибаи чолиб. номи маводатонро агар "Васияти устод Раббони ба ахли сёсати Точикистон" мемондед бо мазмуни мусохиба дар шароити имруза ба хусус баъди шаходати чонгудози устод Раббони хеле мувофик буд.
Рухи устод Раббони шод боду ояш чаннат
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi