НИГАРОНИҲО АЗ ОҒОЗИ ИҶРОИ ҚОНУНИ ДИН
Созмону расонаҳои байнулмилалӣ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо эътибор пайдо кардани Қонуни нави дин дар Тоҷикистон ҳастии даҳҳо ҷомеаи маҳзабӣ бо хатар рӯбарӯ шудааст.
Хабаргузории Ҷаҳонии Насронӣ менависад, Шӯрои калисоҳои баптистии Тоҷикистон, ки фаъолияти он аллакай аз тарафи додгоҳи маҳаллӣ манъ шудааст, аз сабтиноми такрорӣ бар тибқи қонуни нав худдорӣ кард ва акнун комилан ғариқонунӣ шумурда хоҳад шуд. Маркази "Форум-18" хабар додааст, ки наздик ба ними масҷидҳои Тоҷикистон низ натавонистаанд, дубора сабтином шаванд. Ноиби вазири фарҳанги Тоҷикистон, Мавлон Мухторов ба хабаргузори ин расона гуфтааст, масҷидҳое, ки ба талаботи қонуни нав ҷавобгӯ нестанд, баста хоҳанд шуд.
Вай ҳама гуна эҳтимоли нақзи ҳаққи диндоронро дар ин замина рад кардааст. Қонуни нави дини Тоҷикистон номнависи дубораи ҳамаи созмонҳои динии ин кишварро то 1-уми январи соли 2010 талаб кардааст.
Дар ин миён масҷидҳои панҷвақта, ки дар гузашта мебоист, танҳо дар ниҳодҳои маҳаллии давлат номнавис шаванд, акнун бояд ҳатман дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабт гарданд. Ин номанавис як маҷмӯи асноди муҳим ва тартибу мӯҳлати муайянро тақозо мекард. Дар натиҷа бисёре аз созмонҳои хурду миёнаи мазҳабӣ натавонистанд, то оғози соли 2010 номнавис шаванд.
Намояндагони ин созмонҳо мақомоти давлатро дар кашолкорӣ ва монеъгузорӣ ба номнависи онҳо айбдор мекунанд. Чанде аз созмонҳои насронии Тоҷикистон ба Хабаргузории Ҷаҳонии Насронӣ гуфтаанд, ки усулан ба ин талабҳои қонун мухолифанд ва аз пешниҳоди асноди худ ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сарпечӣ кардаанд.
Қонуни нав ҳамчунин сонсури адабиёти динӣ ва назорати давлат бар иҷрои оинҳои мазҳабиро ҷорӣ мекунад. Талаб мешавад, ки расму оини мазҳабӣ дар ҷойҳои аз тарафи давлат тасдиқшуда ҷараён гиранд. Дар натиҷа, ба навиштаи Хабаргузории Ҷаҳонии Насронӣ, мубаллиғони евангелист ва насрониҳои дигар аз имкони иҷрои фароизи динии худ маҳрум шудаанд.
Ин расона менависад, дин аз замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1990, вақте ки президент Эмомалӣ Раҳмон эътилофи исломгароён ва либералҳоро шикаст дод, ба як масъалаи мураккабу печида табдил ёфтааст. Ҳукумати президент Раҳмон аз Қонуни дин ҳамчун сипари зидди тундгароии мазҳабӣ ҳимоят мекунад.
Аммо созмонҳои байнулмилалӣ ва Кумиссюни байнулмилалии озодии дини Иёлоти Муттаҳида қонуни навро таҳти танқид қарор додаанд ва онро саркӯбкунанда номида гуфтаанд, ки ҳадафаш таҳкими пояҳои қудрати раисиҷумҳур аст. Кумиссюн ҳанӯз дар нимаҳои соли гузашта пешбинӣ карда буд, ки қабули ин тарҳи тазодомез озодии дин дар Тоҷикистонро шадидан маҳдуд хоҳад кард.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1485-nigaroni-az-oghozi-ijroi-qonuni-din.html
-
04.09.2026 00:51
507
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
741
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
02.09.2026 01:09
622
Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+
-
08.05.2026 19:24
652
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
631
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
630
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
474
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
334
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
278
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
586
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1198
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1128
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
285
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
351
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
477
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
402
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
345
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
275
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
580
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
407
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
269
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
457
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
355
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
316
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
811
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2178
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2340
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
496
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2305
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1382
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
389
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
314
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
410
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
366
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
426
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
442
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































