БАҲСИ РОҒУН ДАР ДОЛОНҲОИ СОЗМОНИ МИЛАЛ
Узбакистон дар ростои Форуми ҷаҳонии об масъалаи Роғунро доғтар мекунад. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, Сироҷиддин Аслов, дар номае ба унвони Дабири кулли Созмони Милал, дурустии як санади марбут ба истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказиро, ки аз тарафи ҳайати Узбакисатон дар Маҷмаи умумии СММ паҳн шудааст, зери суол гузошт ва дар муқобили он хост, далелҳои тарафи Тоҷикистон низ ба аъзои Маҷмаи Умумии Созмони Милал расонда шавад.
Ин санади тарафи Узбакистон бо номи “Захираҳои об – асоси рушди пойдор ва пешрафти оянда” ба намояндагии кишварҳои узви Созмони Милал тавзеъ шудааст. Дар номаи намояндаи Тоҷикистон гуфта мешавад, дар санади интишордодаи намояндагии Узбакистон вазъи истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба таври нодуруст қаламдод шуда, дар баёни натиҷаҳои конфаронси Тошканд, ки 12-ум ва 13-уми май баргузор шудааст, таҳриф ва пешдоварӣ роҳ ёфтааст. Дар номаи ҷавобӣ, ки намояндаи Тоҷикистон нашр ва баррасии онро дар Созмони Милал тақозо мекунад, шарҳи мавзӯъ аз нигоҳи Тоҷикистон қаламдод шудааст.
Бо имзои намояндаи доимии Узбакистон дар Созмони Милал, Мурод Аскаров, рӯзи 17-уми июн ба ҳамаи 192 намояндагии кишварҳо дар СММ санаде тақдим шуд, ки дар он Узбакистон бори дигар эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро хамирмояи фоҷиаи нави зистмуҳитии Осиёи Марказӣ номидааст.
Дар нома гуфта мешавад, ки рӯзҳои 12 ва 13-уми май дар Тошканд бо ширкати густардаи намояндагони ниҳодҳои байнулмилалӣ ҳамоише баргузор гашт, ки як зинаи омодагӣ ба Форуми ҷаҳонии об дар моҳи марти соли 2012 дар Марсели Фаронса унвон гаштааст. "Дар конфаронс 350 коршинос, олимони машҳур, экологҳо ва мутахассисони риштаи обу энержӣ аз 32 кишвар ва ба намояндагӣ аз 30 созмони байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молияӣ, ба ҷумлаи СММ ва бунгоҳҳои он ширкат карданд."
Муаллифони нома, сипас афзудаанд, ки ширкаткунандагони ҳамоиш аз мавзеъгирии Узбакистон дар масъалаи истифода аз захираҳои оби миинтақа ҳимоят кардаанд. Дар идома аз нав коҳиши об дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва ҳақ надоштани кишварҳои болооб ба тағйири маҷро, фоҷиаи Арал ва ниҳоят сохтмони нерӯгоҳи Роғун зикр ёфтааст, ки ба ақидаи муаллифон, ҳам аз лиҳози зистмуҳитӣ ва ҳам ба иллати эҳтимоли зилзилаҳои шадид дар минтақа як меҳвари офат шумурда шудааст.
Дар хотима гуфта шудааст, ки ширкаткунандагони конфаронси Тошканд дар Эъломияи ниҳоии худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ширкаткунандагони Форуми ҷаҳонии об дар соли оянда даъват кардаанд, то барои ҳифзи мувозанати экологӣ дар Осиёи Марказӣ мусоадат кунанд. Дар ин номаи ҷавобии Намояндагии Тоҷикистон дар СММ, аз ҷумла зикр шудааст, ки бо дар назардошти тағйири иқлими ҷаҳонӣ ва коҳиши захоири об, ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба ин мавзӯъ аҳамияти бештар медиҳад ва дар ин росто кишвари Тоҷикистон як идда аз қатъномаҳои СММ, аз ҷумла қатъномаи «Об барои ҳаёт-2005-2015»-ро поягузорӣ намудааст, ки ба таври дастаҷамъи дар ин ниҳоди бонуфуз ба тасвиб расидаанд.
Дар банди дигари ин нома бо ишора бо сарчашмаҳои об дар саросари ҷаҳон зикр шудааст, беш аз 260 рӯдхона аз қаламрави ду ё аз ин бештари кишварҳои убур мекунанд ки масоҳати 45 дарсади заминҳои қобили кишт ва 40 дарсади аҳолӣ дар он ҳавза зиндагӣ мекунанд. 145 кишвари дунё рӯдхонаҳои фаромарзиро доро ҳастанд ва ниёз ба танзмими дурусти захоири об доранд, ки дар ҳолати адами риояти он, паёмадҳои ногувореро дар пай хоҳад дошт. Суботу ороми дар бисёре аз кишварҳо ба истифода ва тақсими дурусти захоири об вобастагӣ дорад ва дар бисёре аз кишвар ҳамкориҳои судманд ба нафъи тарафайн ва рушди онҳо тамом шудааст.
Аз ҷумла зикр шудаааст, ки минтақаи Осиёи Миёна низ дар ин росто истисно нест ва кишварҳои минтақа дар истифодаи оби рӯдхонаҳои Омударё ва Сирдарё ва якчанда рӯдхонаҳои фаромарзӣ шарик ҳастанд ва онро бо ҳам истифода мебаранд ва бидуни ҳамкориҳои муносиб дар ин замина пешравие ҳосил нахоҳад шуд ва хусусан агар дар тақсими ин захираҳо каму бешиҳое вуҷуд дошта бошад.Дар ин замина ҳанӯз 18-уми феврали соли 1992, чаҳор кишвари ҳавзаи дарёчаи Арал санадеро ҷиҳати тақсими дурусти захоири об дар Алмато- пойтахти Қазоқистон ба имзо расонида буданд. Ҳамзамон дар соли 1993 тавассути сарони кишварҳои минтақа барои наҷоти Бунёди байналмилалӣ ҳифзи Арал таъсис ёфт.
Дар ин нома омадааст, ки кишварҳои минтақа дар нимаи дуввуми садаи бистум бо хушкшавии дарёчаи Арал, шоҳиди бӯҳронҳои зистуҳитӣ будааст. Бар асари коҳиши об дар рӯдхонаҳои Омӯдарё ва Сирдарё, баҳри Арал қисман хушк шудааст. Дар раддияи намояндагии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Узбакистон беш аз нисфи заминҳои корами минтақаро дорост ва 60 дарсади захоири оби минтақаро истифода мебарад. Дар замони шӯравӣ солона ҷиҳати ҳифзи Арал, ҳаққи ҷудогонаи об аз ҳисоби ин ду рӯдхонаи бузург ҷудо шуда буд, ки ба ин баҳр мерехт.
Дар нома гуфта мешавад, ки тақсими об дар ҳавзаи баҳри Арал ҳанӯз ба ҳамин асос сурат мегирад. Ба маълумоти Комиссияи ҳамоҳангии тақсими обҳои Осиёи Марказӣ, аз соли 1992 то соли 2010 миқдори 258 миллиард мукааб метр ё миқдори 14,3 миллиард мукааб метр ба баҳри Арал ва минтақаҳои атрофи он дода шудааст. Ба гузориши ин комиссиюн, ин миқдори оби сарозершуда, ду баробар аз нақшаи пешбинишудаи оби Тоҷикистон ба баҳри Арал мебошад.
Дар нома зикр шудааст, бинобар ҳамин Тоҷикистон аз ҳаққи худ кам нахоҳад омад. Чун баҳри Арал бинобар истифодаи номуассир об кишзорҳои дар иддае аз кишварҳои поёноб, хусусан Узбакистон миқдори зиёди обро дастрас намекунад. Дар се соли ахир нисбат ба замони шӯравӣ рехтани об ба баҳри Арал коҳиш ёфтааст. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки танҳо 20 дарсади об самаранок истифода шуда ва боқӣ 80 дарсади он нопадид мешавад.
Дар ин нома ишора ба баъзе обанборҳои бузург дар Узбакистон чун Айдаркул-Арсанай ва Сариқамиш мешавад, ки миқдори оби мавҷудаи онҳо бо оби дар ҳоли ҳозир вуҷуд дошта дар баҳри Арал баробар мебошад. Дар бахши дигари ин нома ишора ба паёмадҳои зистмуҳитии хушкшавии баҳри Арал ишора шудааст, ки бар он солона ҳазорҳо тонна намак бар асари шамолу бод ба атроф пароканда мешавад. Ин амр паёмадҳои ногувори зистмуҳитиро дар пай хоҳад дошт.
Дар номаи ҷавобии ҷониби Тоҷикистон аз он тааҷҷуб карда шудааст, ки мутаассифона ин ҳама ба тарҳҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон рабт дода мешавад. Ҷониби Тоҷикистон зимни ин нома барои бурунрафт аз бӯҳрони Арал, ки тобиши сиёсӣ гирифтааст, пешниҳод кардааст, ки баъзе аз кишварҳо бояд на танҳо истифодаи обро дар заминҳои коҳиш диҳанд, балки хоҳиши сиёсии ҳалли ин мушкилро дошта бошанд. Тоҷикистон дар ин росто пешниҳод кардааст дар зери чатри Созмони Миллал тақсими мантиқии захоири об дар минтақа сурат бигирад.
«Озодӣ»-
06.11.2026 17:09
176
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия
-
04.11.2026 11:40
108
Душанбе — маркази сулҳ: Ҳамоиши таърихии СММ барои ояндаи наслҳо
-
30.10.2026 13:02
110
Дипломатияи созанда дар Минск: Тадбирҳои нави Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани тавофуқоти олии ИДМ
-
16.10.2026 13:18
736
Рӯзгори синамои тоҷик: аз «Қисмати шоир» то муваффақиятҳои байналмилалии имрӯз
-
14.09.2026 04:00
392
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
892
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
04.11.2026 11:44
85
Энергетикаи асри нав ва рӯзгори рақамӣ: Иштироки Тоҷикистон дар ҳамоишҳои нафту гази ҷаҳон «ADIPEC-2026» дар Абу-Забӣ
-
30.10.2026 12:50
228
Сармоягузории 62 миллион евроӣ ба рӯзгори мардум: Навсозии роҳи Сари Хосор ва оби тоза барои Кӯлоб
-
28.10.2026 17:41
121
Тандеми бонкҳои Тоҷикистон ва ширкати «Textima»-и Олмон барои рушди саноати ватанӣ
-
25.10.2026 20:01
377
Бахши «Мусоҳибаҳо»-и сомонаи «Рӯзгор»: оинаи зиндагӣ ва таҷрибаи наслҳо
-
19.10.2026 12:09
284
The Belfast News Letter: Рӯзномае, ки аз нома то афсона расид
-
12.10.2026 00:59
543
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
01.11.2026 23:29
144
Оё вожаҳои тоҷикӣ решаи ибрӣ ва оромӣ доранд? - I
-
01.11.2026 11:37
114
Чӣ тавр кӯдакро аз зуком ва бемориҳои мавсимӣ муҳофизат кунем?
-
30.10.2026 13:00
100
Амнияти марзҳо ва иқтисоди рақамӣ: Душанбе меҳвари муборизаи глобалӣ бо қочоқи маводди мухаддир ва силоҳ дар фазои ИДМ
-
30.10.2026 12:55
211
Пешниҳодҳои таърихии Тоҷикистон дар Форуми маорифи Осиёи Марказӣ дар Тошканд
-
28.10.2026 18:00
117
Маърифати инсон дар оинаи афкори Мавлоно: Ҷойгоҳи ахлоқи ҷовидонаи Балхӣ дар рӯзгори рақамӣ
-
28.10.2026 17:57
110
Маърифати рӯзгор дар саҳифаҳои дурахшон: «Корвони китоб-2026» ба минтақаи Кӯлоб ҳазорон ганҷи ройгон овард
-
23.10.2026 12:43
372
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
-
02.10.2026 13:53
404
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
392
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
12.10.2026 01:06
465
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
418
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
665
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
25.10.2026 19:56
193
Зан - роҳбар: Мушкилоти мувозинат байни кор ва оила
-
14.10.2026 23:09
819
Ҳифзи ҳуқуқи зан ва пойдории оила: Роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва талоқ
-
14.10.2026 12:21
403
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
12.08.2026 23:15
1131
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
687
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2519
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
25.10.2026 19:41
179
ҶҶ 2018: Пирӯзии дуввуми Фаронса дар сарзамини Русия
-
21.10.2026 22:04
694
Мактаби дипломатияи Тоҷикистон дар Женева: Ошноии донишҷӯёни аврупоӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии Душанбе
-
19.10.2026 12:04
406
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
01.11.2026 11:24
101
5 қоидаи тиллоӣ: Чӣ тавр ҳамёни электрониро аз қаллобон муҳофизат кунем?
-
19.10.2026 12:07
409
Искандари Мақдунӣ офарандаи империяи ҷаҳонӣ
-
14.10.2026 23:13
567
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон











































Шарҳҳо
RSS Обуна