04:16:06 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»

«ИмрӯзNews» дар шумораи нахустини худ (30.08.10) дар мусоҳибаи кӯтоҳе бо Манижа Давлат, овозхони маъруф, муждаи бо суруди «Ай Ватан» ба саҳнаи мусиқӣ баргаштанашро ба мухлисони сершумораш расонда буд. Хабари мазкур, ба хусус таронаи «Ай Ватан», ки аз тариқи радиои «Имрӯз» такрор ба такрор тӯли ин рӯзҳо  пахш мегардид, дар як муддати кӯтоҳ вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Аксаран  онро яке аз беҳтарин сурудҳои Манижа Давлат хонданд. 

Видеоклипе, ки бо истифода аз аксҳои Манижа Давлат дар асоси ин тарона аз тарафи кормандони сомонаи «Рӯзгор» таҳия шудааст, сертамошобинтарин видеоклипи овозхонҳои тоҷик дар ҳафтае, ки сипарӣ шуд, ба ҳисоб меравад. Онро дар муддати як ҳафта беш аз 1100 нафар алоқамандони садои ин овозхони шинохта аз тамоми гӯшаву канори дунё тариқи торнома тамошо карда, бархе аз ин бозгашт ва таронаи нави Манижа ибрози хурсандӣ намуда, андешаҳои худро дар ҳошияи ин хабар навиштаанд. 

Ва аммо дар айни ҳол дар ҳафтаномаи «Зан ва мард» рӯзи 07.09.10 овозхони ҷавоне бо номи Гулрӯ Табарова таҳти унвони «Манижа, дигар дурӯғ нагӯ» ин овозхони маъруфро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кардааст. Ба қавли Табарова оҳанги суруди мазкур, на эҷоди Манижа Давлат, балки моли Бахтиёри Бегиҷон ном танзимгаре будааст ва матни шеър низ бархилофи гуфтаи Манижа аз эҷодиёти даҳанакии халқ набуда, балки маҳсули тафаккури як шоири муосири афғон бо номи Абдуманнони Ҳамдил мебошад. 

 Чун дар навиштааш Гулрӯ Табарова аз мусоҳибаи дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» намудаи Манижа Давлат ёдовар шудааст, мо лозим донистем, ки бори дигар ба Манижа Давлат муроҷиат карда, фикри ӯро дар бораи ин қазия пурсон шавем. 

-Бо арзи салом Манижабону. Оё аз навиштаи овозхони ҷавон Гулрӯ Табарова дар ҳафтаномаи «Зан ва мард», ки Шуморо ба  дурӯғгӯӣ муттаҳам кардааст, хабар доред? 

-Бале, хабар дорам. 

- Нахуст мехостам бифаҳмем, ки чунин як овозхонеро Шумо мешиносед ва оё гуфтаҳои ӯ ҳаққанд? 

- Бале, чунин овозхонро мешиносам. Вале ончи ӯ навиштааст, мулоимтар карда бигӯем, аз ҳақиқат дур аст. Ҳақиқат он аст, ки ман дар мусоҳибаам бо рӯзномаи шумо гуфта будам. Яъне оҳанги суруди «Ай Ватан»  маҳсули эҷоди ман аст. Бахтиёри Бегиҷон, ки танзимгари хуб аст ва ман ҳурматаш мекунам, онро такмил дода буд, яъне ба қавли ҳунармандони имрӯза «оранжировка» карда буд. Ман ин оҳангро тақрибан як сол қабл ба Гулрӯ Табарова барои сурудан дода будам. 

Рости гап, интизор доштам, ки Гулрӯхон сурудро тарзе мехонад, ки ба шунавандаи сершумор писанд меояд. Ман ба назар нагирифта будам, ки барои сарояндае, ки овозхониро нав-нав шурӯъ мекунад, хондани ин суруд камтар вазнинтар аст. Аз ин рӯ барои ин ки суруд «хоб накунад» ман худам низ онро иҷро кардам. Устоди ман Зикруллоҳ Ҳакимов бароям оҳангҳои зиёде эҷод намудааст. Имрӯз аксари ин оҳангҳоро худи ӯ низ мехонад. 

Ман ҳақ надорам бигӯям, ки чаро ӯ ин корро мекунад. Аз сӯйи дигар суруд дар бораи Ватан аст. Бигузор онро Гулрӯ бихонад, ман бисароям, дигарон бихонанд. Ватан аз ҳамаи мост. Бубинед, суруди «Қасам»-ро аз хурд то калон мехонанд. Касе нагуфтааст, ки чаро онро ҳама мехонанд. Сурудҳои маро имрӯз дар Афғонистон ҳам мехонанду дар Эрону Покистон ҳам. Масалан, Меҳрдоди эронӣ суруди «Ёри рафта боз омад»-ро аз тариқи шабакаи телевизиони байналмилалии Перс-ТВ мехонад. Як зани дигар суруди «Чӣ мешуд азизам»-ро бо як клипи хеле диданӣ вориди албоми тозаэҷоди худ кардааст. Шабнами Сурайё суруди «Гардаму гардам»-ро мехонад. 

Ман аз ин ифтихор мекунам, ки овозхонҳои номӣ сурудҳои маро месароянд. Хоҳари азизам Гулрӯхон, ин гуфтаҳои ман маънои онро надоранд, ки ман бо Шумо ҳамкориро қатъ карданӣ ҳастам. Агар  хоҳиш дошта бошед, ман сурудҳои зиёде дорам, ки мувофиқи садои Шумо ҳастанд ва ман онҳоро ба Шумо тӯҳфа мекунам.  

-Дар бораи муаллифи матни суруд чӣ мегӯед? Шумо онро моли эҷодиёти даҳанакии халқ гуфта будед, вале Гулрӯ Табарова далел пеш меорад, ки он моли шоири муосири афғон Абдуманнон Ҳамдил аст? 

-Ҳарчанд Гулрӯхон мегӯяд, ки ин шоир шеърашро бевосита ба ман додааст, вале бояд бигӯям, ки ман ин шоирро надидаам ва намешиносам. Ман аз сабаби он, ки муаллифи шеърро намедонистам ва он пеш аз он ки суруд шавад, хеле ҳам таҳрир хӯрда буд, онро дар сӯҳбат бо шумо моли халқ гуфтам. Агар баъди даровардани чунин тағйиротҳои ҷиддӣ бародари гиромӣ, оқои Ҳамдил даъво кунад, ки шеър ҳанӯз ҳам моли ӯст, ман бо ӯ мухолифат нахоҳам кард. 

БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТ

Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3102---l---r.html



Шарҳҳо   

 
+5 #29 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 17.08.2012 12:45
касе ки манижаро паст мезанад авал ба худаш назар кунад ки чи бехбуди дар хаёташ кардааст чи хизматащ расидааст агар не пас у аз хамон точикхои чубчадор мебошад1
 
 
+3 #28 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 29.06.2012 00:31
Салом апаи манижа ман мехохам ки шумо хар чи зутар бар як саволи ман чавобгардонед.
хами суруди падар ду кисм иборат хаст чаро шумо як кимашро баровардеду дигарашро набаровардед
 
 
+3 #27 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 27.06.2012 18:09
Салом апаи Манижа Ман яке аз мухлисони шумо мебошам ва хоиш дорам ба сахна баргадед мо интизорем сурудхои навишуморо гуш кунем ва ба гулру гуфтанихам ки илтимоc пул даркор бошад ман медихам вале ту хофизира парто ту зеби сахнаи точик надори ва ба он писар ки пушти гулруро гирфтахаст мегуяам ки илтимос пушти ин моро нагир ки мегазата хофизе ки худ овоз надорад пас мезанд дигронро чигуна ту пушти мегири гулру агар аз бешат гузарам буи наски мекуни бо зиди Апаи манижа меброи
 
 
+3 #26 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 10.06.2012 15:15
Салом апаи Манижа ман ба Шумо гуфтаниам:
Гар хирадманд аз авбош Чафое бинад,
То дили хеш найёзораду дархам нашавад.
Санги бекиммат агар косаи зарин шиканад,
Киммати санг найафзояду зар кам нашавад.
Ба Гулру гуфтаниам:
Чашмаи хушкидаи миннат ба дарё мекуни,
Мурдареги сарзаниш бо оби тилло мекуни?
 
 
+4 #25 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 25.05.2012 12:38
Салом Манижабону зиндаги мубориза аст Вакте аз мубориза даст мекашед марг фаро мерасад гуфта буд Хоконии Бузург. Бароед ба сахна агар хохишатон бошад истеъдоде ки Худованд ба Шумо додааст махваш накунед.Мо мухлисонатон умедворем ки сахнаи Точик боз Шуморо бо кафкубихои бардавом интизор аст
 
 
+8 #24 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 02.10.2011 23:42
Гули аблах худат ягон суруди бо маъни надори боз аз кафои Манижа габ мезани рав дар ягон чой сурудхониро ёд бигир ва аз кафои дигархо габ назан кам кам либосхои миллиро хам бабар кун.....
 
 
+7 #23 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 20.08.2011 14:29
Салом апаи Манижа ман мухлиси ашадии шумо хастам. Рости он садову хусне ки шумо доред ягон фарди дигар дошта наметавонад.Хох иш мекунам ба сахнаи точик бароед. Мухлисонатон шуморо интизор аст.
 
 
+9 #22 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 04.08.2011 13:30
Раҳмат апаи Манижа, ки бо одоб суҳбат кардед. Ман гуфтаниам, ки кишвари мо ба касе ниёз дорад, ки дар фикри обод карданаш бошад,на ҳофиз!!!!!
 
 
+9 #21 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 18.07.2011 15:38
Ман шахрванди ш Душанбе.Илова бар ин ки ман мегуям ки хамин Манижа набуд хело ва хело санъати точик хубтар буд.Хохиш мекунам ки набаро ба санаи точик.Холо мо хаминхояшонро гум кардани хастем ба мо инкадар хофизи бисёр дар кор нст.
 
 
+7 #20 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»Guest 22.06.2011 01:40
odami xushru xushguftoru xushraftorast.x udo bgira odami bezeba guftoru raftor nadorad.sikai tojikish manijabonura yak davlatu obu rui tojikon ast.salavot ba paigambarmon bixon.salavotxo nora izo bte.shumo metonen.boshi salomat o mo xoharjon.....
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi