05:17:38 11-уми Июни 2025 сол

«ҶОН ҚУШНИ» БОЗ РАҲИ ТОҶИКИСТОНРО БАСТ

«Ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур». Ин мақолро ҳикмати чуқур бувад. Ҳикмати бо таҷрибаҳои зиндагӣ тақвиятёфтаю собитшуда. Хуш ба ҳоли оне, ки чунин ҳамсояро дорад. Вале агар ҳамсоя бародар нашавад…

/images/stories/2011/12/02_rohi-ohan_11211.jpgСухан аз боби ҳамсоядорӣ бо шахсият на, балки болотар, дар сатҳи ҳамҷаворию бародарӣ миёни ду кишвар – Тоҷикистону Узбекистон меравад. Ҳамсоягию бародарӣ миёни ду миллате, ки сари решаашро ҳарчанд, ки биҷӯянд, бешак боз амиқтар хоҳад рафт. Ҳамсоягӣ миёни ду миллате, ки тӯли ҳамзистии садсолаҳо, бо пайвастани риштаҳои муҳаббату издивоҷи фарзандони ҳам, нӯги калобаи он гум шудаасту аксар вақтҳо барои ашхоси саршинос, меваҳои ширини аз ин оилаҳои омехта ба бор омада, даъво мекунанду ҳар яке барҳақ онро дороии ақлонии худ меҳисобаду муаррифӣ мекунад. Дар чунин ҳолат, манзалати ин саршиносон боз ҳам мефизояду доманаи шӯҳрати онҳо густурдатар мегардад ва ду миллат ифтихор аз чунин фарзанди барӯманд хоҳанд дошт.

Вале чун доманаи бухлу ҳасаду кудурати ҳамсоягӣ боло гирад, дигар аз арзишҳои бародарию хешу таборӣ, ҳаққи ҳамсоядорӣ нишоне боқӣ намемонад. Мисолашро чанд соли охир мо на инки дида, балки эҳсос карда истодаем. Ӯзбекистони бародар дар шахси мардуми худ не, дар симои роҳбарони тангназару ҳангоматалабаш таҳаммулу тоқати онро надорад, ки тоҷик оби аз сарчашмаҳои худӣ равонгаштаашро бо ҳаловат нӯши ҷон кунаду бо барқи худаш хонаашро равшан кунад.

Ин бародарон медонанд, ки тоҷик аз замири башардӯстию тиҳидастиаш дар тӯли таърих ҳар чӣ аз моли дунё доштааст, додааст, чӣ расад ба обе, ки неъмати худовандист ва барои тамоми аҳли башар офарида шудааст. Тоҷик ҳаргиз ҳамсояи худро беоб нахоҳад гузошт, вале сад афсӯс, ки ин ҳамсоя чун худ сияҳдилу сияҳандеш аст, дигаронро низ бо ченаки муқоисаи худ баркашида, дар амали хайри онҳо сиёҳӣ ҷустан дорад. Ин сиёҳиро дар хаёлоти сар то по муҳоботолуди  сиёсатмадоронаш дарёфтааст ва ҳамеша дар талоши расонидани зиён бар ҳамсояи худ пайт меҷӯяд.

Иқдоми навбатии Ӯзбекистон дар роҳи пастнишонии оташи бухлу ҳасадаш нисбати Тоҷикистон, қатъи ҳаракати қатораҳо дар масири Термез – Қӯрғонтеппа аз 17 ноябри соли ҷорӣ мебошад. Тарафи ӯзбекистонӣ баҳона пеш овардааст, ки дар он рӯз, дар қисмати роҳи оҳани миёни истгоҳҳои «Ғалаба» - «Амузанг» гӯё як таркиш боиси тахриботи роҳ гаштааст. Мақомоти махсуси Ӯзбекистон ин амалро амали террористӣ эълом доштанд ва ҷузъиёти ҳодиса, ҳаҷм ва зиёни  харобии роҳро аз ҳама пинҳон медоранд. Асрори ин таркиш ҳамчунон муносибати бепарвоёнаи Ҳукумати Ӯзбекистонро оид ба барқарорсозии ин қисмати роҳи оҳан дар пай дорад.

Шубҳаовар он аст, ки то имрӯз ягон созмони террористӣ масъулияти амалӣ намудани ин таркишро ба ӯҳдаи худ нагирифтааст. Ин созмонҳо тибқи одат кӯшиш мекунанд, ки ҳатман аз амалиётҳои муваффақонаи хеш ҷаҳониёнро бохабар созанд. Шубҳаовартараш интихоби минтақаи таркиши роҳ мебошад. Агар созмонҳои террористӣ дар ин кор даст медоштанд, бидуни шакку шубҳа қисмати асосии роҳи оҳанро дар шимоли Тирмиз, ки тавассути он ҳамлу нақли борҳои НАТО роҳандозӣ шудааст, метаркониданд, на шохаеро, ки ба ҷанубу ғарби Тоҷикистон мепайвандад.

Пешниҳоди роҳиоҳанчиёни тоҷик низ, дар хусуси рафъи якҷояи оқибатҳои таркиш, аз ҷониби ҳамкасбони ӯзбекашон бепосух мондааст. Ва дар бораи мӯҳлати барқарор сохтани роҳ низ аз он тараф хомӯшӣ ихтиёр шудааст.

Чунин шеваи муносибат ба қазия ва омилҳои дар боло зикршуда далолат аз он медиҳанд, ки таркиш ё мақсаднок амалӣ карда шудааст, ё ин ки баҳонаи бофта барои қатъи ҳамлу нақли борҳои мавриди ниёзи мардуми Тоҷикистон аз масири Тирмиз – Қӯрғонтеппа мебошад. Зеро ҳарчанд «таркиш»-и дурӯғин дар қаламрави Ӯзбекистон сурат гирифтааст, зарари он асосан ба системаи роҳи оҳани Тоҷикистон ва иқтисодиёти ин кишвар равона шудааст. Гир кардани вагонҳо дар ҳудуди Ӯзбекистон, сокинони ҷануби Тоҷикистонро бо душвориҳое аз қабили камбуди баъзе маводи ғизоӣ ва болоравии арзиши онҳо рӯ ба рӯ месозад.

Бешак чунин мавқеъгирии ҷониби Ӯзбекистон ташаннуҷи авзоъро дар байни ду кишвар боз ҳам шиддат мебахшад, вале чӣ чора агар раҳбарияти сиёсии ин ҷумҳурии бародар фармудаи пешгузаштагони хирадмандашро: «Ён қушни, ҷон қушни» («Ҳамсояи наздик ҳамсояи ҷон аст») нодида гирифтаву дар симои тоҷикон на ҳамсояи ҷон, балки душмани ашаддиро ҷустуҷӯ дорад. Вале тоҷики дурандеш боз ҳам бо он хиради аҷдодӣ, қалби бузургу бахшанда ва нерую тавони таҳаммулпазиронае, ки дорад, ин мушкили ба таври сунъӣ ба сараш овардаро пушти сар хоҳад кард ва ҳеҷ гоҳ айби як гурӯҳи кӯчаки ҳукуматдорону сиёсатбозони Ҷумҳурии Узбекистонро бар сари тамоми миллати Ӯзбек нахоҳад кашид. Зеро мо тоҷикон, миллати ӯзбекро ҳамчун ҳамсояи наздик ва бародар мешиносем, на сарварони кӯтаҳбини имрӯзаи ин кишварро. 

Назари Олимпур, журналист

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 02.12.2011 20:33
Уважаемый Эмомали Рахмон, нам нужно срочно перекрыть Вахш и поднимать плотину, после этого и все проблемы с узбекской стороной решатся. Пока у нас недостроен Рогун узбеки будут нам ставить палки в колёса. Ваш авторитет тоже зависит от результата этой стройки, так не ударьте же в грязь лицом.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854