ИСЛОМ СИЁСИВУ ҒАЙРИСИЁСӢ НАМЕШАВАД
Тоҷикистонро аз зумраи камтарин кишварҳои демократӣ медонанд, ки нақши ислом, бахусус, гурӯҳи рӯҳониён дар сиёсати он хеле барҷаста будааст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказист, ки ҳизби сиёсии исломӣ дорад ва он расман фаъолият мекунад. Дар порлумон ҳам ин ҳизби исломӣ намоянда дорад ва бо бештар аз 20 ҳазор узв дар тасмимгириҳои давлат ба навъе таъсир мегузорад.
Инкори ибораи “исломи сиёсӢ”
Аммо дар Тоҷикистоне, ки бештар аз 90 дарсади сокинонаш аз дини мубини ислом пайравӣ мекунанд, ибораи “исломи сиёсӣ” маъмул нест. Аксари гурӯҳҳои исломӣ дар кишвар низ ин ибораро қабул надоранд. Рӯҳониёни тоҷик исломро дине намеҳисобанд, ки танҳо ба масоили шаръӣ марбут бошад. Онҳо мегӯянд, ки ислом дар маҷмӯъ сиёсат аст ва тасаввури он бидуни сиёсат ғайримумкин. Аммо иддае ҳам ҳастанд, ки дар баробари ин, динро аз давлат ҷудо мепиндоранд. Онҳо ба ин назаранд, ки кори диндорон танҳо дуо гуфтану намоз гузоштан ва никоҳ кардану “чилёсин” хондан аст, на дахолат кардан ба самтгириҳои сиёсӣ. Вақте ин суолро, ки нақши “исломи сиёсӣ” дар Тоҷикистон то куҷо чашмрас аст, бо Саид Иброҳими Назар, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар миён гузоштам, ӯ ҳамоно ин ибораро рад кард.
Оқои Назар гуфт, ин ибора ва ё истилоҳро аслан донишмандони исломшиноси ғарбӣ эҷод кардаанд, ки ба гуфтаи ӯ, то исломро ба сиёсиву ғайрисиёсӣ ва ифротиву мӯътадил ҷудо кунанд:
“Аз рӯзе, ки ислом омад, ба зиндагии фардӣ, зиндагии хонаводаӣ, зиндагии иҷтимоӣ, муносибати қавму қабилаҳо сари кор дошт. Ин тарзи зиндагӣ аст. Аз ин рӯ, ҳамаи мардуми мусулмон аз рӯзе, ки “ло илоҳа иллалоҳ” гуфтанд, яъне исломро қабул карданд ва ислом ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти онҳо дахл дошт. Ислом дигар омехта ба сиёсати онҳо буд. Дин, хусусан, дини ислом наметавонад аз ҳаёт бегона бошад. Яъне намешавад, ки дар ҳаёти хонаводаӣ мусулмон бошиву дар ҳаёти ҷамъиятӣ не. Аз ин нигоҳ ислом ислом аст. Онро намешавад сиёсиву мӯътадил ва ғайраҳо гуфт”.
“Ислом бе сиёсат – шери бе ёлу дум”
Сайидюнус Бурҳонов, аз таҳлилгарони саршиноси масоили динӣ, ҳам дар як матлаби худ ба ин нукта ишора карда ва навиштааст, ки “маҳол аст, исломро аз масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ дур ангорем. Ба иборати дигар, барои шахси ошно бо ислом ва маорифи он, тасаввури исломи бегона аз сиёсат, тасаввури шери бе ёлу думро монад, ки дар воқеъ чунин шере, дигар шер нест. Дине, ки дар заминаи иқтисодиёт назар дорад, дине, ки ҷиҳати муҷозоти ҷинояткороне чун дузду ғосибу зинокор муқаррароти муайяне гузоштааст, дине, ки қавонине мушаххас дар ҷиҳоду сулҳу созишу вазъ кардааст, чи гуна метавонем чунин динеро дине ангорем, ки бо сиёсат сару кор надошта бошад?”
Нақши рӮҳониён дар сиёсати
кишварҳои Осиёи МарказӢ
Қариб ҳар як намози ид дар масҷиди марказии Душанбе бо иштироки шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев мегузарад. То ин ҷо талош кардем, як андоза ба маънии ибораи “исломи сиёсӣ” ва қабули он аз сӯйи рӯҳониён дар Тоҷикистон рӯшанӣ андозем. Аммо ҳоло меравем, то ба суоли нақши ислом дар сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон чӣ гуна аст, посух дарёбем.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва ҳоло узви Маҷлиси Миллӣ, мегӯяд, ки ислом дар сиёсати на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар Русия ҳам нақши умдае дорад. Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, бо вуҷуди он ки кишварҳои минтақа, ба ҷуз аз Тоҷикистон, ба гурӯҳҳои исломии сиёсӣ расман иҷозаи фаъолият надодаанд, вале натавонистаанд, ки таъсири рӯҳониён дар ҷомеаро сарфи назар кунанд:
“Қонунгузории ин кишварҳо ба созмонҳои исломӣ ҷойгоҳе ҳам эътироф накардаанд. Аммо дар асл, модоме ки рӯҳониён дар ҷомеа таъсир дорнад, сиёсатмадорҳо наметавонанд ин таъсирро нодида гиранд ва гӯянд, ки “ислом ҳеҷ ҷойгоҳе дар сиёсати кишварҳои мо надорад”. То имрӯз ҳам нашунидам, ки ин ҳарфҳоро баъзеҳо бигӯянд. Агарчӣ сукут ҳам мекунанд, аммо ислом дар сиёсати ин кишварҳо ҷойгоҳи худро дорад”.
Дар идомаи сӯҳбаташ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон ба ҷуз ин ки ҳизби исломии сиёсӣ фаъолият мекунад, давлат дар ин чанд соли ахир рӯи ниёз ба кӯмаки рӯҳониёни алоҳида ҳам овардааст. Вай мегӯяд, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо, давлати Тоҷикистон билахира гурӯҳи рӯҳониёни исломиро ҳамчун нерӯи мустақили таъсиргузор эътироф кардааст:
“Дар мавзӯи Тоҷикистон гӯем, хушбахтона, вазъи ислом, аз ҷумла гурӯҳҳои сиёсии исломӣ беҳтар аст. Чунки дар Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсии исломӣ фаъолият дорад. Албатта, ин ҳизб таърихи хоси худро дорад, ки муборизаву марҳилаи музокиротро аз сар гузаронидааст, то ҳаққи фаъолият дар кишварро соҳиб шавад. Дар Қонуни асосӣ ҳам хушбахтона дар ин бора зикр шудааст. Озодиҳои динӣ ҳам дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа, ба истиснои Қазоқистон беҳтар аст. Ҳарчанд, ки назорати давлат аз болои созмонҳои динӣ ҳамарӯза вуҷуд дорад. Имомхатибҳоро ҳамарӯза ба ҳукуматҳои маҳаллӣ даъват мекунанд. Ба инҳо супориш медиҳанд барои ҳалли масоили иҷтимоӣ, барои ҳалли масоили демографӣ, барои мубориза бо маводи мухаддир. Хулоса дар ҳама масоили доғ аз хидмати масҷидҳо ва имомҳо истифода мекунанд. Аз як тараф, албатта, ин кори хуб аст ва мо хурсандем”.
Мусулмонҳоро аз роҳи дин
мешавад идора кард
Саид Иброҳими Назар, аз масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам аз ин мавзеъи оқои Тӯраҷонзода пуштибонӣ кард ва гуфт, ба маҳзи ин ки сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аксаран мусулмон ҳастанд, онҳоро фақат аз роҳи дин мешавад идора кард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, давлат маҷбур шудааст, ки барои фаъолияти гурӯҳи рӯҳониёни исломӣ низ шароити мусоидеро фароҳам оварад:
“Ҳатто раҳбарони дараҷаи аввали кишвар ҳам дарк кардаанд, ки бе ислом намешавад мардумро идора кард. Чунки мардум фитратан мусулмонанд. Ман иқдомҳои ахири раҳбари кишварро дар он мебинам, ки онҳо дарк кардаанд, ки ислом сиёсиву ғайрисиёсӣ намешавад. Ин иқдоми хуб аст”.
Ҳузури гурӮҳҳои исломии
сиёсӢ дар Тоҷикистон
Ҳоло ки дар бораи “исломи сиёсӣ” ва ё ислом дар сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекунем, шояд бисёре аз шумо пурсад, ки гурӯҳҳои исломии сиёсӣ аз кай дар Тоҷикистон ҳузур пайдо кардаанд. Зеро дар шӯравии пешин мусулмонҳо ва пайравони ҳар дини дигаре иҷоза надоштанд, ки на танҳо ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардозанд ва ё ба самтгириҳои сиёсӣ дахл кунанд, балки наметавонистанд озодона ниёишу ибодати худро анҷом диҳанд.
Изатулло Саъдуллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, гурӯҳҳои исломии сиёсӣ шурӯъ аз соли 1970, ҳанӯз замоне ки шӯравӣ пойбарҷо буд, ба таври пинҳонӣ арзи вуҷуд кардааст.
Аксари коршиносон пайдо шудани “исломи сиёсӣ” дар Тоҷикистонро ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломӣ, пайванд медищанд. Онҳо бовар доранд, ки Устод Нурӣ бо вуҷуди динситезиҳои шӯравӣ талош кардааст, ки исломро аз кунҷи хона ба берун орад ва ба саҳнаи иҷтимоъву сиёсат бикашад.
Бо ин ҳол, аксарият ба ин назаранд, ки бо вуҷуди фишорҳо ва мавонеъ ислом дар сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва аз нақши умдае ҳам бархӯрдор аст. Аммо онҳо мегӯянд, Ҳизбуттаҳрир, Ҷунбиши исломии Узбакистон ва акнун ҷараёни тозапайдои салафия, ки худро гурӯҳҳои исломӣ мегӯянд, вале ба таври махфӣ фаъолият мекунанду аз пуштибонии умум сокинон бархӯрдор нестанд, нақше ҳам дар сиёсат ва ё самтгириҳои сиёсӣ надоштаанд.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1286-islom-siyosivu-ghayrisiyosi-nameshavad.html
-
04.09.2026 00:51
507
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
741
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
02.09.2026 01:09
622
Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+
-
08.05.2026 19:24
652
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
631
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
630
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
474
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
334
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
278
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
586
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1198
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1128
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
285
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
351
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
477
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
402
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
345
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
275
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
580
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
407
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
269
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
457
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
355
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
316
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
811
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2178
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2340
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
496
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2305
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1382
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
389
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
314
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
410
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
366
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
426
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
442
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































