14:31:00 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Адвокатҳо бояд аз як гиребон сар бароранд ё...

Умед Сиддиқшоҳ, барои "Рӯзгор"

Раванди рӯйдодҳои ҷомеа, сару садоҳо дар мавриди номувофиқативу мухолифати иловаву тағйиротҳо ба ин ё он қонун ва қабули қонунҳои наву судури дастуроти ҷадид садои вакилони мудофиаро дар фазои судии мамлакат ношунаво кардааст. Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар адвокатҳои кишвар сари бунёди иттиҳоде меандешанд, ки як фаъолияти ҳамоҳангро дунбол кунад. Чаро?

advokatho-tjk 2013Пӯшида нест, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе низоми мустақили судӣ ғайриимкон аст. Дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши асосиро ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар мебозанд. Волоияти қонун ин риояи қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад,- мегӯяд Файзинисо Воҳидова, адвокати Коллегияи адвокатҳои «Сипар». Бону Файзинисо суол мегузорад, ки оё дар ин тули 20 соли истиқлолияти кишвар мақомоте, ки барои иҷрои ин муқаррарот ва таъмини адолати иҷтимоӣҷалб шудаанд, волоияти қонун, яъне риояи қонуниятро таъмин кардаанд?

Ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки дар тули замони истиқлол ба ҳам муттаҳид нашудаанд ва  агар онҳо ба иттифоқ оянд ва ё аз як гиребон сар бароранд, ҳатман дар ҳама мурофиаҳои судӣ ғолиб хоҳанд омад ва нақзи ҳуқуқ дар ҷомеъа камтар ба назар мерасад. Ф. Воҳидова таъкид намуд, ки Сарқонуни кишвар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намудааст ва барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он мақомоти салоҳиятдорро масъул сохтааст.

Ӯ мегӯяд: “Дар Тоҷикистон ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд ва дар шароити кунунӣ ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор вазифадор карда шудаанд, ки волоияти қонун, риояи қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин кунанд. Таҷрибаи ҳуқуқии кишвар баёнгари он аст, ки имрӯз амалан волоияти қонун аз тарафи мақомоти зидахл ва шахсони мансабдори давлатӣ бо пуррагӣ таъмин ва иҷрои онҳо риоя намешаванд, мо беҳтарин қонунҳоро дорем, қонунҳои кишвари мо ба нафъи давлат, ҷамъият ва шаҳрвандони худ қабул гардида, аз ҳар нигоҳ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд”.

Тавре ҳуқуқшиносон иброз медоранд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии ҳамаи қишри ҷомеаро муқаррар намуда, кафолат додааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намуда, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намоянд ва ё пайравӣ накунанд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ ширкат дошта бошанд. Аммо, мутаассифона, ин ҳуқуқҳои фитрии инсон бо дигар қонунҳо ва санадҳои меъёри- ҳуқуқӣ маҳдуд карда шуда, татбиқи амалии ҳукми конститутсияро ғайриимикон мегардонад.

Дар чанд соли охир бо қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии дин ва виҷдон», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон» ва дигар супоришу амалҳои ғайрирасмии мақомоти марбута ва шахсони мансабдори алоҳида ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд дар ба амал баровардани муносибатҳои динӣ, маросим ва расму оинҳои динӣ риоя намегарданд. Аз ҷумла, ба масҷид рафтани наврасони то синни 18 сола, интихоби хатибони масҷидҳо бо розигӣ ва мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ ва ҳокимияти давлатӣ баёнгари гуфтаҳои болоӣ мебошанд. Қонунҳои қабулгардида дар ин самт пурра хилофи Сарқонуни ҶТ мебошад.

Фишор болои фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ

Вакилони мудофиа мегӯянд, тибқи қонунҳои мавҷуда шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан, иштирок дар ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дошта, ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд, шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.

Вале ба гуфтаи бону Файзинисо Воҳидова мутаассифона, боре ҳам нашудааст, ки мақомот барои гирдиҳамоӣ ва ё раҳпаймоӣ иҷозат дода бошанд, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташаббуси гурӯҳҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ҳар гуна баҳонаҳои сунъӣ маҳдуд шуда, монеъаҳо эҷод карда мешаванд.

Бо аризаҳои даъвогии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти судӣ барҳам додани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хусусан ташкилотҳои ғайридавлатии ҳимояи ҳуқуқи инсон, ки дар фаъолияти худ ба интиқоди мақомоти давлатӣ машғуланд, ба амсоли ташкилоти ҳуқуқии «Ампаро» рӯ ба афзоиш овардаанд.

Созмони ҳуқуқии «Ампаро» танҳо бо асосҳои тағйири маҳалли ҷойгиршавӣ барҳам дода шуда, дар асл ин ташкилот бо гузаронидани мониторинги риояи ҳуқуқи даъватшавандагон ба хизмати ҳатмии артиши миллӣ машғул шуда, фаъолияти масъулини сохторҳои Вазорати дифои ҶТ-ро оид ба ҳуқуқвайронкунии ҳуқуқи даъватшавандагон бо усулҳои ғайриқонунии бо ном «облава» мунтазам интиқод менамуд. Ва мақомоти судӣ волоияти қонунро таъмин накарда, бо асосҳои сунъӣ даъвои вазорати адлияро қонеъ намуда, амалан як супориши ғайрирасмиро иҷро намуд.

Иттиҳодияи ҳуқуқшиносон

Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ташкилотҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар бахши фаъолияти ҳуқуқии худ на он қадар боҳушанд, чун ба чашм аён аст, ки ҳуқуқу озодии инсон поймол мешавад. “Аммо аксари ҳуқуқшиносон интихобан ба ин ё он нафар назар меафкананд, ки ин хатои маҳз аст. Бояд ташкилотҳои дохилии ҳуқуқи инсон барои фаъол кардан кори худ дар як фикр бошанд ва якҷоя аз як гиребон сар бароранд. Лекин дар асл онҳо барои кадом шиносашон, хешу табор ва ё кадом пулдоре фаъол мешаванд ва овоз баланд мекунанд. Дар дигар ҳолот бошад овози онҳо шунида намешавад.

Бузургмеҳр Ёров, раиси коллегияи адвокатҳои “Сипар” ва ҳуқуқшиноси тоҷик қайд кард, ки дар ҳақиқат институти адвокатура новобаста аз он ки адвокатҳоро дар як иттиҳоди ягона ҷамъ овардааст ё на кӯшиш дорад ҳамон ғояҳои башардӯстиву инсондӯстӣ ва қонуниятро новобаста аз мушкилот иҷро намоянд. Наимбек Амирбеков, адвокати собиқадори кишвар ҳам иброз медорад, ки ҳамаи адвокатҳо имрӯз бояд муттаҳид бошанд, “агар мо иттифоқ нашавем, худ ба ҳимоятчиҳо муҳтоҷ хоҳем шуд”.

Ислоҳоти судию ҳуқуқӣ

Ба таъбири ҳуқуқшиносон тули чанд сол аст, ки барномаи давлатии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ, такмили институтҳои қонунбарор, фаъолияти касбӣ дар соҳаи ҳуқуқи кишвар идома дорад. Дар раванди гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-судӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар ва Парлумон як қатор қонунҳо таҳия ва қабул гардиданд, ки ба дигаргунӣ ва мутобиқкунонии фаъолияти мақомоти марбута дар соҳаи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ равона карда шудаанд.

Мутассифона, зимни таҳия ва қабули қонунҳо парлумон ва ҳукумати кишвар ба мутобиқ будани ин қонунҳо ба Конститутсия эътибори ҷиддӣ надода, дар ҷараёни татбиқи онҳо ба қонунҳои соҳавӣ ҳуқуқҳои афзалиятнок медиҳанд, ки дар чунин ҳолат арзиши олӣ доштани Сарқонун зери суол гузошта мешавад ва дар як вақт арҷ нагузоштан ба қонуни асосии кишвар ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди ин мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар бо Сарқонун, дар таҷрибаи имрӯзаи ҳуқуқи он қонуну кодексҳое, ки қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, аз ҷониби масъулин аз рӯи муқаррароташ иҷро намешавад. Амалан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар баррасии парвандаҳои гуногун аз ҷониби шахсони мансабдори ба таъмини адолати судӣҷалбшуда мушаххас нест ва иҷрои қонун дар барқарор ва татбиқ намудани адолати судӣ ба назар гирифта намешавад.

Аз сӯи дигар дар ҷараёни баррасии парвандаҳо судҳо на ҳамеша принсипҳои инсондустию адолатро риоя мекунанд. То ба имрӯз дар мурофиаҳои ҷиноятӣ бештар ҳуқуқи афзалиятнок ба тарафи айбдоркунандаи давлатӣ дода шуда, адвокат иштирокчии баробарҳуқуқи мурофиаи судӣ эътироф намешавад. Ҳол он, ки ҳимоятгари ҳуқуқи инсон иштирокчии принсипи адолат буда, барои ба тасвиб расидани санади судии одилона саҳмгузор аст.

Ҳуқуқуқшиносони тоҷик бо таассуф иброз медоранд, ки азбаски судҳо дар фаъолияти худ мустақил набуда, пойбанди ҳокимияти иҷроия, қонунбарор, ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳои он мебошад, таъмини волоияти қонун басо мушкил мегардад. Гувоҳи ин гуфтаҳо дар таҷрибаи судии кишвар дар чанд соли ахир ҷой надоштани ҳукми сафедкунанда мебошад.

Бузургмеҳр Ёров тазаккур медиҳад, дар ҳақиқат замоне расидааст, ки бояд тамоми созмонҳои гуногуни вакилони мудофиа, ки мавҷуданд, новобаста аз он мухолифатҳои дохилӣ, ки доранд, бояд ба ҳам оянд ё ба таъбири мардум аз як гиребон сар бароранд. Агар ин кор сурат бигирад, метавон гуфт, ки як иттиҳоди муназзами адвокатҳо дар кишвар шакл мегирад, ки бидуни шак ҳам ба манфиати мардуму ҷомеа ва ҳам ба фоидаи давлату ҳукумат хоҳад буд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi