ОСИЁИ МАРКАЗӢ: КӢ МУХОЛИФ ВА КӢ ПУШТИБОНИ "РОҒУН"?
Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷомеаи мадании кишварҳои Осиёи Миёна хост, натиҷаҳои санҷиши тарҳи Роғунро баррасӣ кунанд. Ба ин нишаст, ки рӯзи 19-уми май дар намояндагии минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир мегардад, намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои ҳавзаи ин нерӯгоҳ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон) даъват шудаанд.
Бо назардошти ҳассосияте, ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар кишварҳои минтақа ба вуҷуд овардааст, Бонки Ҷаҳонӣ тасмим дорад то кӯмакҳои худро аз ҷумла дар бахшҳои фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии ин тарҳ ироа намояд. Ба ин манзур Бонки ҷаҳонӣ ду гурӯҳи мустақили мутахассисонро ба ин кор сафарбар намудааст.
Интизор меравад, дар нахустин нишасти намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои ҳавзаи Омӯ, нахустин маълумоти таҳиянамудаи ин гурӯҳҳо баррасӣ шавад. Намояндагони ин гурӯҳҳо пажӯҳишҳои худро тақдими ҳозирон намуда, пешниҳодҳои ироашударо мавриди таҳлилу пажӯҳиш қарор медиҳанд.
Бонки Ҷаҳонӣ, ки пули арзёбии муҳитизистӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро мепардозад, бо тамоми кишварҳои минтақа пеш аз шурӯъи арзёбии мазкур ва ҳам арзёбии фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи Роғун бо машварат анҷом додааст, то дидгоҳҳои онҳоро ҳам ба инобат бигирад. Бонки мазкур хулосаҳои машваратҳоро дар як санади бештар аз 60 саҳифагӣ нашр кардааст, ки дар матбуоти Тоҷикистон ва минтақа аслан надидаем. Ҳоло як ба як мебинем, ки Туркманистону Қазоқистон, Ӯзбакистону Қирғизистон ва Афғонистон доир ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун чӣ андеша доранд, тарафдоранд ва ё мухолиф, мулоҳизаташон ҳам чист?
УЗБАКИСТОН, МУХОЛИФИ САРСАХТИ РОҒУН
Мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст. Барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ ларзонаке интихоб кардаанд, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд, намак дар таркиби обро зиёд мекунад. Муҳандисони тоҷик ба он андоза ботаҷриба нестанд, ки битавонанд, як чунин нерӯгоҳи бузургро мудирият кунанд ва дар сурати фалокат қодир ба рафъи зуди паёмадҳои он бошанд.
Дар сурати коҳиши маҷрои об ба гуфтаи коршиносони ӯзбак, солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Ва дигар ин, ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.
ТУРКМАНИСТОН, ТАРАФДОР, ВАЛЕ БО МУЛОҲИЗОТИ ХУД
Аммо Туркманистон, ки дар масъалаи Роғун, ихтилофоти ошкоре нишон надодааст, дар машваратҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, Тоҷикистон ҳақ дорад, ба хотири беҳбуди зиндагии мардум аз захираҳои обиаш истифода кунад. Вале бояд ҳукумати Тоҷикистон тазмин бидиҳад, ки дар сурати бунёди садди Роғун, маҷрои об ба он кишвар кам намешавад.
Аҳдномаи соли 1992 дар мавриди баҳрабардорӣ аз захираҳои об дар Осиёи Марказӣ риоят мешавад ва ба вазъи муҳити зист дар кишварҳои поёноб зиён намебинад. Туркманистон ҳамчунин нигарон будааст, ки нерӯгоҳи Роғун, ки аслан барои танзими об дар Осиёи Марказӣ пешбинӣ шуда буд, барои тавлиди нерӯи барқ истифода хоҳад шуд.
ҚАЗОҚИСТОН ТАРАФДОР
Дар Қазоқистон зоҳиран нигаронӣ камтар аст, дар машваратҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ сӯҳбати зиёде нашудааст. Ба эътиқоди давлати Қазоқистон беҳтар аз аст, ки дар тарҳҳои Роғун ва нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистон ҳамкорӣ кунанд, то ҳамоҳангсозии беҳтар ба даст ояд. Қазоқистон ҳамчунин мойил будааст, то бо шабакаҳои гуногуни интиқоли нерӯи барқ бо Қирғизистон ва Тоҷикистон васл шавад.
ҚИРҒИЗИСТОН БО ДУ ДАСТ СӮИ БОЛО ТАРАФДОР
Давлати Қирғизистон тарафдори бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ки ба гуфтаи онҳо дар танзими маҷрои об дар минтақа ва шабакаи ягонаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард. Ба эътиқоди давлати Қирғизистон, бояд Узбакистону Туркманистон низ ба тарҳи бунёди Роғун ҷалб шаванд, зеро он ба манфиати тамоми тарафҳо хоҳад буд.
Коршиносони қирғиз ҳамзамон тавсия додаанд, то тарҳҳои бунёди хатҳои баландшиддати Датка-Роғун, Датка-Кемин сохта шаванд, ки нерӯи барқи Тоҷикистонро ба Қирғизистон интиқол хоҳанд дод ва ҳам роҳе барои интиқоли нерӯи барқи Қазоқистону Қирғизистон ба Покистон хоҳанд шуд.
АФҒОНИСТОН ҲАМ БО ТОҶИКИСТОН АСТ
Дар машваратҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо намояндагони давлати Афғонистон, аксарият дар маҷмӯъ аз тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳимоят кардаанд. Ҳамчунин онҳо ба зарурати бунёди нерӯгоҳҳои бузурги муштарак бо Тоҷикистон дар рӯдхонаи Панҷ дар оянда таъкид кардаанд.
"РОҒУН ХАТАРЕРО ДАР ПАЙ НАДОРАД"
Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнергетика аз Русия гуфтааст, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст ва ин тарҳ боэътимод аст ва дар ҳолати зилзила хатареро дар пай надорад.
Бино ба мувофиқатномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, пас аз анҷоми тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ, ин бонк барои ҷалби сармояҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун консорсиуми байналмилалӣ ташкил хоҳад кард ва ба ин тарҳ ширкатҳои маъруфи энергиро ҷалб хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин нерӯгоҳ корҳои барқароркунӣ идома дорад ва давлат барои иҷрои он маблағи 850 миллион сомонӣ дар соли ҷорӣ ихтисос додааст.
Зимнан, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, тавони нерӯгоҳи Роғун се баробари тавони нерӯгоҳи атомии сохтаи Русия дар Бушаҳри Эрон аст ва дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.
Тоҳири Сафар, «Озодӣ»-
30.07.2026 11:01
415
Мулоқоти Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон
-
26.07.2026 12:30
536
Истиқлол ва Ваҳдат: Ду боли парвози Тоҷикистон ба сӯйи қуллаҳои ҷаҳонӣ
-
23.07.2026 12:56
411
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
-
06.05.2026 14:20
565
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
576
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
663
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
08.04.2026 13:06
665
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
-
15.03.2026 21:05
446
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1186
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
11.07.2026 11:51
448
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1080
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
985
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
25.07.2026 12:56
509
Истиқлолияти давлатӣ – заминаи рушди соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ
-
21.07.2026 14:28
489
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
-
17.07.2026 15:54
428
“Садамаҳои нақлиётӣ – проблемаи рӯз!”
-
24.07.2026 12:30
725
Мусоҳибаи тахайюлӣ: Он рӯз, ки Султони Ҳамад бо Аҳмад Зоҳир вохӯрд
-
14.06.2026 14:44
666
САДОИ ҶОВИДОНИ БУЛБУЛИ ШАРҚ: ДАР ДУШАНБЕ 80-СОЛАГИИ АҲМАД ЗОҲИРРО ТАҶЛИЛ НАМУДАНД
-
18.05.2026 19:35
361
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
07.07.2026 12:23
316
Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Русия дар соҳаи меҳнат
-
22.12.2025 20:26
1164
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
1079
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
28.02.2025 13:34
2496
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2573
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3595
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
686
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2061
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2208
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
2199
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1266
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1152
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
28.07.2026 11:18
285
Чемпионати ҷаҳонии соли 1962
-
21.07.2026 14:07
344
Чемпионати ҷаҳонии соли 1958
-
20.07.2026 18:07
219
Ҷоми ҷаҳон 2026 ҷаҳонро муттаҳид кард
-
03.08.2026 10:28
312
Чеҳраҳои мондагор: Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ
-
01.08.2026 11:28
342
Фермаҳои амудӣ: Кишоварзӣ дар даруни баландошёнаҳо
-
30.07.2026 11:10
404
Айнакҳои AR: Оё смартфонҳо ба зудӣ аз байн мераванд?











































Шарҳҳо
RSS Обуна