Хазина аз
СЕ МАВРИДИ ХУДКУШӢ ДАР АРТИШИ ТОҶИКИСТОН
Хабар
12.04.2011 22:37
1844
Як мақоми додситонии низомии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар артиши ин кишвар се мавриди худкушии сарбозон рух додааст. Ҳабибуллоҳ Саидов, муъовини додситони низомии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба ду ҳодиса, парвандаҳои ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онҳоро кормандони додситонӣ анҷом медиҳанд.
МАШВАРАТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ВА АМРИКО БАРГУЗОР ШУД
Сиёсат
12.04.2011 22:34
1291
Даври дуввуми машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико дар Душанбе ба охир расид. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хоричии ин кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ ...
ДОДСИТОНИ КУЛЛ: ДАР РОБИТА БА АТОВУЛЛО ПОСУХ НАГИРИФТАЕМ
Сиёсат
12.04.2011 18:41
1554
Додситони кулли Тоҷикистон зимни матраҳ кардани масоили истирдоди зиндониёни тоҷикистонӣ аз Русия гуфт дар мавриди истирдоди Додоҷони Атовулло рӯзноманигори мунтақиди давлат аз ҷониби ниҳодҳои Русия посух дарёфт накардааст.
ИМА ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОНРО САРМОЯГУЗОРӢ МЕКУНАД?
Хабар
12.04.2011 18:36
1831
Ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, баъд аз мулоқот дар ҷамъи хабарнигорон гуфт ...
ЮРИЙ ГАГАРИН, ФАЗОНАВАРДЕ БО РӮҲИ ШОИРОНА
Равзана ба ҷахон
12.04.2011 18:32
1236
Аз он лаҳзае, ки Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард, ба як устураи зинда ва гули сари сабад табдил ёфт. Аммо барои хонаводааш, ӯ як рӯҳи шоиронае буд, ки ба Пушкин ва "шоҳзодаи хурдакак" ишқ меварзид.
ҲУКМИ ИСТИРДОДИ НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ АЗ МАСКАВ
Хабар
12.04.2011 18:30
3062
Додгоҳи шаҳри Маскав ба дархости Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Низомхон Ҷӯраев посухи мусбат дод. Ба ин тартиб додгоҳи Русия қарори Додситонии кулли ин кишварро барои истирдод дуруст шуморид.
65 ПАРВАНДАИ "ЗАМИНФУРӮШӢ" ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Хабар
12.04.2011 18:28
2047
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ 65 парвандаи ҷиноӣ дар қиболи афроде, ки дар масоили фурӯши замин ва истифодаи ғайримуассир аз он ба қонуншиканӣ даст задаанд, боз шудааст.
ДАРХОСТИ БОЗДОШТИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО
Хабар
12.04.2011 14:01
2081
Додситонии кулли Тоҷикистон бори дигар хостори боздошти Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор" шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, мегӯяд, бо ин мақсад дархости расмии наве ба мақомоти Русия ва дигар кишварҳои марбута ...
МУҲОКИМАИ ФАРЗАНДИ БОБОХОНОВ БА ТАЪВИҚ УФТОД
Хабар
12.04.2011 13:58
1742
Оғози муҳокимаи Файзулло Бобохонов, писари додситони кулли пешини Тоҷикистон, ба таъвиқ уфтод. Қарор буд рӯзи сешанбеи 12 апрел муҳокимаи оқои Бобохонов дар Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шавад.
ЯКЕ АЗ БИНОҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД ОТАШ ГИРИФТ
Хабар
12.04.2011 13:56
1741
Субҳи рӯзи сешанбеи 12 апрел дар сохтмони факултети санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғаффуров оташсӯзии бузурге ба амал омад. Ин бино, ки дар хиёбони ба номи Фирдавсӣ, дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ҳудуди соъати 8:30 субҳ оташ гирифт.