02:28:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СӮИҚАСД ДАР ХУҶАНД, СӮИҚАСД АЛАЙҲИ ТАМОМИ ТОҶИКИСТОНИЁН БУД

Қаламу коғазро яке барои рози дил, дуввумӣ барои иҷрои вазифаи хидматӣ, саввумӣ барои сиёҳ кардани рақиб, чаҳорумӣ барои худситоӣ ва дигаре барои эҷод ва ҳоказо истифода мебаранд.  Инак ман ҳам қалам гирифтаму коғаз пеш овардам. Ба нияти тасвири ҳодисае, ки шоҳиди бевоситаи он будам.

president_emomali_rakhmonДар радифи масъулини ташкили ин маъракаи муҳими сатҳи давлатӣ қарор доштам ва он ҳодисаи бисёр ҳам нангину сангин дар пеши чашмонам рух дод. Аслан дар фикри навиштани он рӯзи сиёҳу мудҳиш набудам, аммо чун бисёриҳо дар ин бора навиштанду гуфтанд ва дидам, ки дур аз ҳақиқатанд, тасмим гирифтам бинвисам.

Зеро ҳам аз рӯйи вазифаи давлатиам дар яке аз идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии шаҳри Хуҷанд ва ҳам аз рӯйи макони таваллуду истиқоматам дар ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аксарияти ашхоси  бо ҳодисаи мазкур вобастаро медонаму мешиносам. Сухан дар бораи сӯиқасд бар ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меравад, ки 30-юми апрели соли 1997дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рух дод.

Моҳи апрели соли 1997 буд. Вазъият дар ҳудуди ҷумҳурӣ тамоюл ба оромиш дошт. Зеро даврҳои охирини гуфтушунидҳо миёни намояндагони расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик босамар анҷом гирифтанд ва замони имзои Созишномаи истиқрори сулҳ наздик мешуд. Дар ҳамин шабу рӯз дар дохили кишвар гурӯҳу ашхоси сиёсие низ мавҷуд буданд, ки ба интиқоли дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ва умуман бозгашти сарварони мухолифин розӣ набуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ваъда дода буд, ки то охирин тоҷикро аз ғарибӣ ба Тоҷикистони азиз барнагардонам осуда нахоҳам буд ва бастани сулҳ бо мухолифин низ ташаббуси бевоситаи ӯ буд, ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, шахсан аҳамияту зарурати сулҳи тоҷиконро ба аҳолӣ ва афроди норозӣ мефаҳмонид. Вале афсӯс, ки дар зиндагӣ на ҳама омодаанд, ки ҷон ба раҳи Ватану Миллати худ сипар кунанд.

Дар рӯзҳойе, ки Президенти Тоҷикистони ба тозагӣ ба истиқлолрасида, пайи гирд овардани миллати парешонгашта, поягузории давлати нави тоҷикон талошу ҷонфидойӣ мекард, душмани камингирифтааш нақшаи сӯиқасд бар ҷони ҷавони ӯро кашидаву тарҳрезӣ мекарданд.

Ҳамқишлоқии ман, собиқ сарвазири Ҳукумати ҶТ Абдумалик Абдуллоҷонов бо кадом роҳе, ки набошад, ҳатто тавассути бори дигар ба хуну хок оғӯшта кардани сарзамини тоҷикон, баҳри ба сари қудрат омадан пайти мувофиқ меҷуст. Қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, бо дастуру ҳидояти А. Абдулоҷонов, бародараш Абдуллоев Абдуллоҳофиз бо зодаи ҷамоати Қистакӯз, намояндаи олами ҷиноӣ Абдушукуров Хуршед Абдуҳафизович, лақабаш «Хуршеди Тайсон», вохӯрда дар бораи ташкил ва гузаронидани амали террористӣ нисбати Президенти ҶТ маслиҳату машварат мекунад. Ба охирин аз номи бародараш ваъдаи маблағи калони пулӣ ва таъин дар вазифаи серравғани давлатиро медиҳад.

Интихоби «Хуршеди Тайсон» барои анҷоми ин сӯиқасд тасодуфӣ набуд. Аввали моҳи апрели ҳамон сол бародари «Тайсон» - Абдушукуров Ҷамшед Абдуҳофизович дар муассисаи ислоҳотии № 19-и шаҳри Хуҷанд бетартибии дастиҷамъии маҳбусонро ташкил кард ва ҳангоми барқарор намудани низом дар маҳбасхона кушта шуда буд. «Хуршеди Тайсон» баъди ин воқеа дар ҳама ҷой ошкоро давлату ҳукуматро ҳақорату нафрин мехонд ва қасам мехӯрд, ки интиқом хоҳад гирифт.

Ҳамин омил боиси афтидани ин ҷинояткор ба доми ҷинояткорони бузургтар гардид. Вохӯрии машваратии охирини А. Абдуллоев бо «Хуршеди Тайсон» 29 апрели соли 1997 баргузор гардид. Бегоҳии ҳамон рӯз «Хуршеди Тайсон» гурӯҳи ҷиноии худро ҷамъ намуда, ба Дӯстбобоев Фирдавсӣ Абдусатторович, Қаландаров Ориф Одилҷонович, Зокиров Одил Юсупович норинҷак медиҳад ва вазифадор мекунад, ки рӯзи дигар ҳангоми вохӯрии Президент бо сокинони шаҳри Хуҷанд ҷониби ӯ партоянд.

30-юми апрели соли 1997, тахминан соати 10.30 – 10.50 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров баромада, пиёда ба самти бинои театри Камоли Хуҷандӣ равона шуд. Лаҳзаи мазкурро пурра дар хотир дорам, зеро аз тарафи дасти чапи ҳайати меҳмонон ҳаракат доштам. Президент пешопеш мерафт ва бо нишонаи салому дуруд ҷониби мардуми аз ду тараф истода дастафшонӣ мекард. Аз ақиби ӯ, аз ду ҷониб муҳофизонаш Мурод ва як нафари дигар ҳаракат доштанд.

3-4 метр дуртар аз пушт, раиси вилояти Суғд Қосимов Қ.Р., як зан, ба фикрам Вазири ҳамонвақтаи маориф Иноятова М. ва каме ақибтар раиси Кумитаи гумруки ҶТ Салимов Ёқуб бо ҳамроҳони худ пеш мерафтанд. Тахминан 18-20 қадам то бинои театр фосила боқӣ монда буд, ки садои таркиш баланд шуд ва дар они воҳид бо доду ғиреви атрофиён, фиғони захмбардоштагон омехта гардид. Дар ин лаҳза барои ман ҷони худам азиз набуд, ҳушу ёдам танҳо дар андешаи саломатии Президенти Ватани ҷоноҷонамон буд, зеро зиён бар ҷони ӯ зарба бар обрӯю манзалат ва боиси шармандагии мардуми соҳибфарҳангу меҳмондӯсти Суғд буд.

Ман ҷониби макони таркиш, он ҷойе ки Президент қарор дошт, ҳаракат кардам ва чашм аз ӯ намекандам. 1-2 сонияе баъди садои таркиш, дидам, ки Мурод ва дигар муҳофиз худро ҷониби Президент партофта, ӯро бо бадани худ панаҳ кардаву ба дохили бинои театр давиданд. Худи ҳамон лаҳза Ёқубро низ дидам, ки захм бардошта буду дар иҳотаи ду-се нафар ҳамроҳонаш (ба фикрам муҳофизонаш буданд) қарор дошт ва ӯ низ бо кӯмаки онҳо аз ҷояш бархеста давон дохили театр шуд.

Намедонам аз чӣ сабаб бошад, баъдтар навиштаю гуфтаҳо зиёд буданд, ки гӯё дар аснои таркиш Ёқуб Салимов бо тани худ Президентро панаҳ кардааст. Шахсан итминони комил дорам, ки Ёқуб агар дар фосилаи наздиктар қарор медошт, ҳатман ин корро мекард, вале ҳақиқати воқеӣ он аст, ки дар он лаҳза ӯ дуртар буду Президентро Мурод ва дигар муҳофизи ӯ аз ду ҷониб аз зарбаи эҳтимолии навбатӣ пинҳон намуда, даруни бино бурданд.

Эҳтимол бисёриҳо Муродро Ёқуб гумон кардаанду ҳамин шабеҳият боиси паҳн шудани ин овоза гардида бошад. Ба ҳар ҳол нисбат додани корномаи яке бар дигаре аз рӯйи одобу инсоф нест, зеро ҳатман рӯзе ҳақиқат болойи об мебарояд. Ва нияти ба даст гирифтани қалам аз ҷониби ман то ҷойе навиштани ҳамин ҳақиқат буд.

Тавре баъди дастгир намудани ҷинояткорон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, норинҷакро Қаландаров О.О. партофта будааст. Дӯстбобоев Ф.А. ва Зокиров О.Ю. бошанд, аз тарс норинҷакҳои худро напартофта, аз ҷойи воқеа мегурезанд. Хушбахтона, душман бар нияти худ нарасид. «Хуршеди Тайсон»  ва Зокиров О.Ю. ҳангоми амалиёти боздошт худро таркониданд. Боқӣ аъзоёни ин дастаи ҷинояткор бо ҳамроҳии Абдуллоев А. дастгир карда шуда, ҷазои сазовор ва қонунӣ гирифтанд.

Ҷинояткори асосӣ, тарҳрез ва маблағгузори ин амали нангини террористӣ Абдумалик Абдулоҷонов то ҳол дар озодӣ ба сар мебарад. Агар чунин зиндагиро озод ҳам гуфтан мумкин бошад. Ӯ мисли муш гаҳе дар ин сӯрохию гоҳе дар он сӯрохӣ паноҳ мебарад. Хоҷагони берунааш дар ивази маблағҳои аз кисаи мардум - буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои сарвазирӣ дуздидааш ӯро сарпаноҳ додаанд. Аммо рӯзе ҳақ ба ҳакдор хоҳад расид.

Сӯиқасди Хуҷанд, сӯиқасд танҳо алайҳи Президенти Тоҷикистон набуд. Ин сӯиқасд бар зидди тамоми тоҷикистониён, бар зидди сулҳу суботи кишвар, бар зидди нангу номуси сокинони вилояти Суғд, авлоди пасомадаи абармардоне чун Спитамени далеру Темурмалики меҳанпараст равона шуда буд. Он, ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр, зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Ҳоҷиманнон Расулматов, сокини ҷамоати Қистакӯз



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 27.02.2012 04:48
Ba nomi Xudo
sulh ba fikram az du taraf meshavad , agar yak taraf rozi nashavad hej goh sulh nameshavad. Mo boyad haqiqatro biguem ,na in ki baroi xotiri kase yo chize az haqiqat ru bigardonem . On shabu ruzhoe,ki suiqasd ba joni presidenti jumhur karda budand manoi onro nadosht ,ki hama tojikoni mo aybdor va yo suiqasdshuda boshand ,balki in holatho baroi presidentho noguzir hast ,az hamin sabab hast ,ki muhofiz baroi xesh dorand . Baroi mo dar Qistaquz choyxonai bohashamati hazorodama ,ki kase ba dardi kase naxuradu muli mardumi becharo xarj mekunadu hamintur nobud shuda meravad , qissa kutoh tarifi behuda makuneddddddddd dddd
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi